Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 07:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест»

1 октябри соли 2018 дар толорҳои хониши оммавию бачагонаи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи омӯзгорон,ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, намоишҳои китоби таҳти унвони «Бе муррабӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан», «Нақши омӯзгор дар ҳаёти ман», «Муаллими аввалини ман» дари худро ба рӯи мухлисон боз намуданд.

Мавзӯъҳои номбурда инчунин мавриди сӯҳбати хонандагону кормандони китобхона қарор гирифт. Хонандагон бо қироати шеъру нақли ҳикояҳо оид ба устод ва мақоми ӯ дар рушди маънавии инсон ба вохӯрӣ ҳусни дигар бахшиданд.