Сомонаи пешина | Пш, 20 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КИТОБХОНАҲО ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ (аз натиҷаҳои даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят»)

 

Башарият дар тамоми давраҳои таърихии ҳастии хеш рӯзгори маънавии хешро бо китоб музайяну мунаввар гардонида меояд. Тамоми тамаддунҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бо фарҳанги хоси китобхонӣ ва китобдорӣ пайванди устувор доранд. Китоб аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо имрӯзиён аз мавҷудият ва таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатии аҷдоди худ огоҳ мешаванд ва таҷрибаи ибратомӯзи аҳди қадиму ҷадидро барои зиндагии ободу озод ба кор мебаранд.

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ баробари кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фарҳанги миллии халқу миллати мо рӯ ба тараққӣ оварда, қудрату нерӯи бузургтарин муҳаррики ақлу дониш, ҳикмату хирад, саводу маърифат, хештаншиносиву зебоипарастӣ, махзани нуру зиё – китобхонаҳо низ афзун мегардад. Бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа муҳташамтарин хазинаи илму дониш – Китобхонаи миллӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе қомат афрохт ва ҳамин талбир дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмиру азнавсозӣ, таҷҳизонидан ва бо китобҳои тозанашр таъмин намудани китобхонаҳо чораҳои амалӣ андешида истодааст. 

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти густурдаву фарогири китобхонаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муҳимро роҳандозӣ мекунад.

Яке аз ин тасмимҳои судманд озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» аст, ки бо фармоиши вазири фарҳанг, муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода (№116 аз 16.07.2018) бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 26-солагии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дигар санаҳои таърихӣэълон гардид.

Мақсади асосии ин озмун дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои вилояти оммавӣ, вилояти бачагона, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, филиал - деҳотӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, афзун сохтани таҷҳизоту имкониятҳои моддиву техникӣ ба шумор меравад.
Тибқи Низомномаи озмун кумитаҳои тадорукоти дар шаҳру навоҳӣ, вазорату идораҳо, корхонаву ташкилот амалкунанда ба ҳайати ҳакамони озмун барои интихоб ба даври ҷумҳуриявӣ аз руйи 5 номинатсия – китобхонаҳои вилояти оммавӣ, вилояти бачагона, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, филиал - деҳотӣ, вазорату идораҳоро муайян ва пешниҳод менамуданд.

Маҷмӯан, барои ишғоли 5 номинатсия 15 ҷой – ҷойҳои 1, 2, 3 муқаррар шудааст, ки ғолибони даври ҷумҳуриявӣ баъди санҷиши ҳайати ҳакамон ба ин мақомҳо сазовор мешаванд.

Озмуни мазкур ҳамаҷониба ба рушди китобхонаҳо нигаронида шуда, аз шартҳои муҳиму самарабахш зерин иборат аст:

-муайян намудани сатҳу сифати тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фонди китобхона ва дигар шаклу намудҳои фаъолияти китобдорӣ, вазъи омодагии китобхона ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ;

-раванди иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ; 

-санҷиши вазъи хазинаи китобхона, сатҳи қонеъгардонии эҳтиёҷоти аҳолӣ нисбат ба китоб, матбуоти даврӣ ва дигар маводи иттилоотӣ, гардиши фонд, диҳиши китоб, ташрифоварӣ, шумораи умумии хонандагон дар қиёс бо нуфузи аҳолӣ, афзоиши фонд аз ҳисоби воридшавии адабиёти тозанашр;

-саҳми роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти самараноки китобхонаҳо, ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон барои ободонии китобхонаҳо, мавҷудияти банди махсус дар буҷети маҳаллӣ ҷиҳати харидории адабиёти нав ва обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо барои китобхонаҳо; 

-вазъи дастгоҳи маълумотию библиографии китобхона (феҳристу картотекаҳо, нашрҳои маълумотдиҳанда, нашрҳои библиографӣ, рӯйхатҳои тавсиявии адабиёт ва ғайра);

-мавҷудият ва сатҳи истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ;

-сатҳу сифати тарғиботи аёнии фонд (намоишҳои китобӣ, лавҳаҳо, эълонҳо, фонди кушод) мавҷудияти шиору овезаҳои тарғиботӣ, рекламавӣ, навиштаҷот оид ба китобхона;

-ташкили нуқтаҳои китобдиҳӣ, истифода аз шаклҳои ғайримуқимии тарғиби китоб;

-вазъи хизматрасонии пулакӣ дар китобхона; 

-таъминоти китобхона бо кадрҳои баландихтисос, вазъи такмили ихтисоси кормандони он; 

-ҷалби воситаҳои ғайрибуҷавӣ барои таҳкими заминаи моддию техникӣва дигар эҳтиёҷоти китобхона;

-вазъи ободонии китобхона, таъмири бино, мавҷудияти мебелҳои замонавӣ, рафҳои китобмонӣ, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ, зидди сӯхтор, кабудизоргардонии гирду атрофи бинои китобхона;

-таҳлили асноди коргузории китобхонаҳо (низомномаҳо, дастурамалҳои вазифавии кормандон, сертификати истифодабарии замин, шиносномаи техникӣ, нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамо, сенарияи чорабиниҳо, ҷадвали фаъолияти мунтазами маҳфилҳо);

-фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки кормандон, ҳавасмандгардонии онҳо, ташкили илмии меҳнат дар китобхона;

- иштироки кормандон дар конфронсу семинарҳо (номи конфронс, семинар ва санаи он);

- сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;

- номгӯи мақолаҳо ва маводҳои нашршуда (номи маҷалла ё ҳафтанома миқдори саҳифа ва соли нашр) аз ҷониби корманди китобхона;

- донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ аз ҷониби кормандон;

- истифодаи методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ;

- миқдори компютерҳо ва истифодаи технологияҳои замонавӣ;

- мавҷудияти дастрасии китобхона ба шабакаи Интернет;

- миқдори китобҳои электронӣ дар китобхона.

Ба хотири омӯхтани раванди омодагии китобхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳайати ҳакамон ба ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ сафар карда, аз рӯи натиҷаи даври аввал бо ҳолати китобхонаҳои ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардида ошно шуданд. 

Ҳайати ҳакамони озмун дар рафти омӯзиш дар китобхонаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои водии Ҳисору Рашт ва шаҳри Душанбе беҳтаринҳоро дарёфтанд, ки бармеояд, ки фаъолияти китобхонаҳо назар ба солҳои пешин рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҷалби хонандагони синну соли гуногун ба мутолиаи китоб вуъат ёфтааст. Ҳамчунин таъмиру азнавсозии биноҳои китобхонаҳо равнақ ёфта, дар ин кор ба онҳо роҳбарияту масъулони Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сокинони фарҳангдӯсти саховатпешаю баландҳиммат дасти ёрӣдароз кардаанд. 

Омӯзишҳо нишон дод, ки китобхона-филиалҳои №7 деҳаи Ревад, №36 деҳаи Ёвон, №15 деҳаи Дарғ, №33 деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣтаъмиру азнавсозӣшуданд. Дар ноҳияи Ашт фаъолияти китобхона-филиали №8 деҳаи Саро, ки соли 2016 бунёд шуда буд, ҳаматарафа густариш ёфтааст. 

Китобхонаи марказии шаҳри Исфара аз таъмири ҷорӣбароварда шуда, бо воситаи гармию сардидиҳӣ, воситаҳои сӯхторхомӯшкунии нав ва дигар васоити техникӣ таъмин гардидааст. 

Ҳамчунин Китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол низ ҳаддалимкон таъмиру тармим шудааст. Сохтмони бинои нави Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен бомаром идома дорад ва он тибқи нақша бояд то моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шавад. 

Китобхона-филиали №8 шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон аз таъмири куллӣбароварда шуд. Ҳамзамон ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмини китобхонаҳо бо компютер ва воситаҳои техникӣ, харидории китобҳо, ташкили маҳфилҳои адабӣ, забономӯзӣ, ҳунармандӣ дар назди китобхонаҳои шаҳру навоҳии Исфара, Спитамен, Гулистон, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ равнақи бештар дорад. Дар ин миён фаъолияти таҷрибавию намунавии бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар иртибот ба пешбурди кори китобхонаҳо ба таври хос зикр кардан зарур аст.

Боздиди мутахассисон ва раванди омӯзиши фаъолияти китобхонаҳо равшан сохт, ки дар дурдастарин минтақаҳои вилоят ҳам китобдорон барои дар сатҳи матлуб ба роҳ мондани хадамоти китобию иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши бориз мегузоранд, ки намунаи барҷастаи он усули шоистаи корбарии китобхона-филиали №1 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳсуб меёбад.

Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент, ки бинобар набудани бинои асосӣдар ҷойи номувофиқ фаъолият дошт, баъди ифтитоҳи Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодии ба номи устод Лоиқ Шералӣаз тарафи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар ин кохи муҳташам маъво гирифт. 

Дар китобхонаҳои вилояти Суғд раванди омода намудани кадрҳои соҳибтахассус бомаром идома дошта, аз ҳисоби умумии кормандон 77 нафар корманд донишҷӯи бахшҳои ғоибонаи донишкадаю донишгоҳҳо ва коллеҷҳо буда, танҳо дар оғози соли таҳсили 2018-2019 29 нафар китобдорон ба бахши ғоибонаи муассисаҳои таълимии ёдшуда дохил гардиданд.

Ҳамин гуна, дар вилояти Суғд фаъолияти китобхонаҳо ба таври муназзам идома дошта, китобдорону китобшиносон барои баланд бардоштани донишу маърифати тамоми табақаҳои ҳаёти ҷомеа талош менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадоркуоти дар назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъсисёфта ба даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Чароғи ҳидоят» аз китобхонаҳои вилоятӣ Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, аз китобхонаҳои ноҳиявӣ Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз китобхонаҳои шаҳрӣ Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон ва аз китобхона-филиалҳо китобхона-филиали №1 шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон пешниҳод намуданд. Ҳайати ҳакамони сатҳи ҷумҳуриявӣаз вазъи фаъолияти китобхонаҳои мазкур аз наздик ошно шуда, барои пешбурди мукаммали соҳа маслиҳатҳо доданд.

Аз санҷишу омӯзиш ва таҳлилҳои ҳакамони сатҳи ҷумҳуриявӣбарои беҳбудии фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ анҷом додану амалӣ сохтани тадбирҳои зерин зарур аст:

1. Барои китобхонаҳо биноҳои замонавӣ бунёд кардан ва дар чунин иншоот ҷойгир намудани онҳо бар фоидаи кор аст.

2. Барои китобхонаҳои марказии шаҳру навоҳӣва китобхона-филиалҳои шаҳрию деҳотӣ биноҳои замонавии алоҳида бунёд намудан ва онҳоро дар биноҳои мувозанаи фарҳанг ҷойгир кардан боиси фаъолияти озоду густурдатари китобхонаҳо мегардад.

3. Ҳамасола аз буҷети Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ барои хубтар кардани вазъи моддиву техникии тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати харидани китобҳои нав, обунаи матбуотӣ даврӣ ва маводи соҳавӣ ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ такони ҷиддӣ дар фаъолияти китобхонаҳо хоҳад буд.

4. Бо маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ таъмини шудани китобхонаҳо бо компютерҳо, принтерҳо, сканерҳо, дастгоҳҳои аккосӣ, хатти Интернет барои ҳамқадами замон шудани ин муассисаҳои фарҳангию маърифатӣмусоидат менамояд.

5. Вақти он фаро расидааст, ки бо дахолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарпарастони соҳа нашриёту матбааҳо нусхаҳои ҳатмии маводи чопии худро ба китобхонаҳо дар асосии қонунгузориҳои амалкунанда саривақт дастрас намоянд.

6. Бо мусоидати Вазорати фарҳанг маводи чопии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон», Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣба номи Мирсаид Миршакар аз қабили китобҳои илмӣ, илмӣ-таълимӣ, луғатҳои соҳавӣ, солномаи китоби Тоҷикистон, солномаҳои матбуоти даврӣ, маҷмӯи асноду қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои библиографӣ ва монанди инҳо пайваста бо теъдоди зиёд ба табъ расида, ба таври доимӣба китобхонаҳо дастрас гарданд.

7. Таъмини тамоми китобхонаҳо бо маводи корӣ, чун рӯзнома, варақаи хонанда (формуляр), баргак, дафтари бозшуморӣ(суммарӣ), дафтари бақайдгирӣ (инвентарӣ), дафтари қайди маълумоти библиографӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои коргузории соҳавӣ барои фаъолияти мураттаби китобхонаҳо нақши муассир мегузорад.

8. Бо мақсади санҷишу омӯзиш, дар сатҳи баланди касбӣ дар маҳалҳо доир намудани семинарҳои минтақавии омӯзишӣ, ташкили мубодилаи китобҳо бо маблағгузории Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру навоҳӣтаъмин намудани китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ бо нақлиёти соҳавӣ(библиобус) омили муҳим ба шумор меравад.

9. Барои пешрафти соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва Вазорати фарҳанг ҷудо кардани грантҳои Ҳукуматӣ омили самарабахш барои рушди соҳа мебошад.

10. Ҳамасола дар пойтахти ҷумҳурӣ– шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо доир намудани Форуми китобдорони мамлакат барои пешрафти соҳаи китобдорӣзаминаи мусоид фароҳам меоварад.

Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент