Сомонаи пешина | Яш, 19 Август 2018 | 01:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо «Чароғи ҳидоят»

 

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози моҳи август то 20 ноябри соли 2018 бахшида ба ҷашни 26 – солагии Парчами миллии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо «Чароғи ҳидоят» баргузор мегардад. Озмуни мазкур дар ду давр баргузор гардида, даври аввали озмун дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 август то 14 октябр ва даври дуюми озмун аз 15 октябр то 20 ноябри соли 2018 гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақому манзалати китобхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ - техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар китобхонаҳо мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо «Чароғи ҳидоят» 24 ноябри соли 2018 дар рӯзи ҷашни Парчами миллии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ - тӯҳфа ва Дипломи дараҷаи якум, дуюм, сеюм, ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Н И З О М Н О М А И
озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» ба истиқболи ҷашни 26 - солагии Парчами миллии Тоҷикистон, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

1.Матолиби умумӣ
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи нави инкишофи худ- солимгардонии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва тафаккури нави демократӣ қадам гузоштааст, мақоми китобхонаҳо ҳамчун маркази фароҳамоварӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби маҷмӯи донишҳои инсонӣ дар бунёди ҷомеаи нав беш аз пеш меафзояд.
Китобхонаҳо бо тақозои вазифае, ки ба ӯҳда доранд бояд баҳри баланд бардоштани маънавиёту дониш, ташаккули ҳисси худшиносию ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор дода, тавассути захираи китобӣ ва чорабиниҳои гуногуни оммавӣ дар тарғибу дастраси умум гардонидани дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, мероси баландғояю гаронбаҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ саҳм гиранд.
Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №282, аз 2. 06.2011) бахшида ба таҷлили ҷашни 26 - солагии Парчами миллии Тоҷикистон, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷиҳати татбиқи банди 19 - и Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53, аз 9.02. 2016) баҳри боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти онҳо ҳамчун муассисаҳои иттилоотӣ, фарҳангию омӯзишӣ дар густариши маънавиёти мардум, бо мақсади ободонӣ ва ба талаботи замони истиқлолият мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи кори китобхонаҳо баргузор мегардад.
Озмун дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.
2. Мақсади озмун
Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақому манзалати китобхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ - техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар китобхонаҳо мебошад.
3. Вазифаҳои озмун
- муайян намудани сатҳу сифат ва самараи фаъолияти китобхонаҳо дар раванди татбиқи вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон;
- беҳтар намудани вазъи хизматрасонии китобхонаҳо ба аҳолӣ, баланд бардоштани мақом ва нақши китобхонаҳо дар раванди тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо;
- бо истифода аз технологияи нави иттилоотӣ ва шаклу услубҳои самарабахши тарғиби китоб ҷалб намудани нерӯи ақлонии мардум ба бунёдкориву созандагӣ, ташаккули ифтихори шаҳрвандон аз сарзамини хеш, дастовардҳои истиқлоли миллӣ, ҳисси эҳтиром ба якпорчагии Тоҷикистон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ;
- баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри ободонии китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо;
- боз ҳам беҳтар намудани мундариҷа ва сифати чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ;
- тарғиби ғояҳои Ваҳдати миллӣ дӯстии халқҳо, ватанпарварӣ бо шаклу усулҳои маърифативу фарҳангии фаъолияти китобхонаҳо;
- зиёд намудани миқдори чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ғанӣ гардонидани мазмун ва услуби баргузории онҳо;
- беҳтар намудани роҳҳои ҳавасмандгардонии кормандони китобхонаҳо;
- танзими ҳуҷҷатгузории китобхонаҳо.

