Сомонаи пешина | Сш, 15 Октябр 2019 | 17:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи фаъолияти Вазорати фарҳанг дар нӯҳ моҳи соли 2018 ва вазифаҳо то охири сол

ҲИСОБОТИ 

фаъолияти Вазорати фарҳанг дар нӯҳ моҳи соли 2018 ва вазифаҳо то охири сол

 

Тамоми фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли равон ба амалӣ гардонидани сиёсати фархангпарваронаи Президенти мамлакат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҷашну идҳои милливу касбии ба ин марҳила ростомада дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил гардиданд. Чун ҳарсола, тантанаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ, “Шоми дӯстӣ” дар заминаи таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду халқи дӯст — тоҷику ӯзбек, Иди Наврӯз, Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон, ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар сатҳи баланд доир гардида, чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бемайлон амали шуда истодаанд. 
Корҳои омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар рӯз ба рӯз вусъат гирифта, фазои фарҳангии кишвар ҳамеша пур буда, боғҳои зиёди фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гардида истодаанд ва дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ мунтазам доир карда мешаванд.

I. СОҲАИ САНЪАТ.

Яке аз самтҳои фаъолияти бевоситаи муассисаҳои театрию консертӣ ташкили чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ ва ба саҳнагузории асарҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои 25-солагии Артиши миллӣ, Иди Модарон, Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент, таҷлили Рӯзи Пойтахт, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи “Шашмақом”, Рӯзи Ҷавонон, Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд. 
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо ҷалби беҳтарин ҳунарпешагон ва гурӯҳҳои ҳунарии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” бо шукӯҳу шаҳомат доир гардид, ки баҳри рушду густариши равобити фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам овард. Инчунин чунин барномаи муштараки “Шоми дӯстӣ” бо иштироки 170 нафар хунармандони точик дар шахри Тошкент доир гардид. Шашмакомсароёни точик дар фестивал-озмуни байналмилали дар шахри Шахрисабз ширкат намуда, сохиби мукофоти баландтарини он — “Шоҳҷоиза” гардиданд.
Бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ рӯзҳои 21, 22 ва 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Дӯстии халқҳо”, Боғи ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби беҳтарин овозхонон, гурӯҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ силсилабарномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳия ва пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Дар ин доира, аз 18 то 25 март дар тамоми муассисаҳои театрию консертӣ намоишномаҳо ва барномаҳои рангини консертӣ манзури шаҳрвандон гардонида шуданд.
24 март дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар ва шоми 25 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоишҳои пуршукӯҳи театрикунонидашуда бо иштироки меҳмонону шаҳрвандон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчунин дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ ва ташкилӣ доир гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 21 то 26 июни соли 2018 дар ҷамоатҳои ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҷониби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сокинони ин навоҳии дурдаст гардиданд. Тантанаҳои асосии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ба иди ҳақиқӣ табдил ёфтанд, ки маросими бузургдошти он аз ноҳияи Шаҳристон оғоз гардида, рӯзи 26 июни соли равон дар маҷмааи зебои таърихию фарҳангӣ Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан идома ёфтанд. Рӯзи 27 июни соли 2018 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои консертии пойтахт ва вилояти Суғд бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол ҷалб гардида буданд, дар сатхи баланд доир гардид.
Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бо мақсади идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва рушду густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ 17 август дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бо иштирок Сарони давлатҳо доир гардид, ки баргузории онро Роҳбарони олии ду кишвар намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта, чорабиниҳои чашни дар тамоми мамлакат дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ таҳия ва дар рӯзҳои 8-9 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Абдулқосим Фирдавсӣ», майдони «800-cолагии Москва», боғи “Устод Садриддин Айнӣ”, боғи “Мироненко” бо ҷалби ҳунарпешагону гурӯҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ дар руҳияи идона баргузор шуданд.
Тантанаҳои асосии ҷашнӣ шоми 9 сентябр соли 2018 дар муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар бо барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои театрию консертӣ бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Истиқлолият дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ доир гардиданд.
Дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи мақомсароёни кишвар ба Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, соҳиб гардиданд. Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар форуми мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ, мақомсароӣ доварони чорабинӣ ва тамошобинонро мафтун намуданд.
Боиси зикр аст, ки форуми мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё доир шуд. Дар доираи Форум конфронси амалӣ дар мавзӯи «Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ», инчунин намоиши асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст, ташкил гардид, ки муаккикони варзидаи точик баромад намуданд.
Падидаи фараҳбахши аҳли театрии кишвар он буд, ки дар оғози соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона” таъсис ёфт ва ба фаъолияти пурсамар шурӯъ намуд.
Дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар театрҳои касбии кишвар 47 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 22 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 25 намоиш рӯи саҳна омад.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ драмавии ба номи А.Лоҳутӣ аз 20 то 30 апрели соли 2018 бо намоишномаҳои «Вийд»-и Ҷ.Қуддус ва «Ҷиноят ва ҷазо»-и М.Зощенко ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Намоишҳои нави “Ҷашн”-и А.Чехов (тарҷумаи Ҷ.Қуддус) дар таҳияи Б.Қурбонзода, “Обу оташ”-и Мансур Суруш дар таҳияи Ш.Абдулқайсов, «Шуллук ва беваҳо»-и Ш.Солеҳ дар таҳияи З.Ҷаводов, «Мусичаро напаронед»-и Н.Табаров дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д.Убайдуллоев, “Ишқи нобино”-и Маҷид Салим дар таҳияи Т.Аҳмадхонов ва намоиши “Дили Модар” аз рӯи достони манзуми Ниҳонӣ “Давлати дин” дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Рӯзи 30 июн дар доираи сафари ҳунарии Театри миллии Ҷумҳурии ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Жайдари келин»-и Нурулло Аббосхон пешкаши тамошобинони ду кишвари ҳамсоя чун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек доир гардид.
Дар маҷмӯъ 164 спектакли театрро 27642 нафар тамошо намуданд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дӯстдорони санъати касбӣ намоиши “Кӯршапарак”-и И.Штраус, нахустнамоиши «Алеко»-и С.Рахманинов ва нахустнамоиши афсонаи мусиқии “Буратино” дар таҳияи саррижессёри театр Султон Усмонов саҳнавӣ намуда, пешкаши тамошобинон гардонид. Бахшида ба таҷлили зодрӯзи Артисти халқии СССР, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, ситораи балети тоҷик Малика Собирова 22 майи соли равон Гала-консерт баргузор гардид. Рӯзи 21 июн бо сарварии Сархормейстери театр консерти хорсароёни театр баргузор гардида, дар он аккапелаҳои композиторҳои тоҷик, рус, қирғизӣ, хитоӣ, украинӣ, беларусӣ ва асарҳои ҷашнӣ садо доданд. 24 июни соли 2018 маҳфили эҷодӣ бахшида ба 45-солагии фаъолият ва 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов дар толори театр баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳо бо Театри калони академии ба номи А.Навоии Ҷумҳурии ӯзбекистон бори нахуст ҳунарпешагони театри мазкур Нодира Ҳамроева ва солисти балет Улуғбек Олимов барои иштирок дар намоиши «Маликаи хуфта»-и П.И.Чайковский даъват гардиданд. Тибқи нақша 15 сентябр мавсими нави театриро бо операи Ш.Сайфиддинов «Рӯдакӣ» манзури оғоз намуд.
Ҳайати эҷодии Театр дар давоми нуҳ моҳ 64 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури 15 280 нафар тамошобинон гардонид.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар ин давра намоиши навро аз рӯи асари Саид Аҳмад «Исёни арӯсон» дар таҳияи Х.Мустафоев, намоишномаи нави кӯдакона «Приключение Синдабада и Юнги» аз рӯи асари Р.Уланова дар таҳияи Р.Уланова, «У войны не женское лицо» аз рӯи асари С.Алексиевич дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон М.Дадаева ва «Тартюф» аз рӯи асари Ж.Б.Мольер дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Б.Миралибеков саҳнавӣ гардонид. Аз 19 то 29 апрели соли ҷорӣ аҳли ҳунари театр дар вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар маҷмӯъ театр 123 намоишномаро ба 11653 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намуд.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши тозаэҷодро аз рӯи асари Меҳмон Бахтӣ — «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ», дар таҳияи Ш.Халилов, «Коргардон»-и А.Фаррухӣ ва М.Миров дар таҳияи коргардон М.Миров, «Гумроҳон»-и Д.Мирхонов дар таҳияи И.Мингбоев ва «Бузаки ҷингилапо»-и Р.Воҳидов дар таҳияи В.Шеров саҳнавӣ гардонид. Дар моҳи май Бенифис-маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоеваро бахшида ба 50-солагии фаъолияти ҳунариаш бо шукуҳу тантанаи хос баргузор намуд. Аз 5 то 13 майи соли равон ҳунарпешагони театр бо намоиши «Актриса» дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо «Фазои ҷавонӣ» (Пространство юных) дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуда, сазовори ҷоиза, тандис ва сипосномаҳо гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 122 намоиши театрро 22374 нафар мухлисони санъат тамошо кардаанд.
Кормандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар давоми нуҳ моҳ намоиши «Шоҳзодаи хурдакак»-и А.Сент-Экзюпери дар таҳияи Ю.Москалевич, дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии ОКСФАМ дар Тоҷикистон намоиши лоиҳавӣ «Об неъмати бебаҳост» муаллиф ва таҳиягар Ҳотам Салимов ва «Китоб манбаи дониш аст» (Ҳ.Салимов, И.Бухориев) таҳия намуда, ба саҳна гузоштанд. Дар ин давра ҳайати эҷодии театр ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Театр 158 намоишро ба 28224 нафар мухлисони хурдсол пешкаш намуд.
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов асарҳои “Дар олами вуҳуш”-и Қ.Ҳомидов ва моно-спектакли “Ватандорӣ” аз рӯи осори Лоиқ Шералӣ саҳнавӣ гардиданд.
Фаъолияти театрҳои музофотии кишвар дар давоми нӯҳ моҳи соли равон бехбуди ёфта, ҳайати эҷодии Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоишномаҳои «Дугоникҳо»-и Могилевцев дар таҳияи С.Алимов, «Бори каҷ» -и Ато Ҳамдам дар таҳияи Саломуддин Додарбеков, “Роҳҳо”-и И.Усмонов ва А.Қодиров дар таҳияи А.Қодиров ва “Тахти Султон Маҳмуд» -и Ш.Солеҳ дар таҳияи Р.Одинаев рӯи саҳна оварда шуда, пешкаши тамошобинон гардиданд.
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар 26 майи соли 2018 намоишномаи «Рудолфио» аз рӯи ҳикояи В.Распутин ва намоиши “Қиёмат”-и Ҷ.Қуддус аз рӯи асари ҳамноми Ч.Айтматов дар таҳияи П.Раҷабзода аз ҷониби шӯрои бадеии театр қабул гардид. Ҳайати ҳунарии театр ба ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ сафари ҳунарӣ намуданд.
Ба зиёда аз 32000 ҳазор тамошобин бо пешниҳоди 135 намоиш хизмати маънавӣ расонида, 110665 сомонӣ нақшаи даромади театрро иҷро намуданд.
Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар бо нахустнамоиши асари “Подоши амал”-и А.Абдураҳмонов рӯзи 5 апрели соли 2018 дари худро ба рӯи тамошобинони хурдсол боз намуд. Ҳайати эҷодӣ мавсими нави театриро бо намоиши тозаэҷодӣ Х.Давлатов “Бурёкубони Харгӯшак” оғоз намуд.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб. Намоишҳои тозаэҷоди “Дар кӯчаҳои қисмат”-и Ато Ҳамдам дар таҳияи Р.Одинаев ва “Умед”-и Ш.Солеҳ дар таҳияи С.Мадалиев саҳнавӣ гардида, манзури тамошобинон шуданд. Театр зиёда аз 38 барномаҳои рангини консертии худро таҳти унвони «Субҳи ҷавонӣ» дар ноҳияҳои Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, Темурмалик ва шаҳри Норак доир намуданд.
Дар умум ҳунармандони театр нуҳмоҳи соли ҷорӣ зиёда аз 102 намоиш ва барномаҳои фарҳангиро ба 21 ҳазор нафар тамошобин пешниҳод намуданд.
Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар ин давра асари Дарио Фо “Тиҷорат” дар таҳияи У.Хисравов ва “Датабара”-и П.Қиматшоевро рӯи саҳна овард. Ҳайати эҷодӣ ба ноҳияи Роштқалъа сафари ҳунарӣ намуданд.
Дар маҷмуъ, аҳли эҷоди театр 61 намоишро пешниҳоди 3456 тамошобинон намуданд.
