Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши либос бахшида ба ҷашн

 

8 сентябри соли 2018 дар ноҳияи Мир Сайиди Ҳамадонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ намоиши тамсилаи либосҳо баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор мегардад, 30 нафар донишҷӯи муассисаи мазкур тамсилаи либосҳои нави духтарон ва ҷавононро манзури мухлисони муд мегардонанд. 

Боиси зикр аст, ки эҷодкорони ҷавони донишкада дар офаридани тамсилаҳои нави либос ва тарзи ороиш ва дӯхти миллӣ, инчунин истифодаи матоъҳои миллӣ аҳамияти зиёд дода, дар баробари ин кӯшиш менамоянд, ки либос ба диду талаботи ҷавонони муосир ҷавобгӯ бошад.