Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хобгоҳи нав барои донишҷӯён

 

Ба ифтихори таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишонии кўчаи Фирдавсї 28 –и шаҳри Душанбе бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бинои чорошёнаи замонавӣ бо ташаббуси роҳбарияти донишкадаи мазкур ва Вазорати фарҳанг аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Бино барои 400 нафар пешбинӣ гардида, алҳол ошёнаҳои 2,3 ва 4 ба истифода дода шудаанд. Аллакай 160 нафар донишҷӯ бо ҷои зист дар хобгоҳи навбунёд таъмин гардидаанд. Барои онҳо ошхонаи муҷаҳҳази хӯрокпазӣ, мошини ҷомашӯӣ, ҳаммом ва монанди ин шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ошёнаи аввали бино, ошхонаи хӯрокхӯрӣ, толори хониш, мачлисгох, майдончаи варзишӣ айни ҳол барои истифода омода гардида истода, соли 2019 баъди итмоми корҳои сохтмонӣ ва ободонии муҳити атроф ба истифода дода хоҳанд шуд.

Боиси зикр аст, ки аз хобгоҳи мазкур инчунин донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов истифода бурда метавонанд.