Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазири фарҳанг

 

Ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи сипос ворид гардид.

Дар матни нома аз ҷумла омадааст: «Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ҷиҳати саҳм гузоштан ва мусоидат намудан дар омодагӣ ва баргузории ҷаласаи ХХХ1 Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, ки 21 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид, изҳор менамояд».