Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Корманди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн бо медали Хизмати шоиста қадр карда шуд

 

 

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.

Дар ҷаласа Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, коршиносону собиқадорони соҳа ва донишҷӯну омӯзгорони муассиса иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории ҷаласа мудири шуъбаи методии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Елена Рахимова бо мукофоти давлатӣ –медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.