4. Шартҳои озмун
-муайян намудани сатҳу сифати тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фонди китобхона ва дигар шаклу намудҳои фаъолияти китобдорӣ, вазъи омодагии китобхона ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ;
-раванди иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
-санҷиши вазъи хазинаи китобхона, сатҳи қонеъгардонии эҳтиёҷоти аҳолӣ нисбат ба китоб, матбуоти даврӣ ва дигар маводи иттилоотӣ, гардиши фонд, диҳиши китоб, ташрифоварӣ, шумораи умумии хонандагон дар қиёс бо нуфузи аҳолӣ, афзоиши фонд аз ҳисоби воридшавии адабиёти тозанашр;
-саҳми роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти самараноки китобхонаҳо, ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон барои ободонии китобхонаҳо, мавҷудияти банди махсус дар буҷети маҳаллӣ ҷиҳати харидории адабиёти нав ва обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо барои китобхонаҳо;
-вазъи дастгоҳи маълумотию библиографии китобхона (феҳристу картотекаҳо, нашрҳои маълумотдиҳанда, нашрҳои библиографӣ, рӯйхатҳои тавсиявии адабиёт ва ғайра);
-мавҷудият ва сатҳи истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ;
-сатҳу сифати тарғиботи аёнии фонд (намоишҳои китобӣ, лавҳаҳо, эълонҳо, фонди кушод) мавҷудияти шиору овезаҳои тарғиботӣ, рекламавӣ, навиштаҷот оид ба китобхона;
-ташкили нуқтаҳои китобдиҳӣ, истифода аз шаклҳои ғайримуқимии тарғиби китоб;
-вазъи хизматрасонии пулакӣ дар китобхона;
-таъминоти китобхона бо кадрҳои баландихтисос, вазъи такмили ихтисоси кормандони он;
-ҷалби воситаҳои ғайрибуҷавӣ барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва дигар эҳтиёҷоти китобхона;
-вазъи ободонии китобхона, таъмири бино, мавҷудияти мебелҳои замонавӣ, рафҳои китобмонӣ, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ, зидди сӯхтор, кабудизоргардонии гирду атрофи бинои китобхона;
-таҳлили асноди коргузории китобхонаҳо (низомномаҳо, дастурамалҳои вазифавии кормандон, сертификати истифодабарии замин, шиносномаи техникӣ, нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамо, сенарияи чорабиниҳо, ҷадвали фаъолияти мунтазами маҳфилҳо);
-фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти самараноки кормандон, ҳавасмандгардонии онҳо, ташкили илмии меҳнат дар китобхона;
- иштироки кормандон дар конфронсу семинарҳо (номи конфронс, семинар ва санаи он);
- сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- номгӯи мақолаҳо ва маводҳои нашршуда (номи маҷалла ё ҳафтанома миқдори саҳифа ва соли нашр) аз ҷониби корманди китобхона;
- донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ аз ҷониби кормандон;
- истифодаи методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ;
- миқдори компютерҳо ва истифодаи технологияҳои замонавӣ;
- мавҷудияти дастрасии китобхона ба шабакаи Интернет;
- миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхона;
- суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ ва 1 дона сурати бинои китобхона.


