Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти идона дар Филармонияи бачагона

 

6 сентябри соли 2018 дар Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Аҳли эҷоди Филармонияи бачагона ва дастпарварони ҷавони он меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро бо садои карнаю сурнай ва рақсҳои ҷолиби ҳунарӣ пешвоз гирифтанд. 
Ба пешвози меҳмонон инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва созҳои мусиқии миллӣ таҳия гардида буд.

Сипас дар толори муассиса барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор шуд. 

Дар ифтитоҳи барномаи консертӣ аҳли нишастро раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Қурбон Ғуломзода ва директории Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Салоҳиддин Раззоқов ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтанд. 

Барномаи консертӣ, ки иборат аз рақсу суруд ва бадеҳаҳои ҷолиб буд, писанди аҳли нишаст гардид.