Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«НАВСОЗ» -2018. Дар Душанбе 3-юмин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ баргузор мегардад

 

Аз 16 то 19 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе 3-юмин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ – «Навсоз»-2018 баргузор мегардад.

Тавре директори Ташкилоти Ҷамъиятии «Навсоз» Муҳибназари Холназар ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар фестивали мазкур намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Афғонистон, Амрико, Россия, Ӯзбекистон ва Беларус ширкат меварзанд.

Ҳадафи баргузории фестивал аз таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи кинои ватанӣ, ҷалби киносозони ҷавон ва дарёфти истеъдодҳо дар доираи барномаи рушди соҳаи кино иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки фестивали мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли равон барои иштирок дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ – «Навсоз» қариб 80 филм пешниҳод шуда буданд, ки аз миёнашон 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ дар бахшҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ ширкат мекунанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки кинофестивал аз 3 бахши байналмилалӣ ва як бахши ҷумҳуриявӣ иборат мебошад.

АМИТ «Ховар»