Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳашарҳо бо мақсади ободонӣ

 

29 сентябри соли 2018 дар ҳамаи муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба амалӣ амудани тадбирҳои тозагӣ, сабзу хуррамгардонӣ, ободонӣ ва бунёдкории роҳу кӯчаҳо ҳашарҳои шанбегӣ баргузор гардид.

Аз ҷумлаи чунин муассисаҳо Сирки давлатии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Театри ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳоро номбар кардан мумкин аст.

Аҳли кормандони муассисаҳо тасмим гирифтаанд, ки барои ободу зебо ва тозаву озода намудани дохил ва атрофи бинои корӣ ҳар рӯзҳои шанбе ҳашарҳои шанбегӣ ташкил намоянд.