Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик»

 

5 сентябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии конфронси илмӣ дар мавзӯи «Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик» доир гардид.

Дар чорабинӣ олимону донишмандони донишгоҳҳои олӣ, намояндагони мақомоти иҷрояияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва муассисаҳои фарҳангӣ, гурӯҳи мусаввирони вилоят, инчунин намояндагони ВАО ҳузур доштанд. 

Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ИброҳимИброҳимов конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуд. Сипас садо додани Суруди миллӣ ба оғози конфронс шукуҳи тоза бахшид. 

Мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ф. Усмонова дар мавзӯи «Истиқлолият ҷавҳари ҳастӣ» баромад намуда, зикр дошт: “Истиқлолият дар арсаи олам будани давлати миллии моро эълон намуд”.

Номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Ш. Саидзода дар мавзӯи «Истиқлолият-заминаи рушди давлатдории навини тоҷикон» маърӯза карда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият, саҳми ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдоварӣ намуд.

«Нақши Истиқлолият дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ” зери ин мавзӯъ корманди илмии Осорхонаи таърихии МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» А.Ёдгорӣ баромад намуда, аз бобати таъмиру барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории ҳудуди Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва ҳифзу нигаҳдошти онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешаронӣ кард.

Аслиниссо Ёдгорӣ
Корманди илмии МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд