Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фарҳанг пулест, ки кишварҳоро мепайвандад Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия дар сатҳи баланд доир гардиданд

 

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки аз 6 то 10 октябри соли 2018 дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург дар сатҳи баланд баргузор гардиданд, барои таҳкими бештари ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт неруи тоза хоҳанд бахшид.

Тавре сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дод, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯзҳои 7 ва 8 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия дар шаҳри Москва ва толори Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург барномаҳои мутантани консертии устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони тоҷик доир гардида, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш истиқбол гирифта шуданд.

Дар доираи баргузории барномаҳои Рӯзҳо дар Китобхонаи давлатии Россия намоишгоҳи аксҳо дар мавзӯи «Тоҷикистони муосир» ва китобҳои нависандагони тоҷик, ки ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ чоп шудаанд, барои дӯстдорони китобу шавқмандони санъати аккосӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар расми ифтитоҳи намоиш муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Директори иҷроияи Китобхонаи давлатии Россия Владимир Гнездилов иштирок намуда, аз муносибатҳои неки анъанавӣ ва қаробати ногусастании фарҳангии мардумони ду кишвари дӯсту бародар сухан гуфтанд.

Баргузории намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ва намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир» низ аз ҷониби мардуми рус баҳои баландро сазовор гардида, онҳоро бо табиати бою нотакрор, манзараҳои дилфиреб, тарзи зист ва урфу одатҳои беназири халқи тоҷик шинос намуд. 

Дар намоиши китобҳои ҷолиб дар толори хониши Китобхона намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик манзури хонандагон гардидаанд.

Ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб дар ӯҳда дошта, ба ҳайати эҷодӣ ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Парасту» шомил буданд. Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳо нимаи аввали рӯзи 10 октябри соли 2018 ба ватан баргаштанд. 

Боиси зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус гузаронида шуда, дар давоми 13 соли охир бори чаҳорум баргузор гардиданд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар аксари расонаҳои хабарии Россия ва дигар кишварҳо, инчунин дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ инъикос гардиданд.

Аксҳо аз сомонаи расмии

Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия

ва сомонаи Sputnik