Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кӯдакони рассом ба чорабинии байналмилалии «Шодии Тошканд» даъват мешаванд

Моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Академияи санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон VII Намоиши байналмилалӣ биеналле тасвири кӯдакон таҳти унвони «Шодии Тошканд» баргузор мегардад.

Барои иштирок дар чорабинии мазкур кӯдакони синни 5-15 сола аз кишварҳои гуногун, инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. 

Мавзӯъҳои мусаввараҳо дар соли ҷорӣ чунинанд: «Дунёи кӯдакӣ», «Ватани ман», «Ҷаҳоне, ки ман зиндагӣ мекунам», «Орзуи ман», «Ӯзбекистон аз нигоҳи ман». 

Хоҳишмандони иштирок бояд шакли аризаи дархостиро хонапурӣ карда, ба кумитаи тадорукоти озмун фиританд. Инчунин мусаввараҳои барои иштирок тасдиқгардид бояд то 1 ноябри соли 2018 ба шаҳри Тошканд фиристода шаванд. 

Ташкилкунандагон ва аъзои ҳакамон аз байни иштирокчийни чорабинӣ ҳафт нафариро бо ҷоизаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ қадрдонӣ менамоянд. Инчунин ба 50 нафари дигар нишонҳои хотиравӣ тақдим мегардад. 

Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок ва дастрас намудани шакли аризаи дархостӣ ба шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақами 227-46-87 ва 221-55-90 муроҷиат намоед. 

Барои тамос гирифтан бо кумитаи тадорукоти озмун ба нишонии зерин муроҷиат намоед:

Тел: +998-71-2527473,

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.