Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи фалак ва ёдбуди Одина Ҳошим

 

Шоми 9 октбяри соли 2018 соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи фалак ва 80-умин солгарди ёдбуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, Афзалшо Шодиев, Озодамоҳ Мӯҳтарамова, Ҷамшед Исмоилов, Сурайё Қосимова, Абдулхайр Ҳошимов, ҳофизони Филармонияи халқии ноҳияи Ҳамадонӣ, ансамбли «Садо»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, ансамблҳои рақсии «Ҷаҳоноро», «Чаман» ва донишҷӯёни шуъбаи «Фалак»-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. 

Одина Ҳошимов – ҳофизи хушхон, ин фарзонафарди майдони ҳунар 13-уми июни соли 1937 дар деҳаи Нимдараи ноҳияи Даштиҷуми ҳозира ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон, дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов тавлид, дар домони модари боиффати адабиётдӯст, донандаи хуби осори Ҳофизу Бедил ва даҳҳо суханварони мумтози классик тарбият ёфтааст. 

Ӯ се сол дар шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карду соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фоъолияти кориашро аз театри халқии ноҳияи Москва (Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон, вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кулобро вогузоштанд. Муддати 13-сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳбарин асарҳои драмавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1980 ба сифти солисти театри мазкур кор кард.

Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимро шуҳратёр намуд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст.

Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов ва Шариф Ҷураев дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд. 

Ва метавон зикр кард, ки худ аз мактаби ҳунари санъаткорони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст. Борҳо дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат намуда, санъати волои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ намудааст. Илова бар ин ин ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим ба кишварҳои зиёде сафар намуда, фарҳангу санъати бою рангини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Одина Ҳошим бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт. Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст. 

Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлату ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз қабили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст. 

Унвони аз ҳама асосӣ «Ҷойгузини дилу дида» маҳсуб меёбад, ки ин унвон ба Одина Ҳошим ҳанӯз аз рӯзҳои аввали руи саҳна омадан насиб гашта буду бо ҳамин унвон, бо ҳамин эҳтиром ва бо ҳамин меҳри бепоёни мухлисон ӯ 16-уми ноябри соли 1993 оламро тарк кард.