Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили фарҳангӣ дар «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон»

Бахшида ба таҷлили 27-умин солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ соати 10 30 дар толори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.