Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Навои дил» дар Мактаб-интернати М. Атоев

10 октябри соли 2018 соати 11:00 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи А. Атоев бахшида ба 80-умин солгарди бузургдошти бастакори шинохтаи тоҷик Миратулло Атоев барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Навои дил» баргузор мегардад.

Дар доираи чорабинӣ устодон ва донишҷӯён ба меҳмонон оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии композитори маъруфи тоҷик Миратулло Атоев маълумот дода, гулчини барномаи консертиро аз эҷодиёти устоди зиндаёд манзур медоранд.