Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Маркази миллии патенту иттилоот озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2018» баргузор гардид.

Ҳамасола санаи 4-сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи китоб», бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин санаи фархунда «Рӯзи китоб» бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» бо иштироки васеъи меҳмонон ва китобдорони ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ташкилкунандаи озмун, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва дар амал татбиқкунандаи он Китобхонаи Муассиса мебошад.

Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол», 4 китобхонаи оммавии вилоятӣ, 2 китобхонаи бачагонаи шаҳрӣ, 5 китобхонаи донишгоҳӣ, 4 китобхонаи шаҳрӣ ва 10 китобхонаи ноҳиявӣ бақайд гирифта шуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» аз 26 аризаи пешниҳод гардидаи китобдорон, 3 китобдор аз китобхонаҳои вилоятӣ, 20 китобдор аз китобхонаҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 3 китобдор аз китобхонаҳои Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бошад, 3 нафар дорандагони китобхонаҳои шахсӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Ҳисор, Норак, Ваҳдат) ва 9 нафар дорандагони китобхонаҳои шахсӣ аз ноҳияҳои Ишкошим, Файзобод, Муъминобод, 2 китобхона аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Ховалинг, Қубодиён, Роштқалъа ва Дарвоз ширкат варзиданд.

Аз ҷониби Ҳайати Ҳакамон ғолибони зерин муайян карда шуданд.

1. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол», муайян гардид:
Китобхонаи илмии ДДТТ ба номи А.Сино бо «Дипломи дараҷаи махсус», «Гран-прӣ»- «Ҷоизаи махсус»
2. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» барои ҷойҳои ифтихорӣ:
1.Китобхонаи оммавии вилояти Суғд ба номи Т. Асирӣ, ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи аввал»
2. Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор, ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи дуюм»
3. Китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод, ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи сеюм»
4. Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин ҳамчун китобхонаи намунавӣ бо «Дипломи махсус»
5. Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии ш. Кӯлоб бо «Дипломи дараҷаи I ».
6. Китобхонаи вилоятии ба номи А. Рӯдакии ВМКБ бо «Дипломи дараҷаи II ».
7. Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо «Дипломи дараҷаи III » сарфароз гардонида шуданд.

2. Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол», муайян гардид:
1. Чароғабдолов Алидод- Директори китобхонаи вилоятии ба номи А. Рӯдакии ВМКБ, ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи аввал»
2.Шамсиева Дилфуза – Директори китобхонаи марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи дуюм»
3. Набиев Хайрулло– Мудири китобхонаи деҳоти Дустии ноҳияи Муъминобод, барои «Ҷойи сеюм».
4. Аҳмадова Назархоним– Мудири шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М. Миршакар, бо «Дипломи дараҷаи I».
5. Ҷӯраева Зайнура–Мудири китобхонаи марказии шаҳри Гулистон бо «Дипломи дараҷаи II ».
6. Надиров Сайзароб–корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо «Дипломи дараҷаи II».
3. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол», муайян намуданд:
1. Китобхонаи шахсии «Ганҷи Мунк» (н. Ховалинг, вилояти Хатлон) ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи аввал»;
2. Китобхонаи шахсии ҷамъияти «Вализодагон» (н.Ҳамадонӣ,вилояти Хатлон) ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи дуюм»
3. Китобхонаи шахсии ба номи «Хонаи асрори маънӣ» (н. Муъминобод, вилояти Хатлон) ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи сеюм».
4. Китобхонаи шахсии Амирҷоновҳо (н. Дарвоз, ВМКБ) бо «Дипломи дараҷаи I».
5. Китобхонаи шахсии «Қасри маърифат» (ш.Ҳисор, деҳоти Ғуриёт) бо «Дипломи дараҷаи II ».
6. Китобхонаи шахсии ба номи шоири халқии Тоҷикистон Устод Мирзо Файзалӣ бо «Дипломи дараҷаи III ».

Ба дигар китобдорону китобхонаҳо, ки аз рӯи номинатсияҳои «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» дар Озмун ширкат варзиданд бо «Ифтихорнома»-и Озмун сарфароз гардонида шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ айни ҳол 1442 адад китобхонаҳо ба шаҳрвандон хизмати маънавӣ расонида истодаанд, ки дар онҳо зиёда аз 3500 нафар мутахассисони соҳаи китобдорӣ кор ва фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки мақсад аз баргузории Озмун ин баланд бардоштани ҷойгоҳи китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқу тарғиби соҳаи китобдорӣ, муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасманд гардонии китобдорону китобхонаҳо инчунин ташвиқу тарғиби мутолиаи бештари китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.