Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

 

6 октябри соли 2018 дар саҳни муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ ва мутантан бо иштироки аҳли фарҳангу адабиёт ва санъати ноҳия баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов баргузор гардида, аҳли коллеҷ перомуни сухану суханварӣ ва забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироъат намуданд. Ромишгарону овозхонҳо, ки аксарияташон донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ буданд, бо истеъдоду ҳунари худ табъи ҳозиринро болида гардониданд. 

Дар интиҳои чорабинӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрику муборакбод гуфтанд. 

Чорабинӣ дар сатҳи баландӣ адабӣ ва фарҳангӣ доир гардид.