Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳамкориҳои иттилоотӣ-иртибототии тарафайн дар соҳаи индустрияи чопии Россия, кишварҳои ИДМ ва ИИАО

Дар шаҳри Москва дар доираи «Намоиш ва фурӯши байналмилалии китоб» мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳамкориҳои иттилоотӣ-иртибототии тарафайн дар соҳаи индустрияи чопии Россия, кишварҳои ИДМ ва ИИАО» баргузор гардид.

Мизи мудаввар ба бунёди системаи ягонаи ҳамкориҳои иттилоотӣ-иртибототӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, рушди ҳамкорӣ байни муаллифон, ноширон, муассисаҳои савдои китоб ва ташкилоти полиграфӣ, инчунин байни сохтори давлатӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратии маърифатӣ дар кишварҳои мазкур равона гардида буд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 50 намояндагони ҷамъиятҳои касбӣ аз Россия, ИДМ ва ИИАО аз ҷумла ИТАР-ТАСС, Палатаи китоби Россия, Гилдияи ноширони маҳсулоти чопӣ, Ассотсиатсияи ноширони Россия ва дигар созмонҳои дахлдор иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар мизи гирд раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, полиграфия, интишор ва паҳни китоб, директори муассисаи давлатии АМРСБК «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯриев намояндагӣ кард.


Зимни ироаи маърузаи худ дар мавзӯи «Ҳолат ва дурнамои нашри китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯриев иброз дошт, ки соҳаи мазкур дар кишвари мо сол то сол рушд меёбад. «Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 200 фурушгоҳи давлатӣ ва шахсӣ фаъолият мебаранд, ки дар 7 шаҳр ва 72 ноҳияи кишвар ҷойгир шудаанд. Тӯли солҳои 2012-2017 номгӯи китобҳои интишорёфта аз 550 ба 1200 расида, теъдоди тиражи интишорот низ 3 маротиба зиёд гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ амал мекунанд, ки ба рушди соҳаи нашри китоб аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд» - иброз дошт Қ. Бӯриев.
Дар фарҷоми мизи гирд иштирокчиён Муроҷиатнома бо қайди масъалаҳои мубрами соҳа ва зарурати фаъолияти якҷоя қабул намуданд, ки он ба вазоратҳо, кумитаҳо ва ташкилоти касбии дахлдори Россия, ИДМ ва ИИАО ирсол мешавад.

Мизи мудаввар бо дастгирии Агентии федералиии табъу нашр баргузор гардид.