Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РАВШАНДИЛОНИ РӮШОН ОИНАИ САФОЯНД. Соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ бо ҳам робитаи қавӣ доранд

 

Ноҳияи Рӯшонро  аз қадим бо маҳсулоти дастӣ ва зеҳнии ҳунармандонаш ҳам дар вилоят ва ҳам дар тамоми кишвар мешиносанд. Номи зодагони ҳунарманди ин диёр Меҳрубон Назаров, Гурминҷ Завқибеков, Шералӣ Абдулқайсов, Ғуломалӣ Ғулоҳайдаров, Мусаввар Минаков, Моҳҷон Назардодова, Далер Назаров, Нобовар Чиноров барои аксари сокинони ҷумҳурӣ шинос аст. Ин ҳунармандон на танҳо фарҳанги асили ниёгони худро ҳифз намуданд, балки бо тақозои замон онро хеле зебо ва моҳирона сайқал доданд.

Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар ХОҶАНАЗАР зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРҲАСАН андешаҳояшро чунин иброз намуд:

-Ҳар миллату халқиятро ҳунар,  фарҳанг ва расму суннатҳояш байни дигар халқу миллатҳои дунё муаррифӣ мекунад. Миллати тоҷик, ки мардуми бумии Осиёи Марказист, дар ҷаҳон бо фарҳангу ҳунарҳои  хоси худ  сол аз сол маъруфияти бештар касб мекунад. Бахусус баъди он ки аз тарафи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, таваҷҷуҳи сокинони кишвар барои эҳёи дубораи  ҳунарҳои мардумии ниёгонашон боз ҳам бештар гардид. Барои ҳунармандони тоҷик имконияти мусоид фароҳам оварда шуд, ки  бо либос, созу асбобҳои  мусиқии миллӣ, рақсу таронаҳои халқӣ  ҳам дар саҳнаҳои дохилӣ ва ҳам  саҳнаҳои бошукӯҳи мамолики мухталифи  дунё ҳунарнамоӣ намоянд.

Агар гӯем, ки ноҳияи Рўшон ганҷинаи ҳунарҳои нафиса аст, иштибоҳ нахоҳем кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри боз ҳам ривоҷ бахшидани  ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорону ҳунармандони маҳаллиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Соли равон   дар деҳаи Даржомчи водии Бартанг корхонаи хурди бофандагӣ ташкил хоҳад шуд. Барои ташкили он сокини ин  деҳа Ҳалима Чоршанбиева соҳиби гранти Президентӣ гардид. Ин корхона имконият медиҳад, ки ҷӯробҳои бартангӣ ҳусну таровати тоза касб кунанд. Мақсад аз ташкили он на танҳо истеҳсол, балки тақвияту ташвиқи ҷӯробҳои бартангист. Зеро сайёҳони хориҷӣ ба онҳо таваҷҷуҳи зиёде доранд.

11 августи соли равон дар боғи марказии деҳаи Баррўшон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  нахустин маротиба иди тут доир гардид, ки он ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тақвияти хосса зам намуд. Намояндагони ҷамоатҳои деҳот намудҳои гуногуни тут, маҳсули дастии аз меваи тут омодашуда, асбобҳои мусиқиву конселярии аз чўби тут сохтаро  манзури ҳозирин гардониданд. Тантана собит сохт, ки мардуми кўҳистон аз даврони қадим ба навоварӣ ва навгониҳо машғул  ва истеъдоди нобиғаро доро будаанд.  Дар ин намоиш ҳам ҳунару ҳам табобат ва ҳам маҳсулоти муосиру  қадимӣ  таблиғ гашт.

Дар ноҳия 72 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла, 10 хонаи фарҳангӣ, 16 клуби деҳот,  1 театри халқӣ мавҷуд мебошанд, ки дар назди онҳо  маҳфилҳои рақс,  доирабазм, дафсоз,  мадҳияхонӣ, сарояндагӣ  ва дар мактаби санъати ноҳия шуъбаҳои созҳои халқӣ, синфҳои рақс, гулдӯзӣ, этнография ва санъати тасвирӣ фаъолият менамоянд. Ин маҳфилҳо дар ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда гузошта, наврасонро дар ин рўҳия тарбия менамоянд.  Минбаъд дар ҳар маъракаву чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва маҳаллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба чорабиниҳо зебу зиннати тоза мебахшад.  Ҳунармандони ноҳия маҳсули дасташонро ба рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилоятҳои Суғду Хатлон бурда, баҳои баландро сазовор гардиданд.

Ҳоло ҷиҳати ташкили  ансамбли этнографии тарона ва рақси «Навои Рӯшон» омодагиҳо идома дошта, барои ҷалбу интихоби ҳунармандон дар ансамбди мазкур мутахассисони соҳаи фарҳангшиносӣ фаъолият мебаранд.

Соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ бо ҳам робитаи қавӣ доранд ва   дар алоҳидагӣ наметавонанд рушд намоянд. Сайёҳӣ як рукни ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, ки  мардуми шарафманди тоҷик пешниҳоди Пешвои миллатро дар робита ба ин сана   хеле хуш ва самимона истиқбол гирифтанд.

Дар нимаи аввали соли равон ба қаламрави  ноҳия зиёда аз ҳазор нафар ҷаҳонгардон аз кишварҳои дуру наздик  ворид гашта, аз табиати диёрамон дидан карданд. Хушбахтона, ҳар сайёҳе, ки ба ҳудуди ноҳия  меояд, аз муҳаббати самимии сокинони он бархурдор мегардад. Сайёҳон ҳатто дар тўю маъаракаҳои мардумӣ  ширкат варзида, бо фарҳанг ва расму суннати волою рангоранги онҳо аз наздик шинос мегарданд. Меҳрубонию меҳмоннавозӣ аз қадим хоси ин мардум мебошад. Ҳаким Носири Хусрав беҳуда нагуфтааст, ки:

Равшандилони Рӯшон оинаи сафоянд,

Ғам аз дили ғарибон сайқалзанон бароранд.

Пас аз сафар ба ноҳияи Рӯшон аксарияти сайёҳон таассуроти худро дар расонаҳои гуногуни ҷаҳонӣ интишор мекунанд, ки ин ба рушди минбаъдаи риштаи сайёҳӣ такони хуб мебахшад.

Ноҳияи Рӯшон дорои ҷойҳои ҷаззобу  тамошобоб аст, ки солиёни зиёд таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Кўли зебоманзару афсонавии Сарез, мавзеи ҷаззобу тамошобоби Ҷизев, қалъаи таърихии Вомар, ҷойҳои таърихию фарҳангии Хоҷа Нуриддин, Шоҳтолиб, Мушкилкушо, Хоҷа Камол, Панҷаи шоҳ, Равмеддара аз тариқи телевизионҳои ватанию хориҷӣ борҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Баъзе мавзеъҳои таърихӣ ба бозсозӣ ниёз доранд. Ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва неруи кории ихтиёриён тармим ва навсозии ин мавзеъҳо шуруъ шудааст. Фикр мекунам, ки Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ барои  пешрафти минбаъдаи ин ду соҳаи хеле муҳиму фоидаовар  заминаи хубу мусоид хоҳад гузошт.

АМИТ «Ховар»