Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

4 октябри соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ, мудири кафедраи забонҳо Оятулло Қурбонов бо маърӯза дар мавзӯи мазкур суханронӣ намуд. Донишҷӯёни консерватория бо қироати шеърҳо аз ашъори бузургони тоҷик дар васфи забони тоҷикӣ чорабиниро рангинтар намуданд.

Меҳмонони чорабинӣ инчунин аз намоиши китобҳо оид ба забони давлатӣ баҳра бардоштанд.