Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибон-муаллифони беҳтарин маводи журналистӣ муайян гардиданд

 

Шоми 13 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи Сеюмин конфронси байналмилалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар Осиёи Марказӣ озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин маводи журналистӣ оид ба сил ва доғгузорӣ” ҷамъбаст гардид. Яке аз ғолибони озмун дар бахши маводи чопӣ мутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигор Таҳмина Убайдуллоева барои чопи мавод дар рӯзномаи “Фараж”дониста шуд.

Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Барномаи USAID оид ба мубориза бо сил баргузор гардида, ба он бештар аз 50 маводи журналистӣ пешниҳод шуд. Ҳайати доварон, ки аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, силшиносон ва мутахассисони соҳаи ВАО иборат будаанд, шаш маводи беҳтарини чопӣ, интернетӣ ва радиоиро интихоб намуд. 

Инчунин журналистони зерин ҳамчун ғолибони озмун аз ҷониби USAID қадрдонӣ гариданд:
Маводи чопӣ: Эҳсон Турсунов барои чопи мавод дар ҳафтаномаи “Шифо”.
Маводи интернетӣ: Фарзона Муродӣ – сомонаи “Tajikistan Times”, Қутбияи Неъматулло – сомонаи “Садои Мардум”, Шаҳноз Комилзода – сомонаи “Миллат”.

Радио: Гулистон Каримова аз радиои “Фарҳанг”.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмунро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ноиб-президенти Лоиҳаи ҲОУП Крис Скопек ва намояндаи барномаи USAID дар Тоҷикистон Роберт Рено супорида, оид ба саҳми васоити ахбори омма дар баланд бардоштани маълумот ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба бемории сил ва муолиҷашаванда будани он сухан гуфтанд.