Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ФАЛАК ҶУЗЪИ ҚАВИИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

Яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рушду нумуъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ буда, дар ин замина, ба хотири эҳёву рушду инкишофи санъати анъанавии миллӣ, аз ҷумла «Шашмақом» ва «Фалак» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги антиқии милливу ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятнок мебошад.

Барои ҳифз ва мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор додани мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби ЮНЕСКО Конвенсия (2003) қабул шудааст. Мақсади асосии он нигаҳдошт, эҳтиром, ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва ҳамкории байналмилалӣ барои мусоидат дар самти хифзи ин мерос буда, самтҳои он муқаррар гардидааст. Инҳо эҷодиёти даҳонакии халқ, санъати иҷрокунандагӣ, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Зимнан, таъсиси Консерваторияи миллӣ, ба коллеҷҳо табдил дода шудани якчанд муассисаҳои таълимии мусиқӣ, таъсиси ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ва «Фалак», ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодию анъанавии миллӣ ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон пазируфта шудани «Шашмақом» дар сессияи 92-юми Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ЮНЕСКО, аз ҷумлаи дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Қаблан, соли 2015 номинатсияи мусиқии суннатии тоҷикон «Фалак» ба Ҷоизаи байналмиллалии «GLOBAL RATING NOMINATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО мушарраф гардида буд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон аз ҷониби олимони Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳқиқ ва омўзиши илмии унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик аз ҷумла номинатсияи Фалак ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО анҷом ёфт.

Мусиқии мардумӣ ҳамчун фолклори мусиқӣ эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл меояд. Азбаски мусиқии мардумӣ дар ҳамаи форматсияҳои таърихӣ-ҷамъиятӣ (ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ) вуҷуд дошт, онро ҳамчун қисми таркибии эҷодиёти халқ ва решаи санъати мусиқӣ баҳогузорӣ намудан лозим аст. Мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро (аз қабили Шашмақом ва Фалак) фаро мегирад, таърихи хеле қадима дорад.

Жанри мусиқии Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар имрӯз хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.

Боиси сарфарозист, ки Истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак арҷгузорӣ намуд ва тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии «Шашмақом», «Фалак» ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст».

Қобили зикри хос аст, ки бо Амри Президенти кишвар дар бораи таҷлили идҳои нави фарҳангӣ баҳри ҳифзу рушду васфи мусиқии волои классикӣ – Шашмақом (12 май) ва мусиқии касбии суннатӣ – Фалак (10 октябр) ҳамасола шаклҳои гуногуни ҷашнвораҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд ва дар ин ҷода пажуҳиши онҳоро низ яке аз масъалаи муҳимтарини илми санъатшиносии муосир маҳсуб донист.

Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри нодири мусиқии суннатӣ, эҳё ва нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат менамояд».

Дар ин замина, бо мақсади таблиғ намудани арзишҳои фарҳанги миллӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеии наврасону ҷавонон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон рўзи 9 октябри соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рўзи Фалак», лекторияи мусиқӣ ва чорабинии фарҳангиро баргузор менамояд.

 

Хуршед Низомов
Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон