Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Супоридани мукофоти давлатӣ ба кормандони соҳаи фарҳанг

Субҳи 4 сентяби соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи Вазорат бо иштироки мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Пайшанбезода баргузор гардид.

Ба ҷаласа муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З.М. ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. 

Баъдан, М. Пайшанбезода суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми аҳли фарҳангу ҳунари Ҷумҳуриро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуд.

Сипас, М. Пайшанбезода Фармони Президенти Ҷумҳуриро дар бораи бо мукофоти давлатӣ - медали Хизмати шоиста сарфароз намудани сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, Музаффар Темурзода қироат намуда, медал ва Шаҳодатномаи онро дар вазъияти тантанавӣ ба мавсуф супорид.

Дар ҷавоб М. Темурзода барои ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаҳои фарҳангу ҳунар ва илму маориф, дастгирӣ ва қадрдонии кормандони соҳа миннатдории самимонаи хешро изҳор намуда, афзуд, ки ин мукофоти давлатӣ пеш аз ҳама натиҷаи заҳмати коллективонаи кормандони Вазорати фарҳанг ва дастгирии ҳамарӯзаи роҳбарияти он мебошад. Ваъда дод, ки минбаъд низ тамоми донишу маҳорат, таҷрибаи корӣ ва малакаи касбиашро баҳри рушду нумӯи соҳаи илму фарҳанг ва маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон равона хоҳад намуд.