Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

М. Кабирии моҷароҷӯ бо «хоҷагон» -и худ чӣ мехоҳанд?

Кабирӣ чӣ мехоҳад? Қудрат? Ҷоҳу ҷалол?.... Посухи ин суолҳо ҷуз ин нест, ӯ ҳаргиз ба мақсадҳояш нахоҳад расид! Зеро шахсе, ки ба ҳизби террористӣ сарварӣ мекарду акнун шармандаву шармсор, аз ватан беватан гашта, чун ғарибаконе аз ким-кадом «хоҷагон»- и худ пушту паноҳ ҷуста, аз кадом минбарҳое, бо дасисаҳо овоз баланд мекунад, ба васвосие монанд аст, ки сангчаҳое дар бағал дорад ва ҳар касе, ки симои воқеъии ӯро ошкор мекунад, ин сангчаҳоро ба сӯяш мепартояд. Кабирӣ ба гуруҳи хурди ҳаммаслаконаш «ифтихор» аз он доранд, ки ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар конференсияи солонаи САҲА дар Варшава роҳ ёфтаанд. Аммо бехабар аз онанд, ки бо ҳузури худ ва суханрониҳои бемағзу ғайримантиқӣ дар ин ҷамъомад ба доми найранги ҳадафҳои сиёсии моҷароҷӯёни байналмилалӣ афтодаанд ва билохира, чунин хоҳад шуд, ки Кабирӣ ва шариконаш торафт ба ботлоқи нокомиҳо фурӯ хоҳанд рафт.

Бадтар аз моҷароҷӯӣ дурӯягист. Ин амали зишту манфурро, ки мо аҳли фарҳанги кишвар дар фаъолияти САҲА мушоҳида намудем, қатъиян маҳкум менамоем. Боиси нигаронии ҷиддист, ки аз рӯйи самтҳои фаъолияти худ САҲА бояд ба гурӯҳҳои экстримистию террорисӣ муборизаи беамон бубарад, бояд ба таъмини амнияти ҳамкориҳои байнидавлатҳо мусоидат намояд, аммо бараъкс, созмондиҳандагони чорабинии мазкур имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ сиёсати норавшанро пеша кардаанд. САҲА дар конференсияи солонаи худ, дари худро ба рӯйи пасмондагони ТЭТ ҲНИ, ки онҳо ҳамчун ҷиноятпеша, дасибабоз, ифротгаро, тахрибкор ва хоинони Ватану миллат мебошанд боз намуд.

Ин мавқеи САҲА аз як тараф боиси каҳру ғазаб ва нобоварии мардуми сулҳдӯсти фарҳангсолори Тоҷикистон гашта бошад, аз ҷониби дигар, ҳар фарди солимфикри моро дар шинохти аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва вазъи кунунии сайёра бедор ва ҳушёр кард. Баъди ин бозиҳои пасипардагии САҲА, ки обрӯю нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ латма зад, нафрату нобоварии халқу Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба САҲА ва нафрату нобовариӣ ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаи ӯ камтар нест!

