Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 07:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоми шеър дар Сафорати Фаронса

 

Шоми 4 октябри соли 2018 дар саҳни ҳавлии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ Шоми шеър баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, адибон, ҳунарпешагону санъаткорон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 

Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар оғози чорабинӣ меҳмононро бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва тоҷикӣ табрик ва хайрамақдам гуфт. Бо лаҳни зебои тоҷикӣ сухан гуфтани сафири фарҳангдӯст аз ҷониби адибону зиёиён хеле хуш пазируфта шуд ва бо кафкӯбиҳо истиқбол гардид. 

Сипас, шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Зулфия Атоӣ, Меҳмон Бахтӣ ва дигарон баромад карда, аз эҷодиёти худ порчаҳо қироат намуданд. 

Дар чорабинӣ шеърҳо бо забонҳои гуногун садо доданд. Шоми шеър дар фазои хуби дӯстона ва шоирона, зери оҳанги мусиқии классики тоҷикӣ баргузор гардид ва меҳмононро тасхир намуд.