Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷамъбаст гардид.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 21 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2016, №53) аз моҳи май то сентябр дар миқёси ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир гардид.

Даврҳои аввалу дуюми озмуни зикргардида дар шаҳру ноҳияҳо ва сатҳи минтақаҳо доир гардида, даври сеюми он дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе рӯзҳои 2–3 сентябри соли равон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибону иштирокчиёни фаъол рӯзи 4 сентябр, соати 14:00 ба ифтихори Рӯзи китоб дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири фарҳанг Давлатзода З. М иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи китоб ва иштирокчиёнро бо ғолибият дар озмуни мазкур табрик намуданд.

Ҳамзамон, барномаи рангини ҳаваскорони ҷавону наврас ва намоиши китоб ба чорабинӣ ҳусни дигар зам кард.

Тибқи баҳогузории ҳакамон ва нишондоди Низомномаи озмун ғолибон ба таври зайл муайян карда шуданд:

1. Шоҳҷоиза – Махкамова Мубина (Конибодом)
2. Ҷои якум – Давлатова Мижгона (Хоруғ)
3. Ҷои дуюм – Қодирова Робия (Кӯлоб)
4. Ҷои дуюм – Абдуллоева Шаҳрибону (Турсунзода)
5. Ҷои сеюм – Сафарова Фарзона (Бохтар)
6. Ҷои сеюм – Шукронаи Тоҳир (Душанбе)
7. Ҷои сеюм – Каримзода Манижа (Ҳисор)
Иштирокчиёни фаъол:

1) Азимова Нилуфар (Хуҷанд)
2) Қодирзода Файзигул (Мастчоҳ)
3) Азимова Мафтуна (Деваштич)
4) Абдуллоева Рамзия (Данғара)
5) Эрданова Бибиоиша (Дӯстӣ)
6) Тӯраев Қурбоналӣ (Ҳамадонӣ)
7) Мавлододова Азизбегим (Роштқалъа)
8) Ҳамроева Бибиомина (Шоҳмансур)
9) Худойдодова Лола (Ваҳдат)
10) Саъдуллоев Иброҳим (Тоҷикобод)
11) Тошева Ситорабону (Файзобод)
12) Хуҷандизода Шоира (Рашт)
13) Саидов Некрӯз (Нуробод)