Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Изҳороти кормандони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Паймони миллӣ», ки дар Варшава баргузор гардид

 

Аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро аз ҷониби нерӯҳои мухолифин дар Аврупо роҳандозӣ шудааст, маҳкум намуда, аз созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, ба хусус САҲА тақозои онро доранд, ки оид ба дастгирӣ ва пуштибонии ҳамагуна иқдомҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати ислом ва созмону ҷумбишҳои мухолифини миллати тоҷик бетараф набошанд. Барои ҷаҳониён мусаллам аст, ки раиси Ҳизби мамнӯъ ва террористии наҳзати исломии Тоҷикистон М. Кабирӣ ва пайравонаш тайи 27-соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба чӣ гуна зуҳуроти номатлубу нафратовар даст задаанд.

Раиси ҳизбе, ки ба миллат ва Ватани хеш хиёнат кардаву бо ҳамҳамаи хоҷагони хориҷии худ ба хотири курсию мансаб ба ҳамагуна амалҳои ифротгароӣ тавъам буд, бо кадом рӯ, бо чӣ гуна масъулияте, ки олудаи кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ аст, ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро роҳбарӣ мекунад. 

Мусаллам аст, ки «Паймон»-и мазкур дар қолаби ҳизби мамнӯъ ва террористии наҳзати ислом роҳандозӣ шудааст ва дар шакли нав ҳадафҳои ғаразноку ҷудоиандозиро ба муқобили миллати соҳибтамаддуни тоҷик матраҳ карданист. 

Ҳамагон дарк намудаанд, ки «Паймон»-и мазкур ба вожаҳои муқаддаси миллӣ ва Тоҷикистони азиз ҳеҷ гуна рабт надорад. Чунки афроде, ки ботин ва тафаккури манкуртиашон олудаи кинаву адоват буда, ба Ватану миллат хиёнат кардаанд, ҳаққу ҳуқуқи маънавии истифодаи вожаю рамзҳои муқаддасҳои миллиро надоранд. Таърих исбот кардааст, ки миллати шарафманду тамаддунофари тоҷик ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ гуна ваҷҳ хиёнаткорро набахшидааст ва нахоҳад бахшид:

Мо ваколатпарвари панди бузургонем,
Тоҷикистонро касе, ки сохт, бо онем.
Сарвари мо, сарвари номусу нанги мост,
Шаҳсутуни меҳри дил бо номи Ӯ барҷост.
Пайрави парвозро, парвоз чун барг аст,
Дар лаби боми дигар, ҳастии мо марг аст.