Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Юнона Суздалро тасхир намуд

Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон скрипканавози ҷавону боистеъдод Юнона Мирзоева - хонандаи синфи 6-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ барои сайқал додани маҳорати навозандагиаш дар 26-умин Мактаби байналмилалии эҷодии тобистонаи «Новые имена», ки ҳамасола дар шаҳри қадимаи Суздал баро мегардад, фиристода шуд.

Юнона ҳангоми таҳсили дуҳафтаинааш дар мактаби мазкур дар назди педагоги ҷавону боистеъдод Маевский Алексей Викторович аз рӯи ихтисос ва аз рӯи ансамбли камеравӣ аз артисти хизматнишондодаи Россия, профессори Консерваторияи ба номи П.И.Чайковский Готсдинер Михаил Аронович таълим гирифт.

Боиси ифтихор аст, ки Юнона Мирзоева дар қатори беҳтаринҳо сазовори даъватнома ба 27-умин Мактаби эҷодии тобистонаи «Новые имена» дар соли 2019 гардид. Вай дар консерти шуъбаи асбобҳои торӣ баромад карда, ҳамчунин дар консерти ансамбли камеравӣ бо лауреати як қатор озмунҳои байналмилалӣ скрипканавози ҷавони беларус Анастасия Иодо ва пианинонавоз аз Челябинск Юлия Морозова оҳанги «Сарабанд»-и А Кореллеро навохта, аз рӯи ин номинатсияҳо сазовори се Дипломи иштирокчии Мактаби эҷодии тобистонаи «Новые имена» дар Суздал гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2004 аввалин иштирокчии Мактаби эҷодии тобистона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандаи синфи 9-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев, виолончелнавози боистеъдод Ҳасанова Марҷона гардида буд, ки аз профессори Консерваторияи ба номи П.И.Чайковский Селезнёв А.Н. таълим гирифт. Дар оянда Марҷона Консерваторияи Екатеринбургро аъло хатм намуда, дар Озмуни байналмилалии мусиқӣ сазовори Гран-При гардид. Айни ҳол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба шогирдон нозукиҳои мусиқиро таълим медиҳад. Соли 2005 дар Суздал хонандагони синфи 10-и мактаби мазкур пианинонавозон Давлатова Ситора ва Ниёзова Шахноза иштирок доштанд. Давлатова Ситора Консерваторияи Новосибирскро хатм карда, феълан дар он ҷо дарс медиҳад. Соли 2015 Мактаби эҷодии тобистонаро хонандаи синфи 10-и ҳамин мактаб виолончелнавоз Остонаев Фуркат гузашт ва баъдан вай дар ҳайати оркестри симфонии ҷавонони боистеъдод дар ҷашни 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва баромад намуд. Айни ҳол донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов аст ва дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ аз сози виолончел дарс медиҳад, инчунин дар ҳайати оркестри симфонии президентӣ кор мекунад.

Дар шаҳри қадимаи Суздали Федератсияи Россия тӯли чанд сол аст, ки Мактаби эҷодии тобистонаи «Новые имена» фаъолият мекунад, ки онро Фонди ҳамноми хайриявии ба номи И.Н. Воронова ташкил намудааст. Фонди «Новые имена» соли 1989 бо ташаббуси ходими хизматнишондодаи санъати Россия, Лауреати Мукофоти шаҳри Москва И.Н. Воронова, дар ҳамкорӣ бо Фонди фарҳанги Россия ва Ассотсиатсияи Фондҳои дунё ташкил шуда, ҳадафи асосии он ҷустуҷӯ ва дастгирии навозандагони ҷавону давлат, фарҳанг ва мактабҳои иҷрокунандагии гуногунро намояндагӣ мекунанд, мебошад. 

Яке аз чорабиниҳои ҳарсолаи Фонди «Новые имена» Мактаби байналмилалии эҷодии тобистона мебошад, ки аз соли 1993 инҷониб дар Суздал фаъолият мекунад. Мактаби эҷодии мазкур барои ташаккули ҳамаҷонибаи истеъдодҳои ҷавон шароит муҳайё мекунанд, ки тавассути он истеъдодҳои ҷавон имконияти шиносоӣ ва омӯзишро аз ходимони шинохтаи фарҳанг ва санъат, навозандагон ва шоирону рассомон доранд.

Мактаби эҷодии тобистонаи «Новые имена» дар Суздал ба ҷавонони соҳибистеъдод барои муваффақ шудани онҳо ба дастовардҳои баланди санъат имконият фароҳам меорад. Мактаби мазкур тайи солҳои фаъолияташ бештар аз шаш ҳазор наврасони боистеъдодро аз манотиқи гуногуни Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларусия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Изроил ва дигар давлатҳо фаро гирифтааст. Соли 2003 ба мактаби мазкур мақоми Курсҳои байналмилалии ЮНЕСКО аз рӯи таълими бадеӣ дода шуд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки таҳсил дар Мактаби байналмилалии эҷодии тобистонаи «Новые имена» Юнона Мирзоеваро ба фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ ҳидоят менамояд.