Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Забон – нишони ҳастии миллат

5 октябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори машваратии Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Забон-инъикоскунандаи миллату фарҳанг» баргузор гардид. 

Қабл аз ифтитоҳи конфронс меҳмонон аз намоиши китобии омода намудаи кормандони китобхонаи вилоятӣ боздид намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси комиссияи забони назди Китобхонаи вилоятӣ Заррина Оқилова ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуд. 

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Сайидмуъмин, намояндаи бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров иштирок намуда, дар бораи ҳифзи забон, поку беолоиш нигоҳ доштани он суханҳои пурҳикмат иброз намуданд. Қайд гардид, ки забон ифодагари тафаккури шахс ва миллат аст ва насли имрӯза дастовардҳои маънавии худро ба насли оянда тавассути забон мерос мегузорад. Вазифаи аввалиндараҷаи наврасону ҷавонон илму дониш омӯхтан ва дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Зеро насли имрӯзу фардоро мебояд,ки забони модарии хешро эҳтиром намоянд ва онро ҳамеша ҳифз кунанд. 

 

Саодат Абдуллоева – муовини директории
Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”