Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Файзобод иншооти нави фарҳангӣ ифтитоҳ гардид

 

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод як қатор корҳои ободонию созандагӣ амалӣ гардид.

Ба ифтихори ҷашни таърихӣ бо ташаббуси соҳибкор Эмомалӣ Розиқов ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ҷамоати мазкур китобхона, хона-музейи Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Дӯстмурод Алиев ва филиали рассомии Мактаби санъати ноҳия ба истифода дода шуд. 

Дар рафти ифтитоҳи расмии иншооти фарҳангии зикргардида раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат фаъолону аҳли зиё ширкат намуда, бунёди чунин махзани фарҳангиро арафаи ин ҷашни бошукуҳ нишонаи фарҳангдӯсту соҳибмаърифат будани мардуми сарбаланди тоҷик арзёбӣ карданд.