Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишгоҳи «Боз дар фазои иттифоқ» идома дорад

Тавре ки сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, 26 сентябр дар бинои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши рассомон бо номи «Боз дар фазои иттифоқ», бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» оғоз гардида буд.

Дар расми ифтитоҳи намоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, иттифоқҳои эҷодӣ, аҳли санъат ва ҳунар, мухлисони санъати тасвирӣ, намояндагони ВАО ширкат варзида, ба асарҳои дар намоишгоҳ манзур гардида баҳои баланд дода буданд.

Боиси зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур то 1 ноябри соли 2018 идома дорад ва ҳаводорони санъати тасвирӣ метавонанд аз он баҳра баранд. 

Дар намоиш зиёда аз 150 асари эҷодӣ (мусаввирӣ, графика, ҳайкалтарошӣ ва санъати ороишӣ-амалӣ), яъне корҳои эҷодии рассомон, мусаввирон, сиёҳқаламон, ҳайкалтарошон ва рассомони санъати ороишӣ-амалӣ ба маъраз гузошта шудааст. Ҳамаи иштирокчиёни намоиш узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд. 

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 19-уми ноябри соли 1933 ташкил шуда буд. Аввалин ҷамъомади умумииттифоқӣ соли 1958 баргузор гардида буд. Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон рассомони машҳури халқӣ, барандагони мукофотҳои гуногун – М.Хошмуҳамедов, Х. Хушбахтов, С. Қурбонов ва Ф. Хоҷаев буданд. Айни замон, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис Абдуқудусовна мебошад. 

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон – узви Конфедератсияи Байналмиллалии иттифоқҳои рассомон ва Ассотсиатсияи рассомони Юнеско мебошад. Иттифоқ дорои 5 бахшҳои минтақавӣ мебошад: дар Вилояти Суғд, Хатлон ва ВМБК (Суғд, Истаравшан, Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хоруғ). Айни замон, дар узвияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 240 нафар рассомони миллатҳои гуногун ва рассомони соҳаҳои гуногуни санъати тасвирӣ шомиланд. 

Мақсади асосии фаъолияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ин рушди санъати тасвирӣ, санъати ороишӣ-амалӣ ва тарғиби он дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳифз ва рушди робитаҳои эҷодии рассомони миллатҳои гуногун аст. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ буда, самтҳои гуногуни санъати тасвириро муттаҳид месозад. Фаъолият ва мақсади минбаъдаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба пешрафти фарҳанг дар ҷумҳурӣ, эҷодиёти фаъоли рассомон, рушди муносибатҳои эҷодии ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ равона карда шудааст.