Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи намоишгоҳ дар Хуҷанд

 

5 сентябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳо таҳти унвони «Мӯъҷизаи рангҳои табиат» оғоз ёфт .

Лентаи рамзии намоишгоҳро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов бурида, иштирокчиёни конфронси илмӣ дар мавзӯи «Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик»- ро ба тамошои мусаввараҳо даъват намуд.

Боиси зикр аст, ки конфронси мазкур низ ба ифтихоти таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, дар он олимону донишмандони донишгоҳҳои олӣ, намояндагони мақомоти иҷрояияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва муассисаҳои фарҳангӣ, гурӯҳи мусаввирони вилоят, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд. 

Дар намоиш мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва эҷоди рассомони вилоят ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳамчунин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти унвонӣ «Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик» ташкил гардидааст, ки дар он асарҳои адибон доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.