Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«НАСИҲАТ ГӮШ КУН, ҶОНО…». 12 октябр – Рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ

 

Имрӯз, 12 октябр, мардуми  адабпарвари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳофизи Шерозиро таҷлил менамоянд, ки он аз ҷониби ЮНЕСКО эълон карда шудааст.

Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва сойири халқҳои Аҷам аст. Ӯ  қариб ҳатсад  сол аст, ки осмони фарҳангу адаби тамаддуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё мебахшад.

Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш ба дардҳо дармон, ба ҷонҳо сомон ҳадя бинмуда, зиндагии инсонҳои сайёраро боз ҳам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир, пеши пояш бузургтарин шахсиятҳои дунё сари таъзим фуруд оварданд. Пушкин дар пайравии ӯ шеърҳо офаридааст, Гёте ӯро офтоби назми олам номидааст. Вақте дар Олмон Иоҳан Гёттеро «офтоби назм» ном мебаранд, ӯ эътироз мекунад ва мегӯяд: «На, ман Офтоб нестам, Офтоб дар Шарқ тулӯъ мекунад ва он Ҳофизи Шерозӣ аст. Ман танҳо Моҳтобам, ки нурҳои он Офтоби оламгирро мунъакис мекунам…».

Ҳаёти Ҳофизи Шерозӣ, ки ӯро «лисон-ул-ғайб» ном мебаранд,   пур аз ҳодисоти рангин аст. Бобои Ҳофиз аз деҳаи Кӯҳпоя буд, ки дар охирҳои асри XIII аз он ҷо ба Шероз омад ва ба корҳои савдо ва бозаргонӣ шуғл варзид. Падари Ҳофиз Баҳоуддин дар шаҳри Шероз ба дунё омад. Ӯ пас аз хатту савод пайдо кардан ҳамроҳи падараш ба тиҷорат машғул гардид. Ана дар ҳамин оила соли 1325 дар Шероз Ҳофиз ба дунё омад. Баҳоуддин ба фарзандаш коми падар — Шамсиддин Муҳаммадро гузошт. Ба дунё омадани Мухаммад зиндагии аҳли оиларо боз ҳам сурурбахш ва пурнишот гардонд. Шамсиддин Мухаммад аз худ калонтар боз ду бародар дошт. Ба ин муносибат ёру дӯст, хешу табор Баҳоуддинро табрик мегуфтанд ва оилаашро хушбахт ҳисоб мекарданд.

Падари Ҳофиз ҷавонмарг гашт. Акнун ҷойи шодию хурсандиро дар хонаи онҳо ғаму андӯҳ гирифт. Бародарони Ҳофиз, ки нозпарварду коҳил буданд, дар як муддати кӯтоҳ тамоми дороии хонаводаро ба айшу нӯш масраф намуда. Муфлис шуданд. Онҳо модарашон ва Ҳофизи хурддсолро партофта, азми сафар карданд. Ва Ҳофиз бо модараш дар Шероз танҳо монд. Зиндагияшон ниҳоят вазнин гашт. Модари бечора маҷбур шуд, ки писари хурдсоли худ Ҳофизро ба хизмати яке аз давлатмандони маҳалла супорад. Ҳофизи 7-8-сола ба ҳавлии хӯҷатини худ об мекашонид, ҳезум ҷамъ мекард, алав мемонд. Умуман ба корҳои вазнини хоҷагӣ кӯмак мерасонд.

Он пораҳои нонеро, ки хӯҷаин ба ивази хизматаш ба Ҳофиз медод, бегоҳ оварда бо модараш тановул мекарданд ва бо ин маром рӯз мегузаронд. Вале хӯҷаини Ҳофиз марди ҷохил, бераҳму шафқат буд. Бе ҳеҷ гуноҳ Ҳофизро мезад, азоб медод. Чанд соли ҳаёти Шамсиддин Муҳаммад ба ин ҳолат гузашт. Ниҳоят, косаи сабри ӯ лабрез гашта, ҳавлии хӯҷаинро тамоман тарк мекунад ва ба хизмати нонвое медарояд. Албатта, кори нонпазӣ барои бачаи 11-12-сола хеле мушкил буд. Вале Ҳофиз, ки ба меҳнати вазнин одат карда буд, дар ин ҷо низ аз ухдаи кор ба хубӣ баромад.

Бо ҳамин гуна зиндагии пуразоб чандин маҳсу сол сипарӣ шуд. Ҳофиз, ки бачаи ҳушёру зирак буд,  дар ин муддат пешаи нонвойиро аз худ мекунад ва тадриҷан зиндагиашон беҳтар мешавад. Ба ҳама душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ дар дил орзуи хондан ва хату савод пайдо кардан дошт. Бинобарин ҳар рӯз ҳангоми ба кор рафтан аз назди мактабхона мегузашт ва ба қироати толибилмон ва ғалоғулаи онҳо бо шавқу ҳавас нигоҳ мекард ва чанд дақиқае истода гӯш медод.

Рӯзе Шамсиддин Мухаммад бо муаллими мактаб вохӯрд ва мақсадашро баён намуд. Барои хондан муаллим пул талаб кард. Вале Ҳофиз пул надошт. Баъд аз чанд рӯз ин хабар ба гӯши ионвой расид. Нонвой, ки марди накӯкор, покизасиришт буд ва,  аз тарафи дигар, Ҳофизи гапгиру боадабро дӯст медошт, ӯро ба наздаш ҷеғ зада, пурсон шуд:

—    Ту хондан хостӣ, Шамсиддин?

—    Бале, — ҷавоб дод нисарак.

—    Фикр кун, писарам, илму маърифат нуру рӯшноист, лекин шиками касеро сер намекунад, беҳтараш ҳунар омӯз, ҳунар аз ганҷ беҳ!
—    Бигзор гурусна бошам ҳам, мехоҳам каме хондану навиштанро ёд гирам, — гуфт Ҳофиз.

Пас аз маслиҳат онҳо ба чунин хулоса омаданд: Шамсиддин Муҳаммад бояд ба мактаб равад. Ва бояд муздеро, ки  аз нонвой мегирифт, ба се қисмат тақсим кунад. Як микдорашро барои модараш, қисми дигарашро ба муаллим ва микдори охирашро ба худаш ҷудо намояд.

Ба ҳамин тариқ, донишомӯзии Ҳофиз оғоз ёфт. Вале барои Ҳофиз ниҳоят душвор буд. Ба ӯ лозим меомад, ки ҳам кор кунаду ҳам хонад ва муҳиммаш он аст, ки аз дигар шарикдарсонаш қафо намонад. Дар натиҷан кӯшишу гайрати зиёд ӯ яке аз беҳтарин шогирдони мактаб гардид. «Қуръон »-ро аз бар намуд ва бо лаҳну овози мутаассиркунанда онро аз ёд мегуфт. Барон ҳамин ҳам баъди се-чор сол омӯзгорон ва шарнкдарсонаш ӯро Ҳофиз гуфта ба забои мегирифтанд. Вале Ҳофиз ба маънои сураю оятҳои ин китоби динӣ сарфаҳм намерафт.Ӯ бештар қиссаю ривоятҳои халқй ва махсусан, шуннданн достонҳои «Шоҳнома »-и Абулқосим Фирдавсиро дӯст медошт ва дар вактҳои бекорӣ ба назди қиссахонҳо рафта, нақлҳои онҳоро бо шавқу завқ гӯш мекард.

Ҳофиз, пас аз он ки савод баровард, худаш кам-кам шеър менавишт, вале ба ягон кас нишон намедод. Шарикдарсонаш аз ин кори ӯ хабар меёбанд. Шамсидднн дар шеърҳои эҷодкардааш тахаллуси «Ҳофиз»-ро мегузорад. Албатта, шеърҳои навмашқонаи ӯ дили касеро ба шӯр намеоварданд ва дорои камбудихои зиёд буданд. Ӯ ҳатто аз дигарон таънаю маломат мешунид. Аммо рӯҳафтода нагашт. Пайваста ашъори шоиронн гузашта ва ҳамзамононашро азбар намуд, аз онҳо санъати суханварӣ омӯхт. Баъди ин шеърҳои ӯ ранги дигар гирифтанд. Акнун ӯро ҳамчун шоир шинохта, дигар мазоҳу масхара намекарданд.

Солҳо гузаштанд, ӯ мактабро ба итмом расонид ва ба мадраса дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо нуҷум, ҳандаса, ҳисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъро омӯхт. Пас аз хатми мадраса ба ӯ унвони «Хоҷа»-ро доданд, ки ин маънои олим. Донишманд, ҳаким ва устодро дошт.

Рӯз аз рӯз қалами Ҳофиз сайқал меёфт. Шеърҳои ӯро хоссу ом азбар мекарданд. Дар маҷлиси шуаро шеър мехонд ва таҳсину офарин мешунид. Шуҳрати шоирии Ҳофиз дар Шероз паҳн шуд. Овозаи ӯ ба гӯши ҳокими Шероз Шайх Абуисҳоқ расид ва ӯ Ҳофпзро ба дарбор даъват кард. Азбаски Абуисҳоқ шахси фозилу шоирпарвар буд, Ҳофиз даъвати ӯро қабул намуд. Ҳаёти дарбор чандон тӯл накашид. Амир Муборизиддин ба мамлакат ҳуҷум оварда, Шерозро шрифт. Халқи бечораро ғорат кард, Абуисҳоқ ва фарзандони ӯро қатл намуд. Зулму золимӣ ва қатлу ғорат авҷ шрифт. Мардуми баҷонрасида намедонистанд, ки чӣ чора ҷӯянд. Х,офиз низ яке аз онҳо буд. Вай ҳаёти нисбатан хуби гузаштаро ба ёд оварда, аз шӯру шари замона ба дод меомад. Ягона марҳами рози дили озордидан ӯ ғазалҳои эҷодкардааш буд. Бо ҳамин дилашро то андозае таскин медод. Дар ин қабил ғазалҳои ӯ оҳангн яъсу ноумедӣ хеле пурқувват ба назар мерасад.

Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?

Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?

Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?

Хун чакид аз шохи гул, боди баҳоронро чӣ шуд?

Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,

Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?

Дар ин ҳангом подшоҳи Ироқ Султон Ҳусайн Ҳофизро ба Бағдод таклиф кард ва барои меҳрубонии худро нишон додан ҳадяе низ фиристод. Вале Ҳофиз ин таклифро рад кард.

Ҳасудон ва дигар ашхоси нолоик ба ҳамаи ин дарду алами Ҳофиз нигоҳ накарда, ӯро озор медоданд. Ба қадри ӯ намераси-данд. Бинобар пн Ҳофиз маҷбур шуд, ки ба Язд сафар кунад.

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулке дигар аидозем.

Дар Язд шоирро шоҳ қабул намекунад. Баъд аз чанд муддате бо як азобу уқубати зиёд ба зодгоҳаш бармегардад.

Подшоҳи Дакан ба воситаи Мирзо Фатҳуллоҳ ба Ҳофиз туҳфа фиристода, ӯро ба Ҳиндустон таклиф мекунад. Аз нодорию тангдастй шоир ин таклифро қабул мекунад ва ба сафар мебарояд. Вале ҳанғоме ки аз баҳри Муҳит мегузаштанд, тӯфони азиме бармехезад. Киштӣ дар байни мавҷҳо қариб нобуд мешуд. Ниҳояг бо як азоб киштиро ба бандар бармеғардонанд. Ҳофиз аз он ҷо ба Шероз бозмегардад. Бори дувум Маҳмудшох Ҳофизро ба Ҳинд таклиф мекунад. Вале Ҳофиз боз ин таклифро қабул ыакарда, писараш Шоҳ Нуъмонро, ки майли рафтан дошт, мефиристад

Писари Ҳофиз дар Бурҳонпур дар роҳ вафот мекунад. Ин ҳодисаи нохуш қалби дардноки Ҳофизро реш кард ва нолаҳои ҷонсӯз аз дили шоир ба фалак расид.

Марти фарзанди охирин барои Ҳофиз хеле вазнин афтод. Ше-роз бо тамоми зебоихояш дар чашми шоир хира, гамхона ва бе-тароват менамуд. Кунун аз ёру дуст ва хешу ақрабои Ҳофиз ягон кас намонда буд. Аз ин ҷост, ки ёди бобоёну ачдоди худ карда ба Исфаҳон сафар намуд.

Ҳофиз чанд сод дар Исфаҳон ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ боз ба зодгоҳаш баргашта, поённ умри хешро дар Шероз мегузаронад.

Поёни умри шоир дар фақирй ва тангдастӣ мегузарад. Ба ҳамин тариқ, соли 1389 дар Шероз вафот мекунад. Ӯро дар наздикии шахри Шероз,  дар Боғи Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангорант дафн намуданд.

Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони одам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сод ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат мекунанд…

Дар зер чанд ғазали шоири шаҳирро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!
Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус,
Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?
Чӣ нисбат аст ба риндӣ салоҳу тақвиро,
Самои ваъз куҷо, нағмаи рубоб куҷо?
Зи рӯйи дӯст дили душманон чӣ дарёбанд?
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?
Чу кӯҳли биниши мо хоки остони шумост,
Куҷо равем, бифармо, аз ин ҷаноб куҷо?
Мабин ба себи занахдон, ки чоҳ дар роҳ аст,
Куҷо ҳамеравӣ, эй дил, ба ин шитоб куҷо?
Бишуд, ки ёди хушаш бод рӯзгори висол,
Худ он карашма куҷо рафту он итоб куҷо?
Қарору хоб зи Ҳофиз тамаъ мадор, эй дӯст,
Қарор чист, сабурӣ кадому хоб куҷо?

***

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухоро.
Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармойӣ, в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Хадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

***

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёро.
Дар ҳалқаи гулу мул, хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро!
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.
Осойиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қублат-ил-узоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум аст санги хоро.
Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
Хубони порсигӯ бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напӯшид ин ҳирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.

***

Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро!
Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.
Гарчи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дардеҳ, чанд аз ин боди ғурур
Хок бар сар нафси нофарҷомро.
Дуди оҳи синаи сӯзони ман
Сӯхт ин афсурдагони хомро.
Маҳрами рози дили шайдои худ
Кас намебинам зи хосу омро.
Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К-аз дилам якбора бурд оромро.
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар кӣ дид он сарви симандомро.
Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб,
Оқибат рӯзе биёбӣ комро.

***

Дӯш аз масҷид сӯйи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо.
Мо, муридон, рӯй сӯйи қибла чун орем, чун
Рӯй сӯйи хонаи хаммор дорад пири мо.
Дар хароботи муғон мо низ ҳамдастон шавем,
К-ин чунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.
Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз пайи занҷири мо.
Рӯйи хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,
З-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.
Бо дили сангинат оё ҳеҷ даргирад шабе,
Оҳи оташноку сӯзи синаи шабгири мо?
Тири оҳи мо зи гардун бигзарад,
Ҳофиз, хамӯш,
Раҳм кун бар ҷони худ, парҳез кун аз тири мо!

***

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо,
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози сиҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ,
Худ ояд он, ки ёд наёрӣ зи номи мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол,
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қавоми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.

***

Синаам з-оташи  дил дар ғами ҷонона бисӯхт,
Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт.
Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт,
Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯхт.
Сӯзи дил бин, ки зи бас оташи ашкам дили шамъ
Дӯш бар ман зи сари меҳр, чу парвона, бисӯхт,
Ошноӣ на ғариб аст, ки дилсӯзи ман аст,
Чун ман аз хеш бирафтам, дили бегона бисӯхт.
Хирқаи зӯҳди маро оби харобот бибурд,
Хонаи ақли маро оташи майхона бисӯхт.
Чун пиёла дилам аз тавба, ки кардам, бишикаст,
Ҳамчу лола ҷигарам бе маю хумхона бисӯхт.
Моҷаро кам куну боз о, ки маро мардуми чашм,
Хирқа аз сар бадар оварду ба шукрона бисӯхт.
Тарки афсона бигӯ, Ҳофизу май нӯш даме,
Ки нахуфтем шабу шамъ ба афсона бисӯхт.

***

Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост,
Май зи майхона ба ҷӯш омаду мебояд хост.
Тавбаи зӯҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт,
Вақти шодиву тараб кардани риндон пайдост,
Чӣ маломат бувад онро, ки чунин бода хӯрад,
Ин чӣ айб аст бад-ин бехирадӣ в-ин чӣ хатост.
Боданӯшӣ, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад,
Беҳтар аз зӯҳдфурӯшӣ, ки дар ӯ рӯву риёст.
Мо на мардони риёему ҳарифони нифоқ,
Он, ки ӯ олими сирр аст, бад-ин ҳол гувост.
Фарзи Эзид бигузорему ба кас бад накунем,
В-он чӣ гӯянд раво нест, нагӯем равост.
Чӣ шавад, гар ману ту чанд қадаҳ бода хӯрем,
Бода аз хуни разон аст, на аз хуни шумост.
Ин чӣ айб аст к-аз он айб халал хоҳад буд,
В-ар бувад, низ чӣ шуд, мардуми беайб куҷост?
Ҳофиз, аз чуну чаро бигзару май нӯш даме,
Назди ҳукмаш чӣ маҷоли сухани чуну чарост.

АМИТ «Ховар»