Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мизи гирд дар мавзуи «Китоб - сарчашмаи дониш»

 

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумхурияви таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” – и шаҳри Панҷакент ба муносибати «Рӯзи китоб” мизи гирд тахти унвони “Китоб – сарчашмаи дониш” доир гардид.

Дар мизи гирд омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, №15, инчунин, кормандони илмии осорхона ширкат варзиданд. 

Чорабиниро директори осорхона - номзади илми педагогӣ Ф. Рофиева бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо “Рӯзи китоб” ва фарорасии 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. 

Мудири шӯъбаи бостоншиносии осорхона Саидов У. дар мавзӯи “ Феҳраст ва тавсифи мухтасари осори хатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саиди Юнусиён дар мазӯи “Китоб – дӯсти раҳнамову мададгор” суханронӣ карда, диққати донишҷӯёнро ба китобхониву донишандӯзӣ ҷалб намуданд. 

Баъдан хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии № 1 ва №15 - Парвинаи Рустам, Дилноза Исмоилова, Марҷона Мӯсоева, Сабрина Мустафоева, Зӯҳро Ҳабибова, Дилфузаи Шӯҳрат дар бораи китоб шеъру суруд замзама карда, табъи ҳозиринро болида карданд. Пас аз он байни донишҷӯён ва кормандони осорхона оид ба қадру қимати китоб мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мудири китобхонаи илмии осорхона Раҳмонова Ш. Аҳли нишастро бо фарорасии “Рӯзи китоб” табрику таҳният гуфта, ба ҳама маърифати баланди китобхониро таманно намуд. Дар охир иштирокдорон аз намоиши китобҳо дидан карда, фикру ақидаи худро оид ба китоб ва китобдорӣ изҳор намуданд.