Ҳайати эҷодии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуданд. Нахустнамоиши «Макри зан»-и Ҷ.Қуддус дар таҳияи Н.Пояндаев ва «Исёни арӯсон»-и С.Аҳмад дар таҳияи С.Исоева пешкаш гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 63 барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳо ба тамошобинон ва мухлисони театр манзур гардида, 24905 нафар тамошобинононро тамошо карданд.
Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Алинур”-и В.Мейерхолдро дар таҳияи Ш.Ҷӯраев пешкаши тамошобин гардонид. Ҳайати эҷодии театр ба шаҳрҳои Исфара, Гулистон ва ноҳияи Ҷ.Расулов бо намоишномаи «Заргӯшаки доно» Ш.Қиёмов сафари ҳунарӣ намуд. Мавсими нави театриро аҳли ҳунари муассиса бо намоиши нави “Хубони эрка” аз рӯи асари Я.Мирсаков оғоз намуданд.
Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон намоишномаи нав — «Эй войи ҷавонӣ»-и Н.Шарипов ва Б.Холов, “Бояд китобхон шавем”-и Н.Шариповро рӯйи саҳна оварданд.
Дар ин давра 66 намоиш ба сокинони шаҳр пешниҳод гардид, ки онҳоро 5464 нафар тамошо карданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоишномаи “Эраҷпаҳлавон”-и Ш.Қиёмов ва “Бори дигар дар бораи тоқисурхак” аз рӯи асари С.Ефремов ва С.Коганро дар таҳияи Н.Аҳмедова пешниҳоди тамошобинон гардониданд. Ҳунармандони театр бо намоишномаи «Оҳуи тиллоӣ»-и Ш.Қиёмов ба шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Гулистон ва ноҳияҳои Б.Ғафуров сафари ҳунарӣ намуданд, ки бисёр хубу хотирмон баргузор гашт. Дар маҷмӯъ 148 намоиши театрро 17717 нафар тамошо карданд.
Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаҳои «Тоқисурхак»-и Е.Шварц дар таҳияи Д.Шукурҷонзода ва «Оҳ муҳаббат» -и Олим Салимов дар таҳияи Шехов Сӯҳроб саҳнавӣ намуд. Мавсими нави театрӣ бо намоши тозаэҷод “Қобил” аз рӯи асари Ҷ.Байрон, тарҷимаи С.Ҷило дар таҳияи А.Хоҷақулӣ оғоз гардид.
Дар ин давра, театр 149 намоишномаро ба 13567 тамошобинон манзур намуданд.
Театри давлатии драмавии ӯзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи “Ҳаммолии Азроил”-и У.Усмон дар таҳияи Т.Маликов саҳнавӣ намуда, дар ноҳияҳои вилоят сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Айни замон аҳли театр ҷиҳати таҳияи намоиши нав “Ситораи танҳо” аз рӯи асари Н.Аббосхон омодагиро ба роҳ мондаанд.
Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт дар ин давра намоишномаи тозаэҷоди Ш.Ҷӯраев “Дар ҷустуҷӯи Бобои Барфӣ” -ро рӯи саҳна овард.
Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 41 намоиш ва барномаҳои ҳунарии театрро 21990 нафар сокинон тамошо карданд.
Муассисаҳои консертӣ низ фаъолияташонро тибки талаб такмил дода, дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашну идҳои миллӣ дар Боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе — 69, НБО “Роғун” — 9, вазорату идораҳо — 32 ва таҷлили ҷашнҳои муҳими сиёсӣ — 41 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар маҷмӯъ — 169 чорабиниро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 87 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 59 номераҳои нави рақсӣ эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.
Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев дар давраи ҳисоботӣ дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 25-солагии Артиши Миллӣ, Иди Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, барномаи муштараки “Шоми дӯстӣ” дар Ҷумҳурии ӯзбекистон, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои консертӣ иштирок намуданд.
Ҳунарпешаи муассиса Фирдавс Ҳошимов моҳи апрели соли ҷорӣ дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев дар ҳайати ҳунарии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳунарнамоӣ намуд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии муассиса 43 суруду оҳангҳои дастаҷамъона аз ҷониби гурӯҳҳои консертӣ ва 28 рақс аз ҷониби ансамблҳои рақсӣ эҷод ва дар барномаҳои консертӣ иҷро намуданд.
Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ дар ҷашнҳои 25- солагии Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, барномаи “Шоми дӯстӣ”, Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе, таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, барномаи муштараки “Шоми дӯстӣ” дар Ҷумҳурии ӯзбекистон, таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва чорабиниҳо фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр, дар маҷмуъ дар 143 барномаҳои ҳунарӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” дар Фестивали байналмилалии “Хунарҳои Сураҷкунд” дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҳунарпешаи муассиса Зафар Абдуалимов дар чорабинии наврӯзӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳайати ҳунарии муассиса ба ноҳияҳои Рӯдакӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Нуробод, ва шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Роғун, Норак ва Ҳисор сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд.
Ҳайати ҳунарии муассиса 47 суруду оҳанг ва рақсҳои навро эҷод ва дар барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби оркестри эстрадии “Гулшан”, ансамблҳои рақсии “Зебо” ва “Ҷаҳоноро” истифода намуданд.
Муассиса тибқи нақшаи фаъолият 143 барномаи ҳунариро ба 60 457 тамошобинон манзур намуданд .
Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 25-солагии Артиши миллӣ ва барномаи “Шоми дӯстӣ” саҳми назаррас гузоштанд. Муассиса ҳамчунин дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рӯзи Модарон, Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, барномаи муштараки “Шоми дӯстӣ” дар Ҷумҳурии ӯзбекистон, таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуд.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои тарафайни фарҳангӣ аз 5 то 8-уми майи соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд, ки ташкил ва ҳамоҳангсозии ҷараёни омодагиҳо ва баргузории чорабиниро МДСҲ «Базморо» ба зимма дошт.
Дар ин чорабинии муҳташам 82 нафар аҳли фарҳангу ҳунар таҳти сарварии Роҳбари Департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттиллооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал-Музайяд ширкат намуданд.
Кормандони муассиса тибқи созишнома миёни МДСҲ “Базморо” ва Муассисаи “ӯзбекконсерт” барномаи консертии Ҳунарпешаи халқии ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва Ҳунарпешаи шоистаи ӯзбекистон Оғобек Собировро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва сафари ҳунарии театри давлатии мусиқии мазҳакавии ба номи Муқимии шаҳри Тошкент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намуданд. Ҳамчунин аз 18 то 21 августи соли равон муассиса дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ бо ҷалби ҳунарпешагони шинохтаи Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, Сироҷиддин Фозилов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова якҷо бо сарояндагони ӯзбекистон ҳамчун давоми мантиқии барномаи “Шоми дӯстӣ” дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро барномаи ҷолиби ҳунариро баргузор намуд.
Муассиса якҷо бо филиалу намояндагиҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон силсилабарномаҳои фарҳангиро роҳандозӣ намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои нақшавӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин давра 7 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди мардум карданд. Муассиса моҳи майи соли 2018 дар ҷамоати Язғулом ва маркази ноҳияи Ванҷ ва тибқи нақша аз 22 то 27 июн дар ноҳияи Сангвор бо барномаҳои ҷолиби консертӣ баромад намуд.
Барномаи консертии ҳунарпешаи ансамбл Гулҷаҳон Иброҳимова дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Сафари ҳунарии ансамбл ба ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрхои Ваҳдату Роғун бо муваффақият баргузор гардиданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 25-солагии Рӯзи Артиши миллӣ, барномаи “Шоми дӯстӣ”, Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бохтар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом, барномаи муштараки “Шоми дӯстӣ” дар Ҷумҳурии ӯзбекистон, таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо бо 15 рақси нав ва 13 суруду оҳанги нав баромад намуданд.
Мавриди зикр аст, ки муассиса моҳи майи соли равон бори нахуст ба вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод. Дар ин сафар ҳайати ҳунарии муассиса бо барномаҳои ҷолиб дар ноҳияҳои Сариосиё, Деҳнав, Қумқурғон, Музратобод, Қизириқ ва дар маркази вилоят – шаҳри Тирмиз бо ҳузури Роҳбарони вилоят баромад намуданд, ки аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвари дӯст хеле хуб пазируфта шуд.
Гурӯҳи рақсии кӯдаконаи муассиса дар Фестивали байналмилалии “Рақси кӯдакон ва наврасон”, ки аз 21 то 25 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Туркия доир гардид, ширкат намуд. Ҳамчунин гурӯҳи мазкур бо барномаи мукаммали худ, ки аз 12 номераи рақси иборат буд, дар телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” сабт намуд.
Ансамбл тибқи нақша ба ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод шаҳри Ҳисор, Бохтар сафари ҳунарӣ баргузор намуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон тибқи қарордод Сирки ӯзбекистонро даъват намуд, ки бо барномаи ҷолиб тӯли як моҳ дар назди тамошобинони пойтахт ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамчунин бо мақсади тавсеаи робитаҳо моҳи март Сирки Москва “Браво” даъват гардид, ки барномаи ҳайати ҳунарии аз ҷониби тамошобинон гарму ҷӯшон пазируфта шуд.
Бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳайати эҷодии муассиса рӯзҳои 8,9 ва 10 сентябр барномаи ҷолиби сиркиро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур намуд.
Сирки сайёри муассиса ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Шаҳритузи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Кормандони Маркази эҷодии «Илҳом» дар таҳияи барномаҳо бахшида ҷашни “Сада”, барномаи “Шоми дӯстӣ”, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва пазироии меҳмонони олимақом дар маҷмӯъ дар 13 чорабинӣ саҳм гузоштанд.
Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рӯзи Модарон, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Кулчақанд лаззатбахши хони мо”, намоиш-озмуни “Баракати Истиқлол”, барномаҳои наврӯзӣ, таҷлили “Рӯзи фарҳанг”, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ширкат намуданд.
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 6 сентябри соли 2018 дар толори муассиса бо иштироки хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, тарбиятгирандагони мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, истеъдодҳои ҷавон ва шабакаҳои телевизионӣ барномаи ҷолиби идона баргузор карда шуд.
Бо ҷамъбасти муваффакони вазифаои нуҳмоҳа омодагӣ ба чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ, аз қабили омодасозии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО “Роғун”, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, сафари ҳунарӣ ба Давлати Қувайт ва омодагиҳо ба санаи фархунда 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта, аҳли фарҳангу ҳунар тамоми захираву имкониятҳоро самаранок истифода намуда, фаъолияти худро дар роҳи пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон. Айни ҳол, 67 нафар композиторону мусиқашиносон аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, дар давраи ҳисоботӣ дар робита ба маъракаҳои сиёсию фарҳангии тантанаҳои ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар робита ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва Панҷакент, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», тантанаҳои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ва дигар чорабиниҳо аъзои Иттифоқ 129 суруду оҳангҳо, аз ҷумла 23 кантата, 12 асарҳои симфонӣ, 7 асар барои оркестри созҳои миллӣ, 4 асар барои оркестри нафасӣ, 83 асарҳои созӣ, вокалӣ-камеравӣ, асарҳо барои хор, сюитаҳои вокалӣ-хорӣ ва хореографӣ, 5 мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ ва синамо эҷод, инчунин 6 монографияву 13 мақоларо таълиф намуданд. Дар ин замина, коркард, танзим ва баргардонии 8 оҳанг барои гуруҳҳои ҳунарӣ ва оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ анҷом дода шуда, 6 китоби композиторони тоҷик ва осори илмии мусиқашиносон дар нимсолаи якуми соли 20186 таҳия ва ба нашр супорида шуданд.
Айни замон, ҷиҳати саҳнавӣ гардидани операи «Чашмае, ки баҳр мешавад» — (либреттои Г. Келдӣ, муаалиф Қ. Ҳикматов) ва операи «Хусрав ва Ширин» (муаллиф А. Мӯсоев) аз рӯи ҳамосаи ҳамноми Н.Ганҷавӣ (либреттои Гулназар Келдӣ) корҳои амалӣ дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ идома доранд.
Баҳри тарғиби васеъ ва эҷоди асарҳо вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», Иттифоқи композиторон дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ, аз ҷумла нависандагон ва рассомон, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо мақсади тарғиби фаъолияти эҷодию илмии композиторону мусиқашиносони тоҷик ва дигар муассисаҳои эҷодию касбӣ ва таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сомонаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро (www. Kompozitor. тj) расман ба фаъолият шуруъ намуд.
Зимнан, аъзои Иттифоқи композиторон дар ҳайати гурӯҳи эҷодии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар таҳияи барномаҳои фарҳангӣ вобаста ба таҷлили чорабиниҳои таърихию фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуданд.

II. СОҲАИ ФАРҲАНГ.

Дар соҳаи фарҳанг ҳам корҳои муайян анҷом ёфта, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаву тавсияҳоро оид ба ворид намудани тағйиру илова ба онҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҳамзамон, номгӯйи намудҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ба унвони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд, ки дар ин замина аз 13 феврали соли 2018, №60 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451» қабул карда шуд.
Тибқи банди 14-и “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013–2020” ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моҳҳои сентябр-ноябри соли равон дар саросари кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Нақшаи чорабиниҳои вазорат ба тасвиб расидааст, ки дар доираи он чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, конфронсу фестивал, мулоқоту вохӯриҳо ва дигар тадбирҳо дар тамоми ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 581 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, 4 адад ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, шаҳраки Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритуз ва Дайри Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гадидаанд.
Дар асоси дастури вазорат моҳҳои апрел-май як гурӯҳ бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати тартиб додани харитаи бостоншиносӣ ва гузаронидани ҳафриётҳо дар қалъаи “Лағмон” ва дигар мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ гузарониданд. Нигораҳо ва маводҳои ёфтшуда ба осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия супорида шуд.
Кормандони соҳа бобати Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ гӯшаҳои доимоамалкунандаи “Аз Паём то Паём”-ро таъсис дода, тибқи нақша-чорабиниҳо гурӯҳҳои тарғиботӣ ташкил намуданд ва муҳтавои онро ба воситаи чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ба саҳми қишрҳои аҳолӣ расонида истодаанд.
Аз моҳи апрели соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат бо ҷалби муассисаҳои фарҳангӣ ва консертии тобеи вазорат, инчунин муассисаҳои таълимии касбӣ, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Файзобод, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ бо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гашта истодаанд.
Дар шаҳри Панҷакент Фестивали III мусиқии анъанавии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарояндагони маъруфи таронаҳои мардумӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат варзиданд.
Дар боғи марказии деҳаи Баррӯшон бо ташаббусибахши фарҳанги ноҳияи Рӯшон нахустин маротиба иди тут доир гардид. Намояндагони ҷамоатҳои деҳот намудҳои гуногуни тут, маҳсули дастии аз меваи тут омодашуда, асбобҳои мусиқиву конселярии аз чӯби тут сохтаро манзур гардониданд.
Барои сазовор таҷлил намудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моҳи июн дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг «Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
12 июл дар шаҳри Ҳисор бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд бахшида ба ҷашнҳои 25-солагии Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, рӯзҳои Ғалаба, Шашмақом, Ваҳдати миллӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву сӯҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театришуда, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоишҳои китобию матбуотӣ, асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ гузаронида шуданд.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд – 2018» баргузор гардид.
Аҳли фарҳангу ҳунари вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ҷашну идҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” тадбирҳои судмандро амалӣ карда истодаанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳурнарҳои миллӣ, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзию ҳунармандӣ, муаррифии дастовардҳои ҳунармандон озмунҳои «Бозори ҳунар», «Кадбонуи беҳтарин» ва «Оилаи беҳтарин» дар шаҳри Ваҳдат, наттоқони ҷавон «Сеҳри сухан», “Маликаи наврӯз”, базми «Ханда-ханда» бо иштироки театр-студияи ҳаҷвии «Шаҳрошӯб», «Ёди ҳофиз», намоиш ва консерт ба ифтихори гиромидошти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев дар ноҳияи Файзобод гузаронида шуданд.
Дар шаҳри Ваҳдат 527 адад мулоқоту вохӯриҳо, конференсия, шабҳои адабӣ, озмуну фестивалҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ доир гардиданд, ки дар ин чорабиниҳо беш аз 340000 нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд, ки дар қиёс ба соли гузашта 65000 нафар зиёд аст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ихтисосии кормандони муассисаҳои фарҳангӣ корҳои методӣ дар бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод хуб ба роҳ монда шуда, 12 семинари омӯзишӣ гузаронида, дар онҳо тарзу усули наву самарабахши ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, тарғиботӣ-ташвиқотӣ ва тарбиявӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Моҳи апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Китоб-равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Моҳҳои апрел-майи соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» зери унвони «Сайри китоб» баргузор шуд. Ба ин муносибат гурӯҳи корӣ дастури таълимӣ-методии «Сафинае дар баҳри дониш»-ро бо теъдоди 150 нусха нашр намуда, дастраси иштирокдорон гардонид. Дар доираи баргузории фестивал Композитсияҳои адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Садриддин Айнӣ – фарзанди башарият”, “Бобои некном” бахшида ба шоири кӯдакон Убайд Раҷаб ва “Об сарчашмаи ҳаёт” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», намоишҳои китобии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Шоирон оинаи шаффофи таърих”, “Адибаи накӯному накӯкор”, “Шоири ширинкалом”, “Ҷонфидои миллат” доир гардиданд. Дар рӯзҳои баргузории фестивал зиёда аз 55000 нусха китоб ба намоиш гузошта шуд ва зиёда аз 60500 нафар хонанда ба китобхонаҳо ташриф оварданд.
Тибқи банди 21 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” моҳҳои май-сентябри соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир гардид, ки барои баргузории фестивал 22000 сомонӣ аз маблағҳои чорабиниҳои марказонидашудаи вазорат ҷудо гардид. Масъулини озмун маҷмӯаи саволу ҷавобҳои тестиро бо номи “Гулшани маърифат” омода намуда, бо таъдоди 500 нусха ба табъ расониданд. Даврҳои аввалу дуюми он дар сатҳи минтақаҳо доир гардида, даври сеюми он дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутии шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки тибқи низомномаи озмун аз ҳар минтақаи кишвар 4 нафарӣ — 20 нафар иштирок карда, 7 нафар соҳиби ҷоизаҳои ифтихорӣ ва 13 нафар барои иштироки фаъолона бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Маросими туҳфасупорӣ ва барномаи консертӣ дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода доир гардид.
Ҳамзамон, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо “Чароғи ҳидоят” ҷараён дорад ва моҳи ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар” тӯли ин муддат зиёда аз 1035 чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла 15 намоиши китобии доимӣ, 126 намоиши китобҳо, 216 суҳбат, 77 хониши ифоданок, 23 саҳнача бо истифодаи бозичаҳои мулоим, 1 семинари ҷумҳуриявии китобдорон, 3 семинар-тренинг бо кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, 92 хулосаи библиографӣ, 116 вохӯрии адибону олимон, 107 маҳфили шеърхонӣ, 49 маҳфили адабӣ, 14 намоиши видеофилм, 6 муаррифии китоб, 9 кори амалӣ, 171 саёҳат ба китобхона, 3 лавҳа, 1 фестивали ҷумҳуриявӣ, 1 озмуни ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси хонандагон ва 3 муҳокимаи асар доир намуд.
Китобхонаи вилоятии ба номи А.Рӯдакии ВМКБ бахшида ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ чорабиниҳои гуногунмазмунро баргузор ва гӯшаҳои алоҳида ба ин муносибат ташкил намуд. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои муссалаҳи кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи «Хизмат дар Артиш фарз аст», ба ифтихори Рӯзи Модар шаби адабӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар», Шаби базми шеъру суруд «Баҳору Наврӯз манбаи илҳоми шоирон» ва вохӯрӣ ба муносибати рӯзи маъюбон ва пиронсолон баргузор гардиданд.
Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар таътили зимистона озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро доир намуда, намоишҳои китобиро бахшида ба ҷашнҳои миллию мардумӣ, «Шараф ба Артиши миллӣ», «Бе зан зиндагӣ нест», «Наврӯз ҷавон кард дили пиру ҷавонро», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», «Нашъамандӣ душмани ҷомеа» ба маъраз гузоштанд. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфили ададбии «Бар ҳунарманд муждаи эҳё расид», ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист» доир гардид.
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирии вилояти Суғд бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо 849 чорабиниҳои мухталиф бо иштироки 49656 нафар доир гардиданд. Аз ҷумла, 6 мизи мудаввар, 48 маҳфилҳои адабӣ, 25 вохӯрӣ, 12 конфронси илмӣ, 47 сӯҳбат, 29 рӯйхати тавсиявӣ, 42 хулосаи китобшиносӣ, 59 картотекаи мавзӯӣ, 7 озмун, 483 намоиши китобӣ, 7 меҳмонхонаи мусиқӣ, 6 маҳфили дӯстдорони китоб, 21 муаррифии китобҳои тозанашр, 22 гӯшаи тарғиботӣ-ташвиқотӣ, 10 ҷузвдони электронӣ, 30 намоиши слайдӣ, 24 лавҳаи китобхонавӣ ва намоиши китобию матбуотӣ ташкил ва доир карда шуданд. Дар китобхона 165 ҳазор маводҳо дар шакли электронӣ мавҷуд буда, аз он миқдор 35 ҳазорашро китобҳо ташкил медиҳанд. Озмунҳои вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018” ва “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” доир гардиданд. Моҳи сентябр дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили “Рӯдакихонӣ” доир шуд.
Дар китобхонаҳои вилояти Хатлон озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Кохи маърифат» бахшида ба соли “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардида, моҳи август дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардид.
Дар китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум оид ба амалҳои зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонону наврасон аз қабили ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, хариду фурӯши одамон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ намоиши китобии доимоамалкунанда дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм — хатарҳои байналмилалист” ташкил гардид.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 22 адад мағозаю нуқтаҳои фурӯши китоб кору фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 3 адад, Кӯлоб 4 адад, Ёвон 2 адад, Дӯстӣ 2 адад, Восеъ 2 адад, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён ва Темурмалик 1 ададӣ ва Норак 6 адад мебошанд.
Дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ конференсияи хонандагон, намоишҳои китобӣ ва суҳбатҳо таҳти унвони «Паёми Сарвари давлат – роҳнамои мо», «Аз Паём то Паём», «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Саодати миллат дар ваҳдат аст», «Садриддин Айнӣ – сардафтари адабиёти муосири тоҷик», «Сайёҳи диёри худам», «Ҳимояи Ватан қарзи фарзандист», «Ватанро ҳимоя бояд кард», «Президенти маҳбуби мо», «Тарбияи фарзандон рисолати волидайн», «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм», «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст», «Ҳунар аз ганҷи Қорун беҳ», «Ҳунар омӯз», «Китоб сарчашмаи ҳаёт», «Сада иди ниёгон» ва «Бобои қиссагӯи мо» ташкил карда шудааст. Инчунин, конференсияҳои адабӣ таҳти унвони «Такягоҳи боэътимод», вохӯрӣ бо наваскарон таҳти унвони «Ворисони арзанда» дар филиалҳои №18, 20, 31, 45 китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Иди Артиши миллӣ, маҳфили адабӣ ва вохӯрӣ бо занони пешқадам таҳти унвони “Занон такягоҳи ҷомеаи мутамаддин”, «Модар азизтарин шахс барои фарзанд» бо ҷалби собиқадорони соҳаи китобдории шаҳр, конференсияи илмию таҳлилиро таҳти унвони «Фархунда бод Наврӯз!» дар филиали №18 деҳаи Чаман баргузор намуданд. Моҳи июн мусобиқаи хониши китоб аз рӯи асарҳои устод Садриддин Айнӣ «Мактаби кӯҳна», «Ятим», «Одина», «Аҳмади девбанд» ва «Ҷаллодони Бухоро» дар 14 китобхонаи ноҳияи Рашт бо фарогирии хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, гӯшаҳои «Китобхонҳои беҳтарин», «Китобдӯстони беҳтарин» ва «Истеъдодҳои ҷавон» омода намуданд.
Дар ин давра китобхонаҳои шаҳри Ҳисор намоишҳои китобӣ 1032 адад, суҳбат 792, маҳфили адабӣ 574, хулосаи библиографӣ 576, вохӯрӣ 35, озмун 7 адад ва конференсияи хонандагон 135 маротиба баргузор намуданд.
Фаъолияти муассисаҳои клубӣ низ густариш ёфта, дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар вилояти Хатлон 308 муассисаҳои клубӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 88 адад хонаҳои фарҳанги шаҳрӣ ва дехотӣ, 19 Қасрҳои фарҳанг, 178 клубҳои деҳотӣ ва 23 клубҳои сайёр ва гурӯҳҳои хизматрасонӣ мебошад.
Дар Кохи “Ватан”-и шахри Бохтар чорабинии “Бонуи ҳунарманд” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо барномаи консертии “Тӯй барпо мешавад” аз ҷониби ҳунармандони ансамбли вилоятии “Фалак” пешкаш гардид.
Фаъолияти осорхонаҳо. Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” моҳи январ мизи мудаввар дар мавзӯи “Таърихи тараққиёти маданияти мусиқии муосири тоҷик” бо иштироки 24 нафар ҷавонон, аъзои маҳфили мусоҳибавии “Now Generalion Debate Club” доир намуд. Дар ин муддат, масъулини осорхона чорабиниҳои зиёдро баргузор намуданд. Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» дар нуҳ моҳи фаъолияти корӣ чаҳор маҷлиси Шӯрои илмӣ баргузор намуда, дар он 17 мавзӯъ баррасӣ шуданд. Роҳбарият ва кормандони Муассиса дар конференсияҳои илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ кафили зиндагии шоиста», «Саҳми Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар даврони Истиқлолият», «Ҳунарҳои мардумӣ — рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ» иштирок карданд. Ҳамчунин, кормандони илмии Муассиса дар озмуни ташкилнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Роҳбалади беҳтарин», ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд, фаъолона иштирок намуда, яке аз мақомҳои аввалро дар муаррифии мавзеъҳои таърихиву меъмории минтақа соҳиб шуданд.
Моҳи сентябр дар Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб ва саҳни он чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар асоси нақшаи фаъолияти кории Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Миссияи Шарқ» ва «Заршедабону» бо мақсади болидарӯҳии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд гузаронида шуд. Ҳамчунин дар Хона-осорхонаи шоир ва ҳофизи халқӣ Сайдалӣ Вализода маҳфили адабии «Шоми назм» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» доир гардид.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент 68220 номгӯй ашёи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз буда, 17225 адади онҳо дар фонди асосӣ ва 11919 адад дар фонди ёрирасон ва 39076 адад нигораҳо дар экспозитсияи толорҳо нигоҳ дошта шудаанд. Дар ин муддат 16 адад ашёи арзиши таърихию фарҳангидошта, аз қабили зарфҳои мисӣ, дастнависҳо, сӯзанӣ, ороишоти нуқрагии занона, ҷома ва ғайра аз ҷониби комиссияи харид ба Хазинаи осорхона ворид гардиданд. Инчунин 1 адад чароғи сиёҳ ва 9 адад расмҳо оид ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ройгон тӯҳфа гардиданд. Ба осорхона дар маҷмӯъ 3995 нафар тамошобинон, аз ҷумла 1444 нафар ройгон ташриф оварданд. Дар ин давра кормандони илмии осорхона зиёда аз 234 сайрҳои илмӣ гузарониданд. Дар баробари меҳмонони ватанӣ шаҳрвандони хориҷӣ низ аз мамлакатҳои Япония, Олмон, Корея, Эрон, Британия ва ғайра ташриф оварда, пас аз боздид ҷиҳати сатҳи касбии экспозитсионӣ, ороишӣ, дизайни толорҳо ва хизматрасонии кормандон дар китоби қайди таассуроту хотирот изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар шӯъбаи табъу нашр бахшида ба ҷашнҳои гуногун ва оид ба таърихи Саразм, Панҷакенти қадим, 60 соли Осорхона, мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон маводҳои таблиғотӣ аз чоп баромаданд. Дар ин давра як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, сӯҳбатҳо, намоишгоҳҳо ба ифтихори ҷашнвораҳо, аз қабили Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи Аҷам, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи дониш, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Рӯдакӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”баргузор гардиданд.
Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намоиши сайёр аз фонди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ҷумҳуриявии ба номи А.Рӯдакии ш.Панҷакент баргузор гардид. Намоиши сайёр ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд, 60-солагии таъсисёбии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии шаҳри Панҷакент ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.
Осорхонаи вилоятии ВМКБ дар ин муддат бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — сипари боэътмоди давлат» акси афсарон ва аскаронро ба намоиш гузошт. Бахшида ба «Рӯзи Модар» аксҳои занони барӯманди вилоятро таҳти унвони «Зан чароғи хонадон» ба намоиш гузошт. Инчунин, роҳбарияти осорхона дар моҳи май намоиши нигораҳоро дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба роҳ монданд. Бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Ваҳдати миллӣ дар осорхона ҳафтаи «Дарҳои кушод» ташкил гардида, намоиши нигораҳо ба роҳ монда шуд. Бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи марказии шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши сокинон гардонида шуд.
Хона-осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур низ дар қатори дигар муассисаҳои фарҳангӣ вохӯрӣ бо кормандони комиссариати ҳарбӣ ва хонандагони МТМУ №13 ба номи Зинатшоев А. доир намуд. Бахшида ба Рӯзи Модар лавҳа бо 20 адад аксҳои занони барӯманди ноҳия ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Шуғнон нигораҳои осорхона ба намоиш гузошта шуданд. Бахшида ба Рӯзи Ғалаба вохӯрӣ бо афсарони қисми низомӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон ва хонандагони МТМУ №12 ташкил ва гузаронида шуд.
Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ “1300 рӯзи ободонӣ” чорабиниҳои гуногун доир шуда истодаанд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо санаи 17 май дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Осорхонаҳо — макони таъриху тамаддун” баргузор гардид. Ҳамчунин, бо иштироки меҳмонони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Қирғизистон дар осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б.Ғафуров мизи мудаввар ба муносибати 110-солагии мавлуди ин олими барҷаста гузаронида шуд.
Ба осорхонаи вилоятии “Авасто” 532 адад, Бибихонум 11 адад, Кӯлоб 4 адад, Норак 10 адад, Ховалинг 10 адад, Қубодиён 11 адад, Темурмалик 5 адад, Хуросон 3 адад, Шаҳритуз 29 адад, А.Ҷомӣ 8 адад, Фархор 36 адад, Ҷ.Балхӣ 35 адад, Носири Хусрав 76 адад ва Ҳамадонӣ 12 адад, ҷамъ 782 адад нигораҳо ройгон оварда шуданд.
Аз ҷониби директори Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор 2 дастури методии «Тарзи корбарӣ дар Осорхона» ва «Фаъолияти кории кормандони техникӣ», 5 мақолаи тадқиқотӣ дар мавзӯи «Табари мисин дар илми бостоншиносӣ», мақолаҳои Забарова Марҳабо дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» ва 12 адад мақолаи публисистии дар мавзӯҳои таърихию фарҳангӣ ва публисистӣ дар рӯзномаҳои «Ҳисори Шодмон», «Ҳисори зарнисор» ва «Самак» нашр гардиданд. Кормандони Осорхона 6 конфронси илмӣ-маърифатӣ, 4 мизи мудаввар вобаста ба санаҳои таърихӣ ташкил намуданд, ки аз ин чорабиниҳо зиёда аз 200 нафар иштирокчиён баҳравар гардиданд.
Дар шаҳри Ҳисор озмуни осорхонаҳо таҳти унвони «Осорхона — оинаи таърих» баргузор гардид, ки дар он 11 осорхонаҳои мактабӣ ширкат варзида, ғолибон бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин давра 140 адад осори таърихию фарҳангӣ ба фонди асосии осорхона ворид гардида, 11 нафар ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо низ дар ин давра такмил ёфт. Ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» дар тамоми чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва иди байналмилалии Наврӯз барномаҳои консертӣ омода намуда, дар қисмҳои низомии шаҳри Хоруғ пешкаш намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонон, рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Хатлон бо муваффақият баромад намуда, ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барномаи консертӣ пешкаши тамошобинон гардонид.
Дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё» бахшида ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ номераҳои алоҳида таҳия намуда, пешкаши сокинони шаҳри Хоруғ гардониданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонон, рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон бо муваффақият баромад намуданд. Гурӯҳи ҳунармандон дар барномаи консертӣ бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баромад карданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 14 ансамблҳои рақсӣ амал мекунанд. Дар шаҳри Бӯстон ансамбли рақсии “Ёсуман” - 14 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Б.Ғафуров ансамбли “Бунафша” - 16 воҳиди корӣ, дар шаҳри Гулистон ансамбли “Сафина” - 5 воҳиди корӣ, дар шаҳри Истиқлол ансамбли “Садбарг” - 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Исфара ансамбли “Зумрад” - 15 воҳиди корӣ, ансамбли рақсӣ дар шаҳри Панҷакент - 20 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Ҷ.Расулов ансамбли “Таманно” бо 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Хуҷанд ансамбли “Парниён” - 45 воҳиди корӣ, дар шаҳри Конибодом ансамбли “Гулдаста” - 20 воҳиди корӣ фаъолият мебаранд.
Инчунин, дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ансамблҳои рақсии “Чаманоро” - 20 воҳиди корӣ, “Маҳастӣ” - 22 воҳиди корӣ, “Гулноз” - 23 воҳиди корӣ, “Чаманоро” - 20 воҳиди корӣ, дар назди Кохи фарҳанги “Суғдиён” ансамбли рақсии ба номи Ғ.Валаматзода” - 45 воҳиди корӣ, ансамбли рақсии “Зебо” - 48 воҳиди корӣ ва дар назди ансамбли фолклорию этнографии “Фалак” ансамбли рақсӣ - 10 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст.
Дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич 3 ансамбли рақсӣ “Гулдухтарон” - 12 нафар, “Гулчин” - 13 нафар, “Парасту” - 12 нафар, дар ноҳияи Спитамен ансамблҳои рақсии “Анора” - 8 нафар ва “Сафина” - 24 нафар, дар ноҳияи Ашт гурӯҳи рақсии “Гулчеҳра” - 12 нафар, дар ноҳияи Шаҳристон ансамбли “Чаманоро” - 10 нафар, дар ноҳияи Зафаробод ансамбли рақсии “Навои Суғд” - 12 нафар бе воҳиди корӣ бо ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мебаранд.
Бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ доир гардида, дар он сарояндагони шинохта ва ансамблҳои рақсии «Таманно», ба номи Ғ.Валаматзода, «Садбарг», «Парниён», «Гулноз», «Чаманоро», «Панҷакент», инчунин санъаткорони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов иштирок карданд.
Дар вилояти Хатлон 5 театри халқии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Ёвон, Фархор ва Муъминобод фаъолият доранд. Театрҳои номбурда тӯли ин муддат зиёда аз 151 намоишномаҳоро рӯи саҳна овардаанд, ки аз ин 48-тоаш пулакӣ ва 33-тоаш ройгон мебошад.
Дар вилоят 3 ансамблҳои касбӣ “Хутал”, “Шашмақом”, “Фалак”, 3 филармонияи халқӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Кӯшониён ва 11 ансамблҳои тарона ва рақс фаъолият доранд. Хушбахтона, солҳои охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ансамбли “Шашмақом” 10 воҳиди корӣ илова гардида, барои хариди сару либоси саҳнавӣ 55 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон, ба ансамбли “Хутал” низ 20 воҳиди корӣ ба таври илова ҷудо карда шуд.
Ҳунармандони ансамбли “Фалак”-и шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби барномаҳои консертӣ ба маблағи 4000 сомонӣ фонди ансамблро пурра намуданд.
Ҳунармандони ансамбли “Шашмақом” бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмиро дар мавзӯи “Рӯдакӣ рафт, монд ҳикмати ӯй” доир намуданд.
Театри халқии шаҳри Ваҳдат тибқи нақша «Ҳафтаи театр»-ро манзури шаҳрвандон гардонида, намоишномаҳоро аз рӯи асарҳои Нурулло Абдулло «Моҷарои сари пода» ва «Бешазор»» дар таҳияи коргардон С.Шукуров ба нақша гирифта, корбарӣ намуда истодааст.
Аз тарафи ҳунармандони театри халқии ноҳияи Рашт ба афсарону аскарони қисмҳои низомӣ ва аҳолии ноҳия саҳнаҳои ҳаҷвии «Лексия», «Билети ҳарбӣ», «Рутба», суруди ҳаҷвии «Чӣ гапай?» бо оҳанги Усто ва Масто, саҳнаи ҳаҷвии «Ватандӯстӣ» пешкаш карда шуд.
Ҳунармандони театри халқии ноҳияи Шаҳринав саҳнаи ҳаҷвии «Дар хоб», «Ба ватан хизмат мекунам», «Амният», «Зани фарбеҳ», «Дугонаҳо» ва «Ақибгоҳ», театри ноҳияи Файзобод намоишномаи Ф.Нуров бо номи «Муҳаббати модар», базми «Ханда-ханда» бо иштироки театр-студияи ҳаҷвии «Шаҳрошӯб»-ро омода намуда, манзури тамошобинон гардониданд.
Ҳунармандони театри халқии шаҳри Ҳисор дар арафаи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ намоишномаи дупардагиро таҳти унвони «Ватан пайванд бо ҷони ману ту» пешкаши мардуми шаҳр гардониданд. Намоишнома дар якчанд муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, саҳнаи «Дониш андар дил чароғи равшан аст» ва «Дониш талабу бузургӣ омӯз» дар толори қасри фарҳанг, намоишномаи «Онҳо барои Ватан ҷон бохтаанд» бахшида ба рӯзи Ғалаба дар ҶБВ пешкаши мардуми шаҳр гардонида шуданд.
Фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ сифатан беҳбудӣ ёфт. Бахшида ба истиқболи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангу фароғатии «Гулзори маърифат» дар ду давр доир гардид. Ҷамъбасти озмун 24 июн дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ”-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ ҷадвали алоҳида тартиб ва тасдиқ карда шуд, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз тарафи ҳунармандони ансамблҳои «Навои Бадахшон», «Эҳё», театри вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаи консертӣ ташкил ва баргузор мегарданд. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 151300 адад гулҳои мавсимӣ ва 3980 адад дарахтони ороишию ҳамешасабз харидорӣ ва шинонида шуданд.
Барои ободонӣ ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Юсуф Вафои ноҳияи Мастчоҳ гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ба маблағи 204000 сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Дар ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 вохӯриҳо, 174 барномаи консертӣ, 38 шабҳои ҷавонӣ, 20 чорабиниҳои кӯдакона ва 25 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 84000 нафар доир гардиданд.
Дар ин муддат барои ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 300000 сомонӣ маблағ сарф гардидааст.
Дар вилояти Хатлон 21 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд.
Дар айни замон теъдоди чархофалаку аттраксионҳои боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат ба 38 адад расида, корҳои ободонӣ ва хурраму зебо гардонидани боғ идома дорад.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт 5 нуқтаи дилхушии кӯдакон, арғунчаку чархофалакҳо барои қабули кӯдакону наврасон ҳамарӯза омода мебошанд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат гурӯҳҳои ҳунарӣ ба маблағи 98902 сомонӣ бо студияи сабти овози муҷаҳҳаз бо технологияи нав аз Ҷумҳурии Олмон таъмин гардиданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва соҳибкори маҳаллӣ Ғафуров Ҷ. 2 адад чархофалак харидорӣ гардида, як адад лимпопо аз ҷониби соҳибкор Муродов С., як майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Гулов С. сохта шудааст. Барои ба тартиб даровардани роҳҳо ва курсиҳои нишаст аз ҳисоби бахши фарҳанг ва маблағҳои озоди раиси ноҳия, инчунин, 167 адад дарахти арча, 33 адад чанор, 96 адад дарахтони гуногун, 21 адад гули ЮКА ба маблағи умумии 754260 сомонӣ шинонида шудааст.
Тибқи супориши Вазорати фарҳанг кори ташкили студияи сабти овоз ва ҷудо гардидани воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ идома дорад. Барои дар сатҳи баланд омода намудани суруду оҳангҳо дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров ва Театри давлатии лӯхтаки вилояти Суғд студияи сабти овоз таъсис дода шудааст.
Воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа таъсис дода шудааст.
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар тамоми ҷумҳурӣ суръати тоза мегирад. Рӯзи 27 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боғи мазкур дар майдони 2,23 га доман густурда, ба талаботи замони кунунӣ мувофиқ карда шудааст.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 сентябр боғи фарҳангӣ – фароғатии “Дӯстии халқҳо” пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, он ба номи “Абулқосим Фирдавсӣ” номгузорӣ карда шуд.
Инчунин, моҳи июл “Боғи кӯдакон” дар масоҳати 3 гектар ифтитоҳ ёфта, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию варзишии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷой барои шоҳмотбозӣ, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудааст. Моҳи август боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳия Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба “Боғи ба номи Аҳмади Дониш” табдил дода шуда, 26 сентябр мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба “Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ” табдил дода шуда, дар масоҳати 4 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Шуғнон Қасри фарҳанг бо 450 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳристон Қасри фарҳанг бо 600 ҷойи нишаст бунёд гардид.
Дар мавзеи Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Амфитеатр бо 6100 ҷойи нишаст ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бинои Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии ба номи “Авасто”-и вилояти Хатлон ба маблағи 10500 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ таъмир гардид.
Аз ҳисоби даромадҳо осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар, осорхонаҳои шаҳри Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг ва Қубодиён таъмиру тармим гардиданд.
Сохтмони осорхонаи ноҳияи Ш.Шоҳин ба маблағи 280000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳия идома дорад.
Китобхона-филиали №13 деҳаи Ғуломсаид Холови ноҳияи Кушониён аз тарафи соҳибкор Исматуллоев Саъдулло ба маблағи 7300 сомонӣ аз нав сохта ба истифода дода шуд.
Китобхон-филиали №25 ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби бахши фарҳанг ба маблағи 4500 сомонӣ таъмир карда шуд.
Сохтмони китобхона-филиалҳои №6 деҳаи Меҳробод, №13 ва №29 деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, №18 деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, №6 деҳаи Яккасада ва №8 деҳаи Баҳористони ноҳияи Темурмалик бо маром идома доранд.
Корҳои сохтмонӣ дар қасри фарҳанги ноҳияи Ш.Шоҳин ба маблағи 8 млн.сомонӣ (аз ҷониби маблағҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар ноҳияи Данғара азнавсозии клуби деҳотии деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсу идома доранд.
Дар маркази ноҳияи Данғара сохтмони қасри фарҳанг ба маблағи 17 млн.сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар барои сохтмони қасри фарҳанг 17 млн.сомонӣ пешбинӣ шуда аллакай корҳои сохтмонӣ ба маблағи 8 млн.сомонӣ иҷро гардидааст.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р.Мурчаеви шаҳри Бохтар оид ба таъмири роҳравҳо ба маблағи 550 сомонӣ, харидории арғунчакҳо 529200 сомонӣ ҷудо гардида, дар боғи кӯдаконаи ба номи Фирдавси шаҳри Бохтар 200 сомонӣ, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб 122350 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал, 557000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Леваканд ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак 735 ҳазор сомонӣ, дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди боғи марказии фароғатии ноҳияи Данғара 31000 сомонӣ, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритуз 86000 сомонӣ, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Хуросон 27000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва 5000 сомонӣ аз ҳисоби бахши фарҳанг, Ҷ.Балхӣ 50000 ҳазор сомонӣ, Ш.Шоҳин 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои ободонӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Фархор ва А.Ҷомӣ аз ҷониби соҳибкор Боев Қ. дар майдони 12х12м арғунчаки “Занҷирак” ва майдончаи мошинчаронӣ ба маблағи 360000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Яке аз дастовардҳои соҳаи фарҳанги ноҳияи Рашт ба истифода додани толори калони Қасри фарҳанги ноҳия буда, дар таъмири он 960600 сомонӣ ва барои таҷҳизонидан бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизот 500000 сомонӣ маблағ сарф шудаст.
Тибқи қарори раиси ноҳияи Рашт сохтмони бинои китобхонаи нав дар деҳаҳои Ниёзбегиёни ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва Ярхаби ҷамоати Ҳиҷборак ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳад гардид.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2016, №53 дар бораи «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» сохтмони бинои нави осорхона дар маркази ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шуда, таъмири асосии мақбараи Хоҷаи Ҳотами Асам дар ноҳияи Файзобод ба маблағи 43000 сомонӣ гузаронида шудаст.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод як қатор корҳои ободонию созандагӣ амалӣ гардид. Бо ташаббуси соҳибкор Эмомалӣ Розиқов ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ҷамоати мазкур китобхона, хона-музейи Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Дӯстмурод Алиев ва филиали рассомии Мактаби санъати ноҳия ба истифода дода шуд.
Тибқи “Барномаи рушди фарҳанги шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2025” (қарори раиси шаҳри Ваҳдат №1565 аз 05.08.2018) таъмири бинои хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Ромит ва бинои мактаби бачагонаи мусиқии шаҳр дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ташаббуси мудири китобхона Маҳмудов Саидаҳмад ва сокинони деҳоти дурдасти Хушон ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат китобхонаи №44 аз нав бунёд карда шуда, муҷаҳхаз гардонида шуд.
Харидории таҷҳизот дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ. Муассисаҳои клубӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба маблағи 20000 сомонӣ, Кохи фарҳанги шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён ба маблағи 5700 сомонӣ, Дӯстӣ 3000 сомонӣ, Темурмалик 6000 сомонӣ, Хуросон 11455 сомонӣ, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ 10000 сомонӣ, Ховалинг 10800 сомонӣ, Данғара 12600 сомонӣ ва Ш.Шоҳин 98000 сомонӣ ҳамагӣ ба маблағи 285255 сомонӣ барои хариди сару либоси саҳнавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва таъмиру таҷҳизонидан аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ ёфтанд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак барои истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳҳон, сокинони шаҳр ва кӯдакону наврасон чархофалакҳои “Офтобак”, “Сюрприз”, лимпопо, майдончаи қаторасаворӣ сохта шуд. Инчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ “Чархи назарандоз” ба маблағи 739700 сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Аз тарафи соҳибкорон ба маблағи 20000 сомонӣ 1 адад арғунчак харидорӣ карда шуд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби соҳибкор Раҷабов Умедҷон ба маблағи 43342 сомонӣ 2 адад арғунчак ва 1 адад лимпопо харидорӣ гардид.
Ба ансамбли “Навои Бадахшон” ба маблағи 80800 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд.
Барои дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё»-и шаҳри Хоруғ ба маблағи 6700 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд.
Ба муассисаҳои фарҳанги ноҳияи Шаҳринав созҳои мусиқӣ ба маблағи 3790 сомонӣ ва ба китобхонаи филиали №2 ба маблағи 1990 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ гардидааст.
Инчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 5100 сомонӣ китобхонаи марказӣ ва китобхона-филиали №6, хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Шаҳринав ба маблағи 3750 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо маблағи 9700 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ, 4050 сомонӣ таҷҳизот 1500 сомонӣ сози мусиқии аккордеон харидорӣ карда шуданд.
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва маблағҳои бахши фарҳанг ба миқдори 100000 сомонӣ асбоби тақвияти овоз ва синтезатор харидорӣ гардидааст.
Вале дар фаъолияти муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо низ ҷой доранд, ки барои фаъолияти пурсамари онҳо монеа эҷод мекунанд.
Бинобар набудани бинои мувофиқ, базаи сусти моддӣ-техникӣ, боа шабакаи интернет пайваст набудан ва нарасидани мутахассисони соҳибкасб ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ таъсири манфӣ мерасонад.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ.

