Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрӣ бо китобхони беҳтарин - Ёрдамчии Пракурори Калон

 

Бахшида ба «Рӯзи китоб» дар муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ хонандагони мактабҳои миёна , ки мунтазам ба китобхона меоянд, бо китобхони беҳтарини китобхона аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, яъне Ёрдамчии Пракурори Калони Пракуратураи вилояти Хатлон Зайниддини Варқа вохӯрӣ анҷом дода, сӯҳбат оростанд. 

Дар рафти сӯҳбат Ёрдамчии Пракурори Калон ба суолҳои гуногуни хонандагон оид ба интихоби китоб ва китобхонӣ ҷавобҳо дода, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бисёртар китоб хонанд ва ба қадри неъмати бебаҳо –Истиқлолияти давлатӣ ва Ватан-Модар расанд. 

Вохӯрӣ хеле хушу хотирмон сурат гирифт ва иштирокчиён аз чорабинӣ таассуроти зиёд бардоштанд.