Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 07:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Силсилаконсерти «Шоми фалакхонӣ»

 

Шоми 8 октябри соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов бахшида ба Рӯзи Фалак силсилаконсерти «Шоми фалакхонӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ устодон ва донишҷӯёни консерватория силсилаи фалаки помирӣ, қаландарӣ ва рубоихониро дар сатҳи баланд иҷро намуданд, ки аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд. 

Барномаи консертӣ таҳти роҳбарии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, профессор Файзалӣ Ҳасанов ва омӯзгори калони Консерватория Фаридуни Ҳотам таҳия гардида буд. 

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар суннати фалакхониву фалакдонӣ хеле устуворона рушд мекунад. Асосҳои илмӣ-назариявии он зимни падидаҳои нави фалак талқин мегарданд. Инчунин, услубҳои нави силсиласозӣ дар амалияи фалак ворид гардида истодааст. Зуҳуроти мусиқии фалак ҳамчун падидаи беназир имрӯз илми заминавӣ ва шохаҳои гуногунашро ҳам дар назария ва ҳам дар амалияи мусиқӣ хеле равшану аён намоён кардааст. Дар ин ҷода, саҳми устодону шогирдони фалакхон хеле бузург аст.

Шунавандагони фалак ҳамасола имконият пайдо кардаанд, ки силсилаҳои нави фалакро шунаванд. Чунин саҳнаи фалакро Шомҳои фалакхонии Консерваторияи миллӣ ба вуҷуд овардааст.

Соли 2018, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст, устодону донишҷӯёни факултаи мусиқии суннатии тоҷик бахшида ба Рӯзи Фалак Силсилаи Фалаки қаландарӣ (коркарди Файзалӣ Ҳасанов), Силсилаи Фалак бо панҷ гардиш (коркарди Саъдулло Каримов), Силсилаи фалаки помирӣ (коркарди Қодир Лутфишоев) ва Фалаки созиро омода кардаанд.

Боиси зикр аст, ки қисми дуюми барномаи консертии «Шоми фалакхонӣ» 9 октябри соли 2018 соати 17:00 баргузор мегардад.