Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Қалъаи Хуҷанд” таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамояд

 

Аз оғози соли 2018 то имрӯз наздики 54 000 нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ аз муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”- як гӯшаи нотакрори Тоҷикистон дидан намуданд, ки ин нисбат ба нишондиҳандагони соли гузашта зиёд аст. Аз шумораи мазкур наздики 2000 нафарро сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур ва наздики 1000 нафарро меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд.

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чун дурдонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилию хориҷиро торафт зиёдтар ҷалб мекунад ва ҳар бинанда аз тамошои ин макон ба ҳунари волои наққошону кандакорон, кулолгарону сангтарошон, адрасу атласбофон ва дӯзандагону бофандагони тоҷик аҳсант мегӯяд.

Кишварҳое ҳастанд, ки бо ягон хосияте дар олам машҳуранд. Масалан, Туркиё бо чаҳор баҳре, ки дар он ҷо мавҷуд аст, диққати аҳли сайёраро ба худ мекашад, кишвари Шветсария бо кӯҳҳои Алп ва Миср бо аҳромҳои зебояш ба кишварҳои сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон бошад, бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми меҳмондӯст, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, табиати афсункору афсонавӣ, манзараҳои дилфиреб ва дарёҳои кӯҳияш тавонистааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб кунад.

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкониятҳои васеъ барои рушди туризм ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар фароҳам овард. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дорои Осорхонаи таърихӣ – ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ-ҳамчун муассисаи фарҳангию фароғатӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд-ҳамчун мавзеи аҳамияти баланди таърихию фарҳангиро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Аслиниссо Ёдгорӣ
Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”