5. Тартиби баргузории озмун
Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иштироки фаъолонаи китобхонаҳо моҳҳои август- ноябри соли 2018 дар ду давр баргузор мегардад. Роҳбарии озмун ба зиммаи Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ, дар маҳалҳо ба зиммаи кумитаҳои тадорукоти вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад. Кумитаи тадорукот ва ҳакамони озмун дар маҳалҳо бо ташаббуси раёсату шуъба бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон дода мешаванд. Онҳо аз оғоз то анҷом рафти озмунро зери назорат мегиранд.
Дар маҳалҳо ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, даври аввали озмун аз моҳи август оғоз шуда дар даҳаи аввали моҳи октябр ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоии озмун пешниҳод мегарданд. Кумитаҳои тадорукот, ҳайати ҳакамони озмун барои интихоб ба даври ҷумҳуриявӣ аз руйи 5 номинатсия (Дар сатҳи китобхонаҳои , вилояти оммавӣ, вилояти бачагона, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, филиал - деҳотӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо) дар умум 15 ҷой: 1, 2, 3 интихоб намуда барои иштирок ба даври ҷамъбастӣ пешниҳод менамоянд ва аз тарафи ҳакамони сатҳи ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.
Инчунин, аз аввали моҳи октябр ҳакамони сатҳи ҷумҳуриявӣ аз китобхонаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз руйи 5 номинатсия (Дар сатҳи китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, филиал - деҳотӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо) баҳогузорӣ менамоянд ва беҳтаринҳо ба даври ниҳоии озмун пешниҳод мегарданд.
Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони озмун давра ба давра дар ҷаласаҳояшон рафти озмунро мавриди муҳокима қарор дода, санҷиши фаъолияти китобхонаҳоро созмон медиҳанд. Баъди баррасии вазъи фаъолияти китобхонаҳо маводи хотимавии озмунро ҷамъбаст намуда, пешниҳод мекунанд.
Ҳангоми ҷамъбасти натиҷаи озмун ҳакамон бояд ба масъалаи тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи чорабиниҳо, эҳёи расму анъанаҳои миллӣ, самараи фаъолияти китобхонаҳо, ҳисси масъулиятшиносӣ, кордонӣ, ташаббуси кормандон ва иҷрои талаботи шартҳои низомномаи озмун аҳамият диҳанд.
Ҷамъбасти озмун 24 ноябри соли 2018 дар рӯзи ҷашни Парчами миллии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма баргузор мегардад.
Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани озмун дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитаҳои тадорукот, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии озмунро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, мутобиқ гардонида, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.
Дар шумораҳои махсуси маҷаллаи «Истиқбол» ва рӯзномаҳои «Анбоз», «Баҳори Аҷам» низомномаи озмун, таърихи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, андешаҳои иштирокчиёни фаъоли озмун, инчунин тавсифи китобдорон ва хонандагони беҳтарини соли 2018 ва ғайра) чоп мешаванд.
Раванди баргузории озмун тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ҳамаҷониба инъикосу тарғиб мегардад.

6.Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ
Ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ: маълумотномаҳо, тавсияномаҳо, протоколҳо, хулосаи роҳбарони кумитаҳои тадорукотии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои мукофотонидан ба унвони Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ фиристонида мешаванд. Дар онҳо зикри маълумот бо нишондоди сатҳу сифати риояи шартҳои озмун ҳатмӣ аст.
Аъзоёни ҳакамони ҷумҳуриявӣ баъди муҳокимаи маводи ҷамъбастии кумитаҳои тадорукот ва ҳакамони маҳаллӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, фаъолияти китобхонаҳои ғолибро тибқи нишондоди шартҳои низомномаи мазкур баҳогузорӣ ва маводи ҷамъбастиро барои баррасӣ қабул менамоянд.

7. Хароҷоти молиявии озмун
Хароҷоти чорабиниҳои озмун, ки ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои соли 2018-уми Нақшаи чорабиниҳои«Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53, аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ гардидааст, пардохта мешаванд.
Хароҷоти баргузории озмун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сафарбарии фаъолону ғолибони озмун барои иштирок дар ҷамъбасти озмун, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз ҳисоби маблағҳои бахш ва шуъбаҳои фарҳангу маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохта мешавад. Дар баргузории озмун, ҳавасмандгардонии созмондиҳандагону иштирокчиёни он ба сифати сарпараст шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, сармоядорон ҳиссагузорӣ карда метавонанд.

8. Мукофотҳои озмун
Барои китобхонаҳои ғолиби даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» аз ҷониби Вазорати фарҳанг мукофотҳои зерин муайян карда мешаванд. Ба наминатсияҳои интихобшуда дар сатҳи китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, китобхонаҳои , вилояти оммавӣ, вилояти бачагона, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, филиал - деҳотӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо се ҷой 1.2.3 бо мукофоти пулӣ - тӯҳфа ва Дипломи дараҷаи якум, дуюм, сеюм қадрдонӣ мешаванд.
Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғолибон инчунин, бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз мегарданд. Инчунин, бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, раёсату шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳое, ки дар ташкилу баргузории озмун саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.
Барои ғолибони давраи аввали озмун вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ муқаррар менамоянд.