Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаҳои консертӣ дар Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

 

9 сентябри соли 2018 бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои гуногуни консертию ҳунарӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Шоми рӯзи ид соати 19:30 дар Наврӯзгоҳи пойтахт барномаи муҳташам ва мутантани фарҳангӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Тантанаи Истиқлол» баргузор мегардад. 

Инчунин, субҳи 9 сентябр соати 9:00 дар боғи навбунёди фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ, боғи ба номи С. Айнӣ, майдончаи фарҳангиву фароғатии воқеъ дар хиёбони А.Сино ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои ҷолиби консертӣ баргузор мегарданд.

Инчунин шоми ҳамон рӯз, соати 18:30 дар Боғҳои фарҳангиву фароғатии Ирам, Фирдавсӣ, Парчами давлатӣ ва боғи ба номи С. Айнӣ барномаҳои ҳунарӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр хоҳад шуд. 

Боиси зикр аст, ки шоми 8 сентябри соли ҷорӣ низ соати 18:30 дар боғҳои Фирдавсӣ, С. Айнӣ, Парчами давлатӣ ва майдони 800-солагии Москва баҳри болидахории мардум барномаҳои идона ташкил карда мешаванд.