Тааҷҷубовар он аст, ки САҲА каломи ҳақу воқеиро, ки бояд аз минбари конференсия оид ба сиёсати башардӯстона, таҳкими низоми давлатдории дунявӣ, тахмини фазои амну осоиши кишварҳои олам садо медоданд, бо сухани пучу бемағзу таҳрибкоронаи раҳбари ҳизби террористии наҳзат М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадал намуда, мухити ин ҷамъомади бонуфузро доғдор намуд. Ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, маълумоти муътамад дар даст доранд, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИ буда, аъзоёни он дастони хунолуда доранд. Ҳама медонад, ки Кабирӣ ва думравони ӯ ҳаргиз исломӣ набуда, ин дини мубинро аз рӯзҳои нахустин ва то ба имрӯз воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсиашон қарор додаанд. Онҳо бо амалҳои ғаразҷӯёнаашон, ба умеди пуштибонӣ аз «хоҷагон»-и худ на тарс аз Худо доранду на аз қаҳру ғазаби мусулмонон, ки дар Тоҷикистон сари ҳар қадам, дар суҳбатҳои хоса, дар масҷидҳо бо нафрат аз кору кирдори ноҷавонмардонаи онҳо ҳарф мезананд. Муслимини Тоҷикистон барҳақ мегӯянд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз ислом хориҷшудагонанд. Зеро онҳо на фақат аз халқу Ватан, балки аз дину мазҳаби худ рӯ тофтанд. Мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намуд, ки акунун, баъди ҳизби террористӣ эълон гардидани ҲНИ барои Кабирӣ ислом не, балки манфиатҳои шахсияш афзал шумурда мешавад. Вай акнун, ки нафратзадаи халқи Тоҷикистон гашта, ҳатто барои соҳиби хурдтарин обрӯю эътиибор гаштанаш, ҳамаи роҳҳо ба рӯяш баста шуданд, бадхоҳиро ба халқи Тоҷикистон, туҳмату бӯҳтонҳои беасосро дар ҳаққи давлату Ҳукумати Тоҷикистон пешаи худ ихтиёр намудааст. Вай ақли солимро, ки бояд аз мардуми соҳибтамаддун ва Ҳукумати Тоҷикистон бахшоиш пурсида, ба тамоми гуноҳҳояш иқрор шавад, бо ҳирси сарватмандию тамаъҷӯиву гадоӣ дар хориҷи кишвар иваз кардааст.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба хубӣ медонад, ки хар қадар девонавор бо бадгӯию тӯҳматҳо овоз баланд кунанд, хамон қадар халқи Тоҷикистон дар атрофии давлату Ҳукумати кишвар ва фарзанди барӯманди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичу муттаҳидтар мешаванд ва намегузоранд, ки хеҷ як туҳмату буҳтони хоинони миллат тафаккури равшану созандаи ягон фарди сарзаминамонро торику доғдор намоянд.

Кабирӣ, ки аз дару хона, аз хоки поки аҷодии худ, аз қадам ниҳодан дар кучаву хиёбон ва гулгаштҳои шаҳри азизи Душанбе, аз тамошои манзараҳои кӯҳистони сарсабзу хуррами диёр, нӯшидани оби чашмасорони Тоҷикистони маҳбуб марҳум гаштааст, акнун бозичаи дасти «хоҷагон»-и моҷароҷӯи хориҷист. Кабирӣ худро сиёсатмадор мешуморад, аммо дар сиёсати давлатдорию озодандешӣ дониши казоӣ надорад, агар ин тавр намебуд, вай медонист, ки роҳи сиёсати оқилонаву дурандешона ба ҷуз гуфтушуниди мусолиатомез чизи дигаре буда наметавонад. Кабирӣ худро сарвар (лидер) меҳисобад, аммо то ҳануз сарвариро наомӯхтааст, агар ин тавр намебуд, барои ҳангомаҷӯи дар ҷаласаи САҲА наздикону хешовандорни худро барои гадоӣ кардан кашола карда намебурд. 

Ин ҳамаро созмондиҳандагони моҷароҷӯи конференсияи солонаи САҲА ба хубӣ медонанд ва аҷаб нест, ки Кабирӣ- ин раҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки ҳамчун ҷинояткор ғоибона ба дастонаш ишкел бастанд ва ҳаммаслаконашро барои «сарашонро сила кардан» ё «ҳай боракалло» гуфтан, ба конференсия даъват кардаанд. Ё кӣ медонанд, ки ҳадафи онҳо аз гирди ҳам овардани як гуруҳчаи ниқорталаб, бадхоҳи кинаҷӯй, бадфеълу пастсифат, таҳрибкору оштинопазир ва ниҳоят, экстримисту террорист, дар чист? Ва ё, шояд САҲА муқтазои табиаташ ҳамин бошад?...

Аз ин рӯ, муроҷиат менамоям, ки гуруҳи ҷиноятпешаро, ки ниқоб аз рӯ бардоштаанд, беҳтару хубтар шиносанд, ба дасисаҳои пучу беасосашон бовар накунанд, ба иғови онҳо иродаи қавии ватандӯстиву садоқатмандии худро муқобил гузоранд, ба қавли Пешвои миллат «Мо бояд ҳамеша зираку хушёр бошем, худогоҳиву худшиносиии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан- модар, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошанд, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».

Хушнуди Зиёратшо 
Собиқадори соҳаи табъу нашр