Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи фарҳанг

 

5 октябри соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти муассисаи мазкур, устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал ва рӯзноманигори варзидаи ин давлати ба мо ҳамсоя Сардорӣ Хушхон, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар барномаи идона, ки аз ҷониби омӯзгори муассисаи таълимӣ Саврия Қурбонова дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ таҳия гардида буд, донишҷӯён дар васфи забон шеърҳо қироат намуданд.

Рақс, суруд ва саҳначаи тарбиявӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардиданд, чорабиниро боз рангинтар намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал баромад намуда, дар бораи бузургии забони тоҷикӣ ва инчунин рушди соҳаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Идрис Оқилов суханронӣ намуда, меҳмононро барои ташрифашон ба муассисаи таълимӣ ва иштироки онҳо дар чорабинии мазкур арзи сипос намуд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.