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар маҷмӯъ 55 номгӯй китоб, бо теъдоди 252650 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд. 
Муассисаи нашриявии “Адиб” 8 номгӯй бо теъдоди 16000 нусха ба табъ расонд, ки маблағи умумиашон 372500,00 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби даромадҳои дохилии нашриёт ва сарпарастон 7 номгӯй бо теъдоди 5900 нусха китоб ба табъ расонд, ки 199235,00 сомониро ташкил дод. Дар ин муддат бо тамғаи нашриёт 16 номгӯй бо теъдоди 5850 нусха китоб рӯи чопро дид. Яъне, то ин дам 31 номгӯй бо теъдоди 27750 нусха китоб ба нашр расид. Дар ҷараёни нуҳ моҳи соли 2018 муассиса ба корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи нақдӣ 85888,80 сомонӣ, ғайринақдӣ 692355,08 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 778243,88 сомонӣ китоб ба фурӯш баровард.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» 4 номгӯй китоб бо теъдоди 6500 нусха ба табъ расонд. Аз ҷумла китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ҷилди 16 бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 1000 нусха, ҷилди 17 бо теъдоди 1000 нусха, китоби “Независимость Таджикистана и возрождение нации” ҷилдҳои 13, 14 ва 15 бо теъдоди 3200 нусха, китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров бо теъдоди 1000 нусха, китоби “Ҳунар — ҷавҳари зиндагӣ” бо теъдоди 300 нусха ба табъ расонид. Муассиса 125 китобро ба маблағи 12371,07 сомонӣ фурӯхта даромад гирифтаст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» се номгӯй китобҳои нақшавиро бо теъдоди 5500 нусха ба табъ расонид. Аз ҷумла, китобҳои “Аҳмади Девбанд” — 2500 нусха, Повести “Ятим” бо теъдоди 1000 нусха, “Мактаби кӯҳна” бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонд, ки дар маҷмӯъ 5500 нусха китобро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро бо теъдоди 5000 нусха, китоби “Донишномаи Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои карни 21” бо теъдоди 1000 нусха, “Фикҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ” бо теъдоди 2000 нусха, китобҳои “Маҷмӯи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ”, китоби “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020” ва “Ёдгориҳои эҳёшудаи роҳи бузурги абрешим”-ро бо теъдоди 200 нусхагӣ, китоби “Шоҳписари Хайём”-ро бо теъдоди 1000 нусха, китобчаи “Тоҷикон”-и М.С. Элфинстон бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонд. Дар маҷмуъ ҳашт номгӯй китоб, бо теъдоди 11600 нусха нашр намуд. Муассиса дар доираи Намоиши 3-юми китоби ЕвроОсиё, ки рӯзҳои 25-28 апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, барои таҳияи китоби “Донишномаи кӯдакон ва наврасон” соҳиби “Шоҷоиза” гардида, дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” китоби дигари Сарредаксия – “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо “Дипломи дараҷаи I” сазовор дониста шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар самти тарғибу ташвиқи китоб ҳамчун манбаи дониш дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рӯзи модарон, Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Фестивали ҷумҳуриявии китоби бачагона ва дигар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо ташкил ва баргузор намудани намоишу фурӯши китобҳо иштирок намуд. Корхона дар ин муддат бо як қатор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба харидории китоб ва дигар маводи чопӣ қарордодҳо ба имзо расонид. Тайи моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ба маблағи 48402 сомонӣ фурухта шуд.
Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон” баҳри расонидани ёрии методӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои меёриву ҳуқуқӣ оид ба табъу нашр, тарзи дурусти истифодаи ISBN, интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ ва гирдоварии маводи тозанашр аз муассисаҳои нашриявии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; таъмини нашриётҳо ва чопхонаҳо бо шаҳодатномаи узви комилҳуқуқи «Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон» барои гирифтани рақами стандарти байналмилалии китоб ISBN; назорат ва омӯзиши фаъолияти нашриётҳо ва чопхонаҳо тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» аз 15-уми декабри соли 2011; таҳия ва нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давраи моҳҳои 7-9 ва 10-12-и соли 2017 ва 1-3 ва 4-6-и соли 2018 тадбирҳо андешидааст.
ҶСК “Матбуот” дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 106610 сомонӣ маҳсулоти полиграфӣ истеҳсол намудаст. Корхона дар ин давра 4 номгӯй китобҳои дарсиро бо теъдоди 204300 нусха ба чоп расондаст.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг — «Тоҷикистон», «Фирӯза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак» ва «Баҳори Аҷам»-у «Анбоз» дар мӯҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шуда буданд.
Тибқи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ дар то моҳи январи соли 2018 дар вазорат 371 рӯзнома аз инҳо 109 – давлатӣ ва 262 ғайридавлатӣ, 243 маҷалла аз инҳо 113 давлатӣ ва 130 ғайридавлатӣ, 313 матбаа аз инҳо 36 – давлатӣ, 277 – ғайридавлатӣ, 45 – нуқтаи фурӯши китоб аз ин 3- давлатӣ, 42 – ғайридавлатӣ, 71 – нашриёт аз ин 10 – давлатӣ ва 61 – ғайридавлатӣ, 10 – Оҷонсии иттиллоотӣ аз ин 1 – давлатӣ ва 9 – ғайридавлатӣ то якуми январи соли 2018 ба ҳисоб гирифта шудаст.
Рӯзи матбуоти тоҷик 11 марти соли соли ҷорӣ дар бинои Театри академӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо лавҳаю навиштаҷот, расму мусаввараҳои марбут ба соҳаи матбуот оро дода шуда, бо иштироки васеи журналистону матбуотчиён бо ташкилу баргузории намоишгоҳи китобу нашрияҳои даврӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ ба таври хотирмон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур Вазорати фарҳанг як гурӯҳ собиқадорони соҳаи табъу нашр ва матбуот, инчунин муассисаҳои нашриявию матбуоти даврӣ ва корхонаҳои полиграфиро бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН.

