Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи фалак ва ёдбуди Одина Ҳошим

Шоми 9 октбяри соли 2018 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи фалак ва 80-умин солгарди ёдбуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст филми мустанад оид ба зиндагӣ ва фаъолияти Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Одина Ҳошимов намоиш дода шуда, аҳли толорро бори дигар бо ҳаёт ва рӯзгори ин ҳунарпешаи зиндаёд ошно гардонид. 

Дар барномаи консертӣ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, Афзалшо Шодиев, Озодамоҳ Мӯҳтарамова, Ҷамшед Исмоилов, Сурайё Қосимова, Абдулхайр Ҳошимов, ҳофизони Филармонияи халқии ноҳияи Ҳамадонӣ, ансамбли «Садо»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, ансамблҳои рақсии «Ҷаҳоноро», «Чаман» ва донишҷӯёни шуъбаи «Фалак»-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуданд.

Сипас, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳамагонро бо Рӯзи фалак муборакбод гуфта, оид ба меҳнатҳои шоёни Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ибрози андеша намуданд. 

Дар фарҷом аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба кулли ҳунарпешаҳое, ки дар чорабинӣ иштирок намуданд, туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.