Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Аз Соли ҷавонон то Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

 

26 декабри соли 2017 дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот суҳбати мизи гирд дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Соли ҷавонон то Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мавзӯъҳои мухталиф аз қабили «Баррасии масоили фарҳанги миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ҷавонон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ», «Истифодаи инноватсия дар ҳунарҳои мардумии мардона» ва «Татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ» баррасӣ гардид.
Аҳли кормандони пажӯҳишгоҳ аз Паёми Пешвои миллат илҳоми нав гирифта, тасмим гирифтанд, ки дар соли 2018 барои иҷрои вазифа ва мақсадҳои афзалиятнок кӯшиши дучанд ба харҷ диҳанд.