Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рушди ҳунармандӣ дар оила - омили саодату пойдории он

 

14 сентябри соли 2018 дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди ҳунармандӣ дар оила - омили саодату пойдории он» баргузор гардид.

Конфронсро муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар соли ҷорӣ, пешбурди ҳунармандӣ дар оила ва пос доштани арзишҳои миллӣ, аҳамияти ҳунару ҳунармандӣ дар оила ва фарҳанг сухан гуфт.

Муовини Раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар бораи чорабиниҳое, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои баланд бурдани иқтидори сайёҳии кишвар ва муаррифии фарҳангу ҳунари кишвар ба сайёҳон ташкил шуданд, ҳарф зад. 

Сипас, аз ҷониби иштирокчиён, ки роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ, сохторҳои гуногун ва васоити ахбори омма буданд, маърузаҳои пурмӯҳтаво дар мавзуъҳои гуногун ба мисли «Ҳунарҳои мардумӣ – тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Оила ва рушди ҳунарҳои мардумӣ: ҳамкории муассир барои ояндаи пешрафта», «Нақши ҳунар дар таҳаввулоти зиндагии башар» ироа гардиданд. 

Дар фарҷоми конфронс байни иштирокчиён музокира сурат гирифт.