Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Идомаи силсилаконсерти «Шоми фалакхонӣ» дар Консерватория

 

Шоми 9 октябри соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов бахшида ба Рӯзи Фалак қисми дуюми силсилаконсерти «Шоми фалакхонӣ» баргузор гардид.

Ин навбат устодону донишҷӯёни факултаи мусиқии суннатии тоҷик бо як самимияти хоса барномаи фалакхониро дар чор шакли Фалак бо панҷ гардиш (рубоихонӣ), яъне силсилаи Фалаки помирӣ, силсилаи Фалаки қаландарӣ ва Фалаки созӣ омода карда, пешкаши ҳозирин намуданд.

Барномаи консертӣ таҳти роҳбарии устодон Муҳаммад Зиёев, Солеҳ Одинаев ва Сабзалӣ Сайдалиев таҳия гардида буд.