Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии ҳайати дӯстии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Рӯзи сеюм аст, ки ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва намояндагони доираҳои иҷтимоию сиёсӣ, нависандагону шоирон қарор доранд.

Дар шаҳри Тошканд намояндагони Тоҷикистонро дар ҳавои пур аз меҳру муҳаббат бо самимияти хосса пешвоз гирифтанд. 

Бояд қайд кард, ки сафари ҳайати бузурги Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати дурандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имконпазир гардидааст. Сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз як иқдоми амалӣ ва муҳим баҳри густариш ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек гардида, ба ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии онҳо мувофиқат хоҳад кард.

Зимнан бояд тазаккур дод, ки ҳайати Тоҷикистон аз Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Тошканд дидан кард. Ин вохӯрӣ дар фазои фарҳангӣ ва эҷодӣ баргузор гардида, ҳамзамон Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигарон зикр намуданд, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таърихи умумӣ, дини ягона, умумияти фарҳангҳо, анъанаҳо ва расму оин ба ҳам пайваста, солҳои охир бо ташаббуси роҳбарони ҳарду давлат ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо густариш меёбанд.

Дар ин вохӯрӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстиву хайрхоҳона асрҳост, ки миллати тоҷику ӯзбекро бо ҳам пайваст намудааст. Ҳанӯз дар асрҳои миёна тавассути адибони бузурги классикамон Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ асоси ин ҳамгироиву дӯстӣ гузошта шудааст. Мардуми тоҷик аз эҷодиёти Мир Алишери Навоӣ бархурдоранд ва ашъори ӯро дар радифи бузургтарин классикони тоҷику форс азбар менамоянд. Ҳамзамон халқи ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва адабиёти тоҷикро қадр мекунанд. 

Мавриди зикри хос аст, ки дар Самарқанд муҷассамаҳои ҳарду нобиғаи халқҳои тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд, ки боғи истироҳатии воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди Душанберо ба номи Низомиддин Алишери Навоӣ номгузорӣ намоянд ва муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик дар боғи мазкур гузоранд. Ин иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар самти густариши равобити адабиву фарҳангӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тақвият хоҳанд бахшид.

Муҳокимаҳо дар шакли «мизи мудаввар», ки ба масоили тавсе ва таҳкими ҳамкории дуҷониба бахшида шудаанд, баргузор гардида, дар он филми ҳуҷҷатии «Зери осмони ягона» намоиш дода шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барнома ба шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд сафар карда, бо фаъолияти Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос шуданд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар рафти сафар аз маҷмааи Ҳазрати Имом низ дар пойтахти давлати дӯсту бародар дидан намуд.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»