Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

То парвози «Андалеб» 4 рӯз монд

 

12 октябри соли 2018 дар ноҳияи Темурмалик даври аввали Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» оғоз мешавад.

Сипас, 15 октябр дастаҳои ҳунарӣ аз ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд. 

Баромади дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳӣ дар доираи даври аввали Фестивал-озмун то 17 ноябри соли 2018 идома меёбад. 

Даври дуюми Фестивал – озмун нимаи дуюми моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе 24 ноябри соли 2018 дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории фестивал - озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал - озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд. 

Барои иштирок дар фестивал дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳо барномаи иборат аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумӣ «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараёни бисёровоза (хор), намоиши сарулибоси миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ , порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон, сюитаи овозию рақсиро таҳия намуда манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамон гардонанд. 

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Барои ғолибони даври сеюми Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» аз ҷониби муассис - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳо супорида мешаванд. 

Иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал - озмун инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз мегарданд. 

Ҷараёни тайёрӣ, ташкил ва баргузории фестивал ба уҳдаи Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. 

Телефонҳо барои тамос: 223-04-72; 223-04-50; 221-79-62