«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
Бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе - бо мақсади тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон ва дар ин замина, қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», Озмуни суруду оҳанги беҳтарин эълон карда мешавад.
Озмун баҳри тарғиби сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аҳли эҷод ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, баланд бардоштани маърифат, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси ифтихори ватандорӣ, васфи Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ равона гардидааст.
Озмун аз 5 октябр то 5 ноябри соли 2018 баргузор гардида, асарҳои беҳтарини мусиқӣ дар намоишҳои театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ иҷро карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок дар озмун ба Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо рақамҳои 2247920 занг занед.