Вазорат барои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», «Нақшаи Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 тасдиқ шудааст, тибқи нақша фаъолияташро ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои муқаррароти онҳо корҳои муайянро ба сомон расонд.
Бо мақсади таҳкими муносибатҳо шартҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи қоида ва шартҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» таҳия карда ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №404 тасдиқ гардид. Протоколи мазкур барои таҳкими муносибатҳои кории байни ду кишвар дар бахши ҳуқуқи муаллиф, ҳимояи ҳуқуқи офарандагони асарҳои илм, адабиёт ва санъати ҳарду кишвар, табодули таҷриба ва аз ҳама муҳим ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо дар қаламрави давлатҳо кӯмак хоҳад кард.
Дар ин муддат оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)», дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» ва «Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба Маркази миллии патенту иттилоот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳисобот пешниҳод шуд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои вазорат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва малакаи кории хизматчиёни давлатӣ 6 сентябри соли ҷорӣ дар мавзӯи шарҳи “Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ва “Муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” бо иштироки кормандони вазорат, дарси омӯзишӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва ӯҳдадории соҳавӣ аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд ба маблағи 11908,68 сомонӣ ҳаққи қалам ҷамъ оварда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардашуда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (1% ва 25%) 2647,30 сомонӣ, андоз аз даромад (13%) 1310,41 сомонӣ, андоз ба Вазорати молия (10%) 1190,86 сомонӣ, (5%) – барои захираҳои иловагии молиявӣ 535,89 сомонӣ ва ба муаллифон ба маблағи 8955,18 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд.

V. ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Бо мақсади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа ва такмили касбияти кормандони педагогӣ ва эҷодии муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирии таҳсилоти соҳа дар асоси «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия гардид. 
Тибқи Нақшаи фаъолияти раёсату шуъбаҳои вазорат барои соли 2018 дар оғози сол Комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори Комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 30 нафар барои фиристодан ба хориҷӣ кишвар номнавис шуда, моҳи март аввалин имтиҳонро аз фанни забони русӣ супорида, моҳи апрел бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия 22 нафар, аз ҷумла 2 нафар ба магистратура аз суҳбати пешакӣ гузаштанд.
Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфт ва ҷалби наврасону ҷавонони боистеъдод ва фарогирии онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахти ҷумҳурӣ, аз ҳисоби омӯзгорон-мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ дар вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ аз 20 то 27 июни соли 2018 дар ноҳияҳои водии Рашт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва раҳнамоиро ба касбҳои соҳаи фарҳанг ва санъат анҷом дода, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо мутасаддиёни бахшҳои фарҳангу маориф дар ҷамоатҳо бо омӯзгорон ва хонандагон вохӯриҳо гузаронида, дар натиҷа зиёда аз 70 нафар ҷавонписарон ва духтарони синфҳои 9 ва 10-ро барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ номнавис намуданд. Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва иҷрои нишондодҳои барномаҳои давлатии соҳавӣ тибқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нави зерин: драматургия (рӯзона); менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ (рӯзона, ғоибона); низомҳои иттилоотӣ дар фарҳанг (рӯзона, ғоибона) таъсис дода шуданд.
Моҳи майи соли 2018 бори аввал дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии ихтисосҳои фарҳанг ва санъат, доктори фалсафа (PHD), доктор аз рӯи ихтисосҳои «Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ», «Таҳсилоти мусиқӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Кори китобдорӣ» таъсис дода шуд, ки ин барои соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ дастоварди бузург мебошад.
Ҳоло дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ — Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) фаъолият менамоянд. Дар 9 моҳи соли 2018 як силсила чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла, Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Об барои рушди устувор, 2018-2028», семинар дар мавзӯи “Ҳунарҳои мардумӣ ва дурнамои рушди он” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва педагогии Барим Негматуллоев Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба “Иди модарон”, Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, “Аз Наврӯз то Наврӯз. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Швейтсария баргузор гаштанд.
Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар ҷодаи санъати овозхонӣ ҳам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Аз ҷумла, аз 11 январ соли 2018 то инҷониб донишҷӯи курси якуми шуъбаи «Сурудхонии академӣ» Ғайбуллоева Меҳрона дар Озмуни байналмилалии телевизионии «Ту беҳтарин» («Ты Супер»), бо дархости ширкати телевизионии «Телекомпанияи НТВ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бомуваффақият иштирок намуд. Донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз низ дар як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.
Донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи «Сурудхонии анъанавӣ» Аловатов Чоршанбе ба даври финалии Озмуни телевизионии «Парвин», ки бо ташаббуси ширкати телевизионии «Баҳористон» баргузор гардид, роҳхат гирифта, яке аз ғолибони ин озмуни бонуфузи телевизионӣ гардид.
20 март дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода аввалин маротиба Рӯзи фарҳанг ба таври тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гашт.
Дар давраи ҳисоботӣ азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар ин давра аз 86 то 93 фоизро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.
Аз ҷумла, 3 майи соли равон дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода тақсимоти давлатии хатмкунандагони соли таҳсили 2017-2018 баргузор гардид. Аз 176 нафар хатмкунандаи бахши буҷетӣ 170 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифт. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторовро соли равон 53 нафар хатм намуда, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд.
Аттестатсияи давлатии хатм дар Коллеҷи санъати ш.Кӯлоб ба но-ми К.Қурбонов низ бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Соли 2018 коллеҷро 76 нафар хатм намуданд. Аз ҳисоби 11 нафар донишҷӯёни аълохон, барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон 4 нафар, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 4 нафар, Донишкадаи давлатии Данғара 2 нафар ва Донишкадаи давлатии ш. Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ 1 нафар фиристода шуданд. 65 нафар донишҷӯён мувофиқи дархостҳои пешниҳодшуда ба ҷойҳои корӣ равона карда шуданд.
Аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ 175 кори илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз он 10 китобу дастур ва бештар аз 165 мақолаи илмию публитсистӣ дар нашрияҳои даврӣ, маҷмӯаҳо ва сомонаҳо мебошад. Ҳамчунин, ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар зиёда аз 40 ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар ин давра ходимони илмии ПИТФИ ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма тақвият дода, 36 маротиба дар матбуот ва телевизиону радио мусоҳиба доир намуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳангии тоҷикон 284 адад варақаи инвентаризатсионӣ оид ба касбу ҳунарҳои мардумӣ пур гардида, хазинаи маводи электронӣ доир ба касбу ҳунарҳо дар асоси зиёда аз 230 маводи эмпирикӣ ташкил карда шуд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи сафарҳои хидматӣ бо дастрасии маводи гирдоваришуда номинатсияи “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” бо ҳуҷҷатҳояш дар ҳаҷми 35 саҳифа ба забони англисӣ таҳия гашта, ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода шуд.
Шумораҳои №3, №4 (соли 2017) ва №1 (соли 2018) маҷаллаи илмии “Паёмномаи фарҳанг” ба китобхонаи электронии Маскав (РИНЦ) ворид карда шуда, шумораҳои 1 ва 2-и китоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” аз шакли хаттӣ ба шакли электронӣ баргардон шуд.
Ҳамзамон, корҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати таҳияи Луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи китобдорӣ идома дода шуда, китобномаи «Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар осори олимони ПИТФИ» дар ҳаҷми 295 саҳифа таҳрир карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъба зиёда аз 331 адад мактубу аризаҳо, аз ҷумла, аз Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 51 адад, аз муассисаҳои таълимӣ 135 адад, взоратҳо 34 адад, дигар ташкилоту идораҳо 68 адад, аризаи шаҳрвандон 43 адад ворид гардиданд, ки ба ҳамаи онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ.

Вазорат фаъолияташро тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, роҳандозӣ менамояд. 
Зикр намудан бамаврид аст, ки дар давоми нуҳмоҳаи соли 2018 аз ҷониби кормандони соҳа таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба анҷом расонида шуда,он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31.08.2018, №356 ба тасвиб расидааст.
Лоиҳаи қарори мазкур ва таҳияи Феҳрист, тибқи омӯзиш ва таҳлили «Китоби бақайдгирии иҷозатномаҳои корҳои бостоншиносии кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш» (оғоз аз 03.1972с.) таҳқиқҳои баанҷомрасонидаи бостоншиносони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин хулосаи ҳисоботҳои бостоншиносӣ омода гардидааст. Таҳияи Феҳрист дар ҳифзу нигоҳдошт ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани мероси моддии кишвар аҳамияти махсуси соҳавӣ дошта, дастоварди бузурге дар ҳифзу нигоҳдошти мероси манқул ва ғайриманқули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ кормандони соҳа мутобиқи моддаи 17 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» таҳия намуда пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифз ва нигоҳдошти мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар тадбирҳое, ки ҳифзу нигаҳдорӣ, тарғиби сарватҳои мероси таърихию фарҳангиро кафолат медиҳанд, таҳия гардидааст.
Ҳамчунин, вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар вазорат Нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуд, ки тибқи он дар ҳамаи муассисаҳои зертобеи шуъба тарғиби ёдгориҳои мероси ғайриманқул фаъол гардонида шуда, пешрфти соҳа рӯй ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ ташрифи меҳмонон ва сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 рӯ ба афзоиш намудааст.
Шоистаи зикр аст, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти самараноки соҳавӣ, инчунин мутобиқат бо талаботҳои байналмилалӣ ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сарватҳои мероси ғайриманқул мукаммал мегардад. Кормандони соҳа дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», пешниҳодҳои мушаххасро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо талаботи мутахассисони соҳавӣ ва шаҳрвандон кишвар оид ба санадҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар ба миён омадааст. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъба дар якҷоягӣ бо Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоб-маҷмӯаи «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» аз чоп баромад.
Вобаста ба тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии ғайриманқул тавассути васоити ахбори омма аз ҷониби кормандони шуъба 15 намоишу гузоришҳо, 4 мақола ва 2 тақриз ба рисолаҳои илмӣ таҳия ва пешниҳод гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти вазорат танзими тармим ва барқарорсозӣ, инчунин бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии ғайриманқул ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба анҷом расонида мешавад.
Тибқи Нақшаи мазкур дар марҳилаи дуюм (солҳои 2016-2020) барои соли 2018, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Муъминободи ноҳияи Муъминобод, кушодани ҳуҷраҳои Мад-расаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, ҳифзи Қалъаи Данғараи ноҳияи Данғара, тармими Мадрасаи Абдуллохони шаҳри Исфара, тармими Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ пешбинӣ шудааст.
Дар нуҳмоҳаи соли 2018 кормандони соҳа дар асоси мактубу аризаҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ 121 ташхисҳои тахассусӣ ва 1 ҷаласаи Комиссияи экспертизаи бадеиро тибқи дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани арзиши таърихию фарҳангии як адад осори санъати тасвирӣ ба анҷом расониданд.
Ҷиҳати таҳқиқ, омӯзиш ва таҳияи харитаи бостоншиносии шаҳру ноҳияҳои кишвар тибқи дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои ҳафриётӣ ва бостоншиносӣ 14 иҷозатнома — «Варақаи кушод» дода шуд.

VII. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.

Бо дарназардошти баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанг дар соли 2018 таърихи мушаххаси Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳри Шориқаи Аморати Муттаҳидаи Араб инчунин, Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд. 
Дар ин давра мутахассисон дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Озарбойҷону ӯзбекистон ва Хитой иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид карда шуданд.
Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷӣ кишвар 12 нафар ҳунармандон дар Фестивали 32-уми байналмилалии “Сураҷкун мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохӯрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Фаластин, Фаронса ва Беларус баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафҳо, махсусан табодули Рӯзҳои фарҳангӣ ва рафти омодагӣ ба намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи Париж дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таи ин давра лоиҳаҳои санадҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси муштараки Марказҳои фарҳангӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба он ҷониб барои мувофиқа фиристода шудааст. Лоиҳаи Барномаи ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2018-2020 байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия таҳия гардида, пешбинӣ шудааст, ки дар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия ба имзо расонида шавад.
Лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба имзо расида, мавриди татбиқ қарор гирифтааст.
Лоиҳаи Барномаи ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2019-2023 байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Хиндустон баъди такмилу илова ба он ҷониб барои мувофиқа ирсол гардид.
Ҳамчунин ҳайати ҳунарпешагони ансамбли давлатии “Ҷаҳоноро” ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз тибқи даъвати Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Вазорати фарҳанги Туркманистон ба шаҳри Ашқобод рӯзҳои 18-23 марти соли ҷорӣ сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар моҳи май Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ҷараёни он Барномаи иҷроияи ҳамкории фарҳангӣ байни Кумитаи давлатии фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вазорат тибқи санадҳои амалкунанда 450 фармоишҳо таҳия ва қабул гардидаанд. 
Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 6 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ озмун эълон гардидааст.
Ҳамзамон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 4 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд, ки аз ин 13 нафар довталабон ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба кор қабул карда шуданд.
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳо дар дастгоҳи марказии вазорат аттестатсия гузаронида шуд, ки дар он 3 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқат мекунанд.
Ҷиҳати иҷрои банди 60-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 Кодекси одоби касбии соҳавии хизматчиёни дастгоҳи марказии вазорат таҳия ва ба Агенти хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи матбуот, Ваҳдали миллӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

IX. СОХТМОНҲОИ АСОСӢ.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №587 аз 29.12.2017 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн.400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод — 1,1 млн. сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав — 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ — 440 ҳазор сомонӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда — 60 ҳазор сомонӣ.
Дар моҳҳои феврал-апрели соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва пудратчиёни иншоотҳо интихоб гардиданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ аз маблағҳои пешбинишуда дар иншооти «Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод» — 715 хазор сомонӣ, дар сохтмони «Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав» — 584 ҳазор сомонӣ ва дар иншооти «Маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ» — 206 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки аз нақшаи солона 63,3% ва 9-моҳа бошад 86,8%-ро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири бӯҳрони молиявии беруна, танҳо ба баъзе муассисаҳои тобеъ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Баъд аз гузаронидани тендерҳои интихоби пудратчиён, давоми моҳҳои гузашта корҳои муайяни таъмиру сохтмонӣ иҷро шуда буданд. Аз ҷумла дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, Филармонияи кӯдаконаи Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва аз ҳисоби даромадҳои муассиса дар Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов, Коллеҷи хореографӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва ғайра.
Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №74-ф аз 10.11.2017 сохтмони майдончаи варзишӣ дар қитъаи замини муайяншудаи шаҳри Душанбе (кӯчаи Б.Ғафуров, 42/1, шаҳраки 103) ба зиммаи вазорат вогузор шуда буд. Корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кӯдакон, гулгаштҳо ва ободонии гирду атрофи онҳо аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони тобеъ иҷро гардида, рӯзи 1 июни соли ҷорӣ ба истифода супорида шуда буд. Маблағгузории бунёди иншоотҳои мазкур аз ҳисоби саҳмгузории ташкилоту муассисаҳои тобеъ амалӣ шуда буд.
Меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қабули мизоҷон маблағи муайянеро даромад кардааст, ки он барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, музди меҳнати кормандон ва харидани амволи зарурӣ хароҷот шудааст. Инчунин, кормандони меҳмонхона шанбегиҳо гузаронида, якчанд дарахтҳои сояафкан, миқдори зиёди гулҳои ҳархела шинонидаанд ва ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирди атрофи бино машғул буданд.
Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» 175 адад асбобҳои мусиқӣ истеҳсол намудааст. Вазорат дар доираи маблағгузориаш аз корхонаи мазкур ба якчанд ташкилотҳо ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон як ҷузвӣ асбобҳои мусиқии миллиро ҷудо намуд.
Муассисаи давлатии «Минтақаи истироҳатии «Шарифобод» бо қувваи худ корҳои зиёди ободониву омодагиро барои фаъолияти самарабаш гузаронида буданд. Дар моҳҳои тобистона кормандони зиёди муассисаҳои тобеъ бо фарзандонашон ба онҷо рафта истироҳат мекарданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №147 аз 27.03.2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» масъалаи ташкили корҳои омодагии ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистони пешомад дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №2/5 аз 17.04.2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ситоди фаврӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ташкил гардида, Нақшаи чорабиниҳо дар бораи саривақт омода намудани корхонаю муассисаҳои тобеъ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон таҳия шуд.
Таи ин давра ба чанд муассисаҳои тобеъ ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо аз тарафи вазорат кӯмаки моддӣ-техникӣ, аз қабили асбобҳои мусиқии миллӣ, таҷҳизотҳои тақвияти овоз, воситаҳои равшанидиҳии саҳна, либосу анҷомҳои саҳнавӣ, техникаи компютерӣ, китобҳои тозанашр, нақлиёт, роҳравҳои қолинӣ, курсиҳои театрӣ ва ғайра ҷудо шудааст.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 20 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар чор муассисаи театрӣ, шаш муассисаи нашриявӣ, як осорхона ва ду муассисаи таълимӣ, вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузашт.
Ҳангоми таҳлилҳо дар ҳаҷми 119546,88 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рӯйпӯшкунии андозҳо, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, пардохти зиёдатии сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, шахсони ҳисобдеҳ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил додаанд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони маъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

XI. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ.

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 — 58047,7 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт — 3461,3 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ — 24194,7 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат — 27019062,0 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ — 1622,6 ҳазор сомонӣ ва сохмони асосӣ — 1750,0 ҳазор сомонӣ.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар нуҳ моҳи соли 2018 бо тағйироту иловаҳо ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соҳаҳо Нақша Ҳақиқӣ Таносуби иҷро
Бо тағйирот Иҷрошуда Маблағи истифода-нашуда %
2017 2018 2017 2018
2017 2018 2017 2018
1 2 3 4 5
Матбуоти даврӣ ва нашриёт 2947,9 3461,3 2947,9 3458,3 0 3,0 100 99,9
Муассисаҳои таълимӣ 23422,9 24194,7 20078,8 20829,5 3344,1 3365,2 85,7 86,1
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 26850,8 27019,1 24647,0 24293,8 2203,8 2725,3 91,8 89,9
Дастгоҳи марказӣ 1640,3 1622,6 1476,6 1397,6 163,7 225,0 90,0 86,1
Сохтмони асосӣ 1622,0 1750,0 1374,4 1505,0 245,0 245,0 84,7 86,0
Ҳамагӣ 56483,9 58047,7 50524,7 51484,2 5959,2 6563,5 89,4 88,7
Чуноне, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷроиши ҳақиқии буҷет дар нуҳ моҳи соли 2017 — 50524,7 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 89,4%-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 2947,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100%, таълимгоҳҳо — 20078,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки — 77,3%, ба соҳаи санъат ва фарҳанг — 24647,0 ҳазор сомонӣ ё ин 91,8%, дастгоҳи марказӣ — 1476,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки 90% ва сохтмони асосӣ — 1374,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,7% маблағгузорӣ шуда буд. Дар нуҳ моҳи соли 2017 — 5959,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 11,8%-и маблағҳо ҷудо нагардида буд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои соҳа ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 51484,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 88,7%- и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 3458,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 99,9%, муассисаҳои таълимӣ — 20829,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,1%, соҳаи фарҳанг ва санъат — 24293,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 89,9%, дастгоҳи марказӣ — 1397,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,1% ва сохтмони асосӣ — 1505,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86% маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ — 6563,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 11,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вазорат дар нуҳ моҳи соли 2018 маблағҳои ҷудонашуда аз чунин моддаҳо сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Оиди маълумотҳои оморӣ, дар нуҳ моҳи соли 2018 — 47 номгӯи китобҳо ба миқдори — 172,9 ҳазор нусха чоп шудааст. Маблағи фурӯш ҳамагӣ — 1275,4 ҳазор сомониро ташкил намуд. Дар ин давра 41 шумора маҷалла бо теъдоди 50,8 ҳазор нусха ва тибқи нақша 39 шумораи рӯзнома бо теъдоди 30,4 ҳазор нусха чоп гардида, маблағи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо 235,8 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли 2018 — 48,4 ҳазор сомониро ташкил намуд, аз он ҷумла фурӯши чакана — 6,6 ҳазор сомонӣ ва яклухт — 41,8 сомонӣ иҷро шуд. Ҳаҷми маҳсулоти молии саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 — 125,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар нуҳ моҳи соли 2018 шумораи намоишҳои театрию консертӣ — 77,7% иҷро шудааст (мувофиқи нақша — 1079 адад ҳақиқӣ — 838 адад), шумораи тамошобинон — 77,2% (мувофиқи нақша — 281,5 ҳазор нафар, ҳақиқӣ — 217,4 ҳазор нафар), даромад аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо — 38% (нақша — 3287,1 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ — 1248,1 ҳазор сомонӣ), дигар намуди даромадҳо — 65% (нақша — 828,9 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ — 536,0 ҳазор сомонӣ) иҷро шудааст.
Ҳамзамон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории фосилавӣ, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг барои соли 2019 ва параметрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2020-2021, дурнамои андозҳо барои давраи миёнамуҳлат ва лоиҳаи буҷети соли 2019 ва дурнамои он барои солҳои 2020-2021 таҳия гардиданд.

XII. КӮМАКҲО.

Бо мақсади ҳифзи тақвияти иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби вазорат ба Мактаб-интернати №1 ноҳияи Лахш, ки сарпарастии он ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста гардидааст барои харидории маводҳои зарурӣ ба маблағи умумии 9000 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯз, ҷашни Ваҳдати Миллӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони соҳа ба маблағи умумии 10796,8 сомонӣ, ба кормандони дастгоҳи марказӣ ба маблағи 8610 сомонӣ ва ба шахсони муҳтоҷу камбизоат, маъюб ва ятимон ба маблағи 20043 сомонӣ, ки дар маҷмуъ маблағи 48449,8 сомониро ташкил медиҳад кӯмакҳо расонида шуд.

XIII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ.

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 3905 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 915 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 5 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 66 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад фармон, 5 фармоиш, 10 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 822 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд. 
Аз 915 санад — 303 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 451 адади он иҷро гардида, 161-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 278 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 246 адади он иҷро, 32 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 26 адад иҷро гардида, 9 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 130 нафар қабул гардиданд, 77 адад муроҷиати шаҳрвандон иҷро гардида, 53 адади он мавриди иҷро ва назорат қарор дорад.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 2993 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 1061 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 868 адади он иҷро гардида, 1064 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 2627 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 417 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2210 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 9 адад фармон, 24 адад шартнома ва 163 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.
Бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти муассисаҳо норасоии кадрҳои баландихтисос, аз қабили коргардонҳо, ҳунар-пешагони касбӣ, равшанидиҳандагон, пардозгарон, мутрибон, коргардонҳои овоз ва ғайра дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба назар мерасад. Техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рӯшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои нақлиётӣ дар аксари муассисаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нестанд. Дар баробари ин бо манзили зист ва хобгоҳ таъмин набудани мутахассисони ҷавон ва нокифоя будани музди меҳнати онҳо боиси тарк кардани соҳа гардида истодааст. Маблағгузории нокифоя аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва хоса барои асарҳои нави таҳияшаванда ба муассисаҳои театрию консертӣ, ки дар натиҷа ба сатҳу сифати намоишҳо ва рушди минбаъдаи соҳаи санъати касбӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бахусус торафт зиёд гардидани шумораи чорабиниҳои фарҳангии ройгон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳо ба коҳиш ёфтани сатҳу сифати барно-маҳо ва хароб гардидани базаи моддию техникии муассисаҳо оварда расонида истодааст. Биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъмирталаб буда, ба таъмири куллию ҷорӣ ниёз доранд. Дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии мамлакат норасоии нақлиёти хизматӣ, созҳои миллии мусиқӣ, таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, рафҳои китобмонӣ, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ба назар мерасанд.
Ба шабакаи интернет пайваст набудани аксари муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ надоштани бисёре аз муассисаҳои фарҳангӣ, базаи сусти моддӣ-техникӣ, бо таҷҳизоти муосир таъмин набудани муассисаҳо аз ҷумлаи камбу-диҳое мебошанд, ки Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ баҳри бартараф намудани онҳо чораҳои иловагӣ меандешад.
Дар айни замон тамоми фаъолияти аҳли фарҳангу ҳунар барои бемайлон амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззам ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.