Сомонаи пешина | Яш, 19 Август 2018 | 01:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат

 

Дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он ректори донишкада, ноибони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.

Ба нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Идиев ҳусни оғоз бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ-эҷодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидории донишкада дар нимсолаи аввали соли 2018 маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, зикр намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада сохтори нав таҳия гардид, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг тасдиқ шуд. Тибқи сохтори нав якчанд кафедраи ҷадид, аз қабили бойгонишиносӣ, технологияи телевизион ва педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис гардид. Дар доираи татбиқи Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ризоияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети санъати мусиқии мардумӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар донишкада соли 2018 тибқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нави драматургия, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, низомҳои иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис дода шуданд.

Хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, вижагиҳои Қарордоди ҳамкорӣ байни ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои нав, шароити таҳсил, омодагӣ ба соли нави хониш ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.