Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ

 

«Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад».

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, 
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

5 октябри соли 2018 дар Рӯзи ҷашни «Забони давлатӣ» дар толори хониши оммавии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки доираи восеи хонандагону истифодабарандагони китобхона конфронсӣ илмии адабӣ таҳти унвони «Забони миллат- Ҳастии миллат» баргузор гардид.

Китобдорон ба хонандагон оид ба қадру манзалати забони ноби тоҷикӣ маълумотномаҳо пешниҳод намуда инчунин аз ашъори шоиру нависандагони классику муосир дар ситоиши забон шеърҳо қироат намуданд.

Иштирокдорони конфронс аз намоиши китобии «Забон шиносномаи миллат аст» низ баҳра бардоштанд. 

С. Мушта,
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Шамсиддин